Ба чоп

 

 

 

Ҷаласаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашнгирии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 ноябри соли 2019                                                                ш. Душанбе.

 

 

                            иштирок намуданд:  47 нафар

              Табрикоти директори Агентии давлатии њифзи иљтимоии    аҳолии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии    Тољикистон вобаста ба љашнгирии Рўзи Парчами давлатӣ ба роњбарони муассисањои њифзи иљтимоии сохтори Агентї ва кормандони дастгоњи марказии Агентї

 

Пеш аз ифтитоҳи маҷлис суруди миллї аз ҷониби ҳамаи иштирокчиён садо дода,  сипас маљлисро директори Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї Холзода Абдулњаким Ќувват  ифтитоҳ  намуд.

       Директори Агентї дар баромадаш  зикр намуданд, ки њамасола 24-ноябр кулли мардуми шарифу саодатманди Тољикистон Рўзи Парчами давлатиро мутобиќи Конститутсияи Љумхурии Тољикистон њамчун яке аз рамзњои давлати соњибистиќлоли мо дар фазои сулњу суботи сартосари Вањдати миллї ва садоќат ба орзуву ормонњои чандинасраи халќамон бо шукуњу шањомати хоса таљлил менамоем

 

 

Чуноне ки медонем, 24-ноябри соли 1992 дар Иљлосияи таърихии 16 Шўрои Олї дар шањри бостонии Хуљанд, Љумхурии Тољикистон расман соњиби аввалин рамзи истиќлол ва сохибихтиёрии худ-Парчами давлатї гардид.

Соли 2009 бо иќдоми бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон ин санаи таърихи Рўзи Парчами давлатї эълон шуд ва њар сол бошукуњу тантана љашн гирифта мешавад.

Сипас сухани  табрикоти ба сардори Раёсати ташкили хизматрасонии  иљтимої Ҷӯраев Н.Ш дода шуд. Номбурда дар баромадаш ќайд намуданд, ки таљлил намудани Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ин нишони эњтироми хоса ба анъанањои неки аљдодони сарбаландамон ва таљассумгари маќсаду мароми мо дар роњи эъмори давлати демокративу њуќукбунёд аст ва бигзор ин рамзи давлати соњибистиќлоли тољикон чун нишони ифтихори љовидонаи миллат ва муњаббату садоќати сокинон ба Ватани соњибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон барњак зикр намуданд, ки «Њар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тољик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эњтироми онро њамчун рамзи давлату давлатдорї, озодиву истиќлоли Ватан ва њамчун сарвати гаронбањои умумимиллї ба љо оварда, ќадру манзалат ва наќшу эътибори онро ба наслњои имрўзу оянда талќин менамояд». Маќсад аз таљлили Рўзи Парчам, пеш аз њама, мусоидат дар тањкими шуури сиёсиву хуќукии љомеаи Тољикистон, бозшиносии он нишони рамзу нишони њастии давлат ва миллат дар миќёси кишварњои љахон ба шумор меравад.

Љойгоњи Парчам дар фарњанги миллии мо пеш аз њама њамин њадафи асоси-маќоми Парчами миллиро дар сарнавишти тољикони дирўзу имрўз баррасї ва барои насли имрўз нишон медихад.

Ба хотири дар сатњи зарурї чой додани муќаддасоти миллат-Парчами миллї дар пойтахти кишвар, дар назди Ќасри Миллат бо орзуву нияти неки барои асрњо барљо мондани давлати тољикон дар харитаи љањон баландтарин поя сохта, Парчами Миллї дар он барафрохта шуд. Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 50 метр ва пањноиаш 30 метр мебошад. Дар маросими ифтитоњи он намояндагони китоби рекордхои Гиннес иштирок намуда, Шањодатномаи рекорди нави љањониро супориданд.

 Соњиби яке аз баландтарин Парчамњои љахони гардиданамон худ нишони соњибифтихории миллии мо дар арсаи фарњанги љањони мањсуб мешавад ва орзу мекунем, ки маќоми Точикистони азиз бо роњнамоиву њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон чун ин Парчами сарбаланд њамеша миёни кишвархои дунё бонусрату шуњратёр бимонад.

  Дар фарљоми љаласа директори Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї Холзода Абдулњаким Ќувват бори дигар кормандони дастгоњи марказии Агентиро бо Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон аз самими ќалб табрику тањният гуфта барояшон пеш аз њама тани сињату хотири љамъ, дили беѓам, бахту саодати рўзгор орзу намуданд.

 Бигузор Точикистони азизи мо зери ливои парафшони Парчами миллии худ тањти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон ба ќуллањои баланди шукуфоиву тараќќиёт расида, дар ќатори давлатњои пешрафтаи љањони муосир љойгоњи муносиби худро ишѓол намояд.

Ид муборак, њамкорони азиз!

 

     Ид муборак, њамкорони азиз!

 

 Њамзамон,  ба кормандони вобастаи Агентї супориш дода шуд, ки  рўзи 24 ноябр ба муассисањои иљтимоии система ташриф оварда  маљлисњои тантанавиро вобаста ба  Рўзи Парчами давлатї дар якљоягї гузаронида, матни табрикотии  директори Агентї ба њама муассисањои иљтимої равона  карда шавад.

Инчунин, маросимї љашнгирии  Рўзи парчам  бо акс ва матнњои баромадкунандагон дар сомонаи Агентї  љойгир карда шаванд.

 

Матни табрикотии директори Агентии  давлатии њифзи иљтимоии ањолї Холзода Абдулњаким Ќувват.

     

 

  Ҳозирини гиромиқадр, ҳамкорони муҳтарам,

 Тавре маълум аст, њамасола 24-ноябр мову Шумо ва кулли мардуми шарифу саодатманди Тољикистон Рўзи Парчами давлатиро мутобиќи Конститутсияи Љумхурии Тољикистон њамчун яке аз рамзњои давлати соњибистиќлоли мо дар фазои сулњу суботи сартосари Вањдати миллї ва садоќат ба орзуву ормонњои чандинасраи халќамон бо шукуњу шањомати хоса таљлил менамоем.

Чуноне ки медонем, 24-ноябри соли 1992 дар Иљлосияи таърихии 16 Шўрои Олї дар шањри бостонии Хуљанд, Љумхурии Тољикистон расман соњиби аввалин рамзи истиќлол ва сохибихтиёрии худ-Парчами давлатї гардид.

Соли 2009 бо иќдоми бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон ин санаи таърихи Рўзи Парчами давлатї эълон шуд ва њар сол бошукуњу тантана љашн гирифта мешавад.

 Таљлил намудани Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ин нишони эњтироми хоса ба анъанањои неки аљдодони сарбаландамон ва таљассумгари маќсаду мароми мо дар роњи эъмори давлати демокративу њуќукбунёд аст ва бигзор ин рамзи давлати соњибистиќлоли тољикон чун нишони ифтихори љовидонаи миллат ва муњаббату садоќати сокинон ба Ватани соњибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон барњак зикр намуданд, ки «Њар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тољик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эњтироми онро њамчун рамзи давлату давлатдорї, озодиву истиќлоли Ватан ва њамчун сарвати гаронбањои умумимиллї ба љо оварда, ќадру манзалат ва наќшу эътибори онро ба наслњои имрўзу оянда талќин менамояд». Маќсад аз таљлили Рўзи Парчам, пеш аз њама, мусоидат дар тањкими шуури сиёсиву хуќукии љомеаи Тољикистон, бозшиносии он нишони рамзу нишони њастии давлат ва миллат дар миќёси кишварњои љахон ба шумор меравад.

 Маълум аст, ки Парчам дар ќатори Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, Суруди миллї ва Нишон аз рукнњои аслии шинохт ва муаррифии давлат ба шумор меравад. Њар гуна давлат бе Парчам њастии худро муќаррар ва мушаххас карда наметавонад. Аз ин рў, дар тамоми љахон барои нишон додани симои сиёсии давлат аз парафшонии Парчам истифода мегардад ва ин маънои онро дорад, ки Парчам муайянкунандаи маќом, симо ва њастии сиёсии давлат ба шумор меравад.

Боиси сарфарозиву ифтихори мост, ки Парчами давлати соњибистиклоли Тољикистон дар бинои Созмони Миллали Муттахид дар ќатори Парчами дигар давлатњои мутараќќии дунё парафшон аст ва узвияти давлати моро ба ин созмони бонуфузи сиёсї тасдиќ менамояд. Чи хеле ки зикр кардем, сарнавишти Парчами муќаддаси мо бо сарнавишти Иљлосияи таќдирсози миллат пайванди ногусастани дорад. Аслан миёни аљдодони тољикон мафњуми Парчам ва парчамдори яке аз сунатњои ќадимаи давлатдорї буда, таърихи хеле ѓанї ва беш аз дањњазорсола дорад.

 Миллати тољик аз азал тамаддунофару давлатсоз буд ва њаст. Миллатњое, ки имрўз ќудратро ба даст овардаанд, аз миллати сарбаланди мо сабаќи давлатдориву парчамдорї омухта истодаанд, ки ин мояи ифтихори хар як фарди тољик мебошад. Љойгохи Парчам дар фарњанги миллии мо пеш аз њама њамин њадафи асоси-маќоми Парчами миллиро дар сарнавишти тољикони дирўзу имрўз баррасї ва барои насли имрўз нишон медихад.

Ба хотири дар сатхи зарурї чой додани муќаддасоти миллат-Парчами миллї дар пойтахти кишвар, дар назди Ќасри Миллат бо орзуву нияти неки барои асрњо барљо мондани давлати тољикон дар харитаи љањон баландтарин поя сохта, Парчами Миллї дар он барафрохта шуд. Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 50 метр ва пањноиаш 30 метр мебошад. Дар маросими ифтитоњи он намояндагони китоби рекордхои Гиннес иштирок намуда, Шањодатномаи рекорди нави љањониро супориданд.

 Соњиби яке аз баландтарин Парчамњои љахони гардиданамон худ нишони соњибифтихории миллии мо дар арсаи фарњанги љањони мањсуб мешавад ва орзу мекунем, ки маќоми Точикистони азиз бо роњнамоиву њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон чун ин Парчами сарбаланд њамеша миёни кишвархои дунё бонусрату шуњратёр бимонад.

 Бори дигар њамаи Шуморо бо Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон аз самими ќалб табрику тањният менамоям. Ба њамаи Шумо пеш аз њама тани сињату хотири љамъ, дили беѓам, бахту саодати рўзгор ва болои саратон осмони софу беѓубор таманно дорам.

 Бигузор Точикистони азизи мо зери ливои парафшони Парчами миллии худ тањти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рахмон ба ќуллањои баланди шукуфоиву тараќќиёт расида, дар ќатори давлатњои пешрафтаи љањони муосир љойгоњи муносиби худро ишѓол намояд.

Ид муборак, њамкорони азиз!

 

 

     Бо эњтиром,

Директори Агентии давлатии

 

њифзи иљтимоии ањолї                                                   Холзода А.  Ќ.

 

 

 

 

Дида шуд: 165