Ба чоп

Баромади вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Олимзода Н.Х. дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

                Меҳмонони арҷманд!

                Ҳозирини гиромӣ!

 

Қаблан ҳамаи шуморо ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъбастии Агентӣ хайру мақдам намуда, ҳамаи Шуморо  ба Соли нави мелодӣ   табрику муборакбод гуфта, баҳратон саломатии бардавом, рӯзгори обод, тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам!

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем.

Тоҷикистон  дар роҳи  татбиқи ҳадафҳои стратегии худ  ба хотири  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум  бо қадамҳои устувор пеш меравад.  Дар ин раванд масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумату давлат буда, маблаѓгузорӣ дар ин самт сол то сол меафзояд.

          Дар Паёми имсола  Пешвои миллат  қайд намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд.

Аз ин рӯ, моро вазифадор намуданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоем.

         Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус, Пешвои муаззам, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолияти Ватани азизамон ҷаҳду талош намуда, дар ободиву шукуфоии Ватанамон ва оромиву осудагии халқу миллат саҳмгузор бошем.

         Соли сипаригардида барои кормандони Агентӣ соли пурбарор буда, фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ қаноатбахш буд.

         Боварии комил дорам, ки соли ҷорӣ камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шуда, сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад.

         Ба ин кори пурзаҳмату савоб ба ҳамаи Шумо муваффақиятҳо таманно дорам.

 

         

Дида шуд: 6136