Ба чоп

24 декабри  соли 2022 ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии мавзӯи «Ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2023» доир гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои зертобеъ, роҳбарон ва кормандони марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ, марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, роҳбарон ва кормандони шӯъба ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоии дар хонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сардорони Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, нозир-коргузорони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоии рӯзонаи тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолияткунанда, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд, иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа инчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Ҷиҳати баррасии масъала сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аъзои Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдурасулова Гулрафтор баромад намуда, муфассал оиди дастовардҳои дар давраи фаъолият дар соли 2022 ба даст омада, инчунин мушкиливу норасогиҳои фаъолият ва роҳҳои ҳалли онҳо баромад намуд.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баромад намуда изҳори ақида карданд, ки ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 600,00 сомонӣ, ки дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар дода буд, саъю кушиш ба харҷ дода, тамоми имкониятҳоро истифода менамоянд, ки маблағи зикргардида дастраси шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишвар гардад.

 

Дар интиҳо ҷаласа намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шӯъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соима Муҳаббатова баромад намуда, ибрози ақида намуд, ки дар соли 2022 фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бобарор буд ва дар сатҳи вазорат чандин санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳа таҳия шуда ба тавсиб расиданд, ки минбаъда фаъолияти соҳаро беҳтару самараноктар хоҳанд намуд.

Инчунин қайд намуд, ки Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори калонтарини соҳа маҳсуб ёфта, дар сохтори дастгоҳи марказии он 2 раёсат, 6 шӯъба ва 2 бахш фаъолият дошта, дар зертобеъи он 4 хона-интернати беморони руҳӣ, 3 хона-интернати пиронсолон ва маъюбон, 1 осоишгоҳ ва 3 истироҳатгоҳҳо фаъолият менамоянд.

Инчунин иброз дошт, ки айни ҳол 6 марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъбон, 44 шӯъбаву марказҳои хизматрасонии иҷтимоии дар хонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва 53 марказҳои хизматрасонии иҷтимоии рӯзонаи тибқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолияткунанда, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд, зери назорат, кумаки методӣ ва тавсиявии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият намуда, сатҳи хизматҳои иҷтимоиро ба ниёзмандон ҳамасола беҳтару босифаттар расонида истодаанд ва илова намуд, ки фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Дида шуд: 635