Ба чоп

 

                                  Муҳтарам занону гулдухтарони азизу дилорои мо!
       Шуморо бо фарорасии 8 март – Р
ӯзи Модарон, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сињатмандии комил, иқболи нек, умри дароз в ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Бигзор дили шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон, поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!

Хушбахту хонаобод бошед!

Мардуми шарифи  Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан модар таҷлил мекунад.

Аз ин лиҳоз Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабурӯзии модар аст.

Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад.

Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.

                                 Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
                                         Фат
ҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
                                         Бишнид гар садоям дунёи сахтг
ӯшон,
                                         Ангезаест шояд аз алла
ҳои модар….

 

Ҳамду сано ба зан — модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад  ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

Бори дигар ҳамаи Шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва фарзандони азизро бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврӯзи фархундапай рӯзгори ҳамешабаҳорро орзу дорам.

 

Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон ба
ҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти
ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндаг
ӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро ширини
ҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

 

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Бигузор шодиву хушбахтиву нишот дар ҳар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша ҳувайдо бошад!

 

 

                       Бо эњтиром,

        Директори Агентии давлатии

    њифзи иљтимоии ањолии Вазорати

тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии

             Љумњурии Тољикистон                                                             А. Холзода

Дида шуд: 1038