Ба чоп

Ҳамасола 24-ноябр кулли мардуми шарифу саодатманди Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлолии мо дар фазои сулҳу суботи сартосари Ваҳдати миллӣ ва садоқат ба орзуву ормонҳои чандинасраи халқамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд.

Чуноне ки медонем, 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, Ҷумхурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва сохибихтиёрии худ - Парчами давлатӣ гардид.

Соли 2009 бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ин санаи таърихи Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол бо шукуҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.

 Таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқукбунёд аст ва бигзор ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон чун нишони ифтихори ҷовидонаи миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон  барҳак зикр намуданд, ки: «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд».

Мақсад аз таҷлили Рӯзи Парчам, пеш аз ҳама мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву хуқукии ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии он нишони рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷахон ба шумор меравад.

 Маълум аст, ки Парчам дар қатори Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон, Суруди миллӣ ва Нишон аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат ба шумор меравад. Ҳар гуна давлат бе Парчам ҳастии худро муқаррар ва мушаххас карда наметавонад. Аз ин рӯ дар тамоми ҷахон барои нишон додани симои сиёсии давлат аз парафшонии Парчам истифода мегардад ва ин маънои онро дорад, ки Парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии сиёсии давлат ба шумор меравад.

Боиси сарфарозиву ифтихори мост, ки Парчами давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон дар бинои Созмони Миллали Муттахид дар қатори Парчами дигар давлатҳои мутараққии дунё парафшон аст ва узвияти давлати моро ба ин созмони бонуфузи сиёсӣ тасдиқ менамояд. Чи хеле ки зикр кардем, сарнавишти Парчами муқаддаси мо бо сарнавишти Иҷлосияи тақдирсози миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Аслан миёни аҷдодони тоҷикон мафҳуми Парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, таърихи хеле ғанӣ ва беш аз даҳҳазорсола дорад.

 Миллати тоҷик аз азал тамаддунофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати сарбаланди мо сабақи давлатдориву парчамдорӣ омӯхта истодаанд, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад. Ҷойгохи Парчам дар фарҳанги миллии мо пеш аз ҳама ҳамин ҳадафи асоси - мақоми Парчами миллиро дар сарнавишти тоҷикони дирӯзу имрӯз баррасӣ ва барои насли имрӯз нишон медихад.

Ба хотири дар сатхи зарурӣ чой додани мукаддасоти миллат-Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, дар назди Қасри Миллат бо орзуву нияти неки барои асрҳо барҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами Миллӣ дар он барафрохта шуд. Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 50 метр ва паҳноиаш 30 метр мебошад. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони китоби рекордхои Гиннес иштирок намуда, Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супориданд.

 Соҳиби яке аз баландтарин Парчамҳои ҷахони гардиданамон худ нишони соҳибифтихории миллии мо дар арсаи фарҳанги ҷаҳони маҳсуб мешавад ва орзу мекунем, ки мақоми Точикистони азиз бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон чун ин Парчами сарбаланд ҳамеша миёни кишвархои дунё бонусрату шуҳратёр бимонад.

 Ҳама мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният менамоем. Ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ, дили беғам, бахту саодати рӯзгор ва болои саратон осмони софу беғубор таманно дорем.

 Бигузор Точикистони азизи мо зери ливои парафшони Парчами миллии худ таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба қуллахои баланди шукуфоиву тараққиёт расида, дар қатори давлатхои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд.

Ид муборак ҳамватанон ва ҳамкорони азиз!

Абдулҳаким Холзода

Директори Агентии давлатии

ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии

        Ҷумҳурии Тоҷикистон        

Дида шуд: 1681