Ба чоп

Шоҳҷашни Ватан муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд,- "Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад".

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Си сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як ҳадафи олӣ ва пояи воқеӣ барои эъмори ҷомеаи навини демократии кишвар ба даст омад, ки аз ҳадафҳои таърихии дурандешонаи сокинонони ин марзи куҳанбунёд муждарасон буд. Воќеан Истиқлолият ба ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносии мардуми тоҷик такони пурқувват бахшид.

Мамлакат тавассути тадбирҳои фарогири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қаламрави воҳид табдил ёфта, монеъаҳои ба равобити минтақаҳо халалрасонанда аз байн бардошта шуда, дар ҳамаи соҳаҳои кишвар пешравиҳо ба назар мерасад.

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷашни гирифтани 30 солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон наќшаи чорабиниҳо тасдиќ карда шуда, дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳашарҳои оммавӣ ташкил карда шуд.

Дар иртибот ба ин  аҳли кормандони муассисаҳо ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру тармим, рангубор кардани муассисаҳо, шинонидани гулҳои ороишӣ ва ба шароити муосир мутобиќ гардонидани муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд.

Кормандони Агентӣ дар қатори кулли сокинони мамлакат ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ омодагии назаррас диданд.

Дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.09.2020 Пешвои муаззами миллат зикр намуд, ки:

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем”.

Инчунин дар Паёми имсола 26 январи соли 2021 зикр намуд, ки:

Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад».

«Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем».

«Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем».

«Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».

Аз ин рӯ аҳли кормандони Агентӣ ин гӯфтаҳои Пешвои муаззами миллатро сармашќи кори худ намуда, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаанд.

Истиќлолият барои тоҷикистониён ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди тоҷик барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад.

Ҷашни Истиқлолият - шоҳҷашни Ватан аст ва баёнгари мустақилияти сиёсии давлатдории навини тоҷикон мебошад. Тӯли таърихи ҳазорсола миллати тоҷик бо камоли шодмонӣ аз доштани истиқлолият ва мухторият ифтихор мекунад ва ин санаро дар болотарин сатҳ чун рамзи иттиҳоди ҳамбастагӣ ва шодиву сурур ҷашн мегирад.

 

Ҳамватанони азиз!

Ҷаши 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам муборак бошад.

Истиқлолият ин мустақилияти тоҷикону тоҷикистонниён мебошад, ки акнун дар идораи бевоситаи худи мардуми Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикон минбаъд дар рушди суннату арзишҳои миллии худ комилҳуқуқ ва озод ҳастанд.

Аз ин хотир ба Шумо мустақилияти комилро муборакбод гуфта, ба ҳаммаи азизонатон баракати рӯзгору дасторхони пурфайз, хонаи ободу пурнур ва тани сиҳату умри бардавомро хоҳонам!

Бигзор ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд!

Бори  дигар ҷашни Истиқлол муборак ҳамдиёрони азиз.

          Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед.

 

Холзода Абдулҳаким,

директори Агентии давлатии

ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дида шуд: 674