Ба чоп

Маълумот

оид ба рафти татбиќи механизмњои таъин ва пардохти љубронпулї ва кумакпулињои иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат

 

 

Масъалаи дастгирии оилањои камбизоат, нафаќахурони пиронсол ва маъюбон зери таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд  низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муосир андешида мешаванд”.

          Дар партави дастуру њидоятњои Пешвои миллат љињати таъмини кафолатњои иљтимоии давлат ба оилањо ва шањрвандони камбизоат Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи кумакњои унвонии иљтимої», “Барномаи давлатии расонидани кўмакњои унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон  барои солњои 2018-2020”,  инчунин як ќаттор ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ќабул шудаанд.

Айни замон дар љумњурї  чунин намуди кумакпулї ва пардохтњои иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат таъин ва пардохт карда мешаванд:

-       кумакпулї ба хонандагони синфҳои 1-9 аз оилањои камбизоат;

-       љубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ  ба оилаҳои камбизоат;

-       кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шањрвандони камбизоат

 

         Низоми кумакпулї ба хонандагон аз оилањои камбизоат

         Низоми таъин ва пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар синфҳои 1-9 таҳсил менамоянд, тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 майи соли 2007, №244 «Дар бораи пардохти кумакпулињо ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабњои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон тањсил менамоянд» љорї карда шудааст. Кумакпулї ба оилањое дода мешавад, ки даромади  миёнаи моҳонаашон  ба ҳар як аъзои оила аз андозаи 50 фоизи маоши ҳадди ақали муқарраргардида паст мебошад. Кумакпулї ҳар сол 15 фоизи хонандагонро дарбар мегирад,  ки ба ҳар як нафари онҳо ба андозаи  40 сомони дар як сол пардохта карда мешавад.

         Тибќи маълумоти Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон дар соли 2018 ба 106 862 нафар хонан­да аз оилањои камбизоат ба маблаѓи 2 095 580 сомонї ва дар соли 2019 ба 122 792 нафар хонанда ба маблаѓи 2 455 840 сомонї пардохт карда шуд.

         Дар баробари ин, тањлилњо собит месозанд, ки дар 5 соли охир њаљми маблаѓњои пардохтшудаи кумакпулї ба хонандагон аз меъёри (андозаи) муќарраршуда хеле кам мебошад. Тибќи руйхатњои тасдиќнамудаи комиссияњои мактабї дар давраи солњои 2015-2019 шумораи умумии хонандагон барои гирифтани кумакпулї 760789 нафаро ташкил намуд. Аз рўи меъёри муќарраргардида (40 сомонї ба 1 хонанда дар 1 сол) дар ин давра дар њаљми умумї 30 431 560 сомонї кўмакпулї бояд пардохт карда мешуд, аммо дар асл њамагї 21 145 284 сомонї маблаѓ пардохт шудааст, ки назар ба дархостњои пешнињодшуда 9 286 276 сомонї ё 30 фоиз кам мебошад. Бинобар ин, андозаи миёнаи кумакпулї ба њар як хонанда дар давоми 5 сол ќариб 28 сомониро ташкил намуд.

         Бояд ќайд намуд, ки дар соли 2018 дар миќёси љумњурї 799 795 хонандагони синфњои 1-9 ба ќайд гирифта шуда буданд. Дар асоси талабот,  мебоист 119969 нафар хонанда аз љониби комиссияњои мактабї (аз руи фарогирии 15 % хонандагон) ба кўмакпулї бархурдор мегаштанд. Дар асл бошад, њамагї 106 862 хонанда барои гирифтани кўмакпулї номнавис шуданд, ки  13 фоизи фарогириро ташкил намуд. Гарчанде аз љониби комиссияњои мактабї ба маблаѓи 2 665 983 сомонї дархости молиявї пешнињод шуда бошад њам, аммо кумакпулї ба хонандагон аз оилањои камбизоат дар њаљми 2 095 580,0 сомонї маблаѓгузорї гардид, ки нисбат ба дархостњои пешнињодшуда 570 403 сомонї кам мебошад.

         Хулоса: маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатии шањру ноњияњои љумњурї, ки маблаѓгузории кумакпулии хонандагон аз оилањои камбизоат ба души онњо гузошта шудааст, талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 майи соли 2007, №244 «Дар бораи пардохти кумакпулињо ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабњои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон тањсил менамоянд» дар сатњи зарурї иљро намекунанд.

Камбудии дигари механизми кумакпулї ба хонандагон аз оилањои камбизоат  набудани омори даќиќи даромади ањолї ва махзани иттилоотї маълумот мањсуб меёбад (љадвали нишондињандањои миќдорї ва молиявии кумакпулї ба хонандагон дар солњои 2018-2019 замима мегардад).

 

         Низоми љубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ

         Низоми љубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2008, №379 «Дар бораи таќвияти кўмакрасонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат” ба оилањое таъин ва пардохт карда мешавад, ки даромади  миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила аз 50 фоизи андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқараргардида  паст ва ё ба он баробар мебошад.

Меъёри ҷубронпулӣ (њангоми  мављуд  набудани њисобкунаки газї) чунин муқаррар шудааст:

а) дар давраи моњњои апрел–сентябр - аз рўи меъёри то 100 кВт/с истифодаи воќеии ќувваи барќ дар як моњ ба як оила ва ё шањрванд;

б) дар давраи моњњои октябр–март - аз рўи меъёри то 200 кВт/с истифодаи воќеии ќувваи барќ дар як моњ ба як оила ва ё шањрванд;

        

         Андозаи љубронпулї  ба оилањои камбизоат, ки танњо аз ќувваи барќ истифода мебаранд:

         а) дар давраи моҳҳои апрел-сентябр - аз рўи меъёри то 150 кВт/с дар як моҳ ба як оила(хољагї) ва ё шањрванд;

         б) дар давраи моҳҳои октябр-март - аз рўи меъёри то 250 кВт/с дар як моҳ ба як оила(хољагї) ва ё шањрванд.

         

         Дар баробари ин, тањлилу омўзишњо нишон доданд, ки дар давраи солњои 2014-2019 њаљми умумии маблаѓњои пардохтшуда барои истифодаи барќу газ аз меъёрњои муќарраршуда ба маротиб  кам буданд. Тибќи руйхатњои комиссияњои ноњиявї шумораи умумии гирандагони љубронпулї  дар ин давра 600669 оиларо такшкил намуда, ба онњо ба маблаѓи 114 495 069 сомонї  љубронпулї пардохт карда шудааст, ки  ба њисоби миёна ба њар як оила 191 сомонї дар як сол ва ё 16 сомонї дар як моњ рост меояд.

         Аз ин раќамњо бармеояд, ки љубронпулии пардохтшуда ба њар як оилаи камбизот ба њисоби миёна дар як сол 1266 квт/соат ташкил додааст, ки нисбат ба меъёрњои муќарраршуда ќариб 2 маротиба кам мебошад.

         Масалан, дар соли 2018, аз рўи фарогирии 20 фоизи хонаводањо, шумораи оилањое, ки аз  љубронпулї бояд бархурдор мешуданд, 127 600  оиларо ташкил  медод. Аммо дар асл, љубропулї ба 82 174 оила  дар њаљми  21 184 429 сомонї маблаѓгузорї карда шудааст, ки ба хар як оила 257,80 сомонї дар як сол ва ё 21,48 сомонї дар як моњ рост меояд. Дар давраи тирамоњу зимистон бошад, ба љои  42,83 сомонї  њамагї 21,35 сомонї дар як моњ љубронпулї пардохт карда шудааст.

         Дар давоми 10 моњи соли 2019 љубропулї ба 81084 оилаи камбизоат  дар њаљми  16 034 460 сомонї маблаѓгузорї карда шудааст, ки ба њар як оила 197,75 сомонї дар як сол ва ё  24,70 сомонї дар як моњ рост меояд.

         Њамин тариќ, давоми моњњои январ-августи соли љорї ба њисоби миёна ба њар як оилаи камбизоат 127 квт/соат ќувваи барќ дар як моњ љуброн карда шудааст, ки назар ба меъёрњои муќарраршуда хеле кам аст

Камбудињои асосии низоми љубронпулї барои истифодаи ќувваи барќ ва гази табиї ба оилањо ва шањрвандони камбизоат дар њаљми пурра (тибќи меъёрњои муќарраргардида) ва сариваќт аз љониби маќомоти дахлдори давлатї маблаѓгузорї нашудани он, инчунин набудани омори даќиќи даромади ањолї ва махзани иттилоотї маълумот мањсуб меёбанд.

 

         Механизми кумакњои унвонии иҷтимоӣ

         Механизми таъин ва пардохти кўмакњои унвонии иљтимої ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бар ивази ду механизми ќаблї: кумакпулї барои мактаббачањои оилањои камбизоат ва љубронпулї барои истифодаи ќувваи барќ ва гази табиї, шуруъ аз соли 2011, марњила ба марњила дар 40 шањру ноњияњои љумњурї љорї карда шудааст.

         Дар марњилаи якум, механизми мазкур ба таври таљрибавї тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 октябри соли 2010, №586 «Дар бораи љорї намудани низоми таљрибавии кумаки унвонии иљтимої дар шањри Истаравшан ва ноњияи Ёвон»  аз 1 январи соли 2011 љорї гардид.

          Дар марњилаи дуюм, механизми таљрибавии кумакњои унвонии  ичтимої тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз  20 ноябри соли 2012, №661 “Дар бораи  идомаи  татбиќи механизми таљрибавии кўмаки унвонии иљтимої ба оилањо ва  шањрвандони камбизоат” дар 10 шањру ноњияи љумњурї аз 1 январи соли 2013 љорї карда шуд.

         Дар марњилаи сеюм, дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 июли соли 2014, № 437«Дар бораи идома ва љорї намудани механизми таљрибавии кўмаки унвонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат» дар 25 шањру ноњия љорї гардид.

         Дар марњилаи  чорум, тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз  1  октябри  соли 2016, №  416  “Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 июли соли 2014, №437” механизми таљрибавии таъин ва пардохти кумакпулии иљтимоии унвонї ба оилањо ва шањрвандони камбизоат аз 1 октябри соли 2016 то инљониб дар 40 шањру ноњияи таљрибавї амалї шуда истодааст.

         Дар ин раванд Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон вазифањои њамоњангсозии фаъолияти маќомоти њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, идоракунии молиявї ва мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва истифодаи маќсадноки маблаѓњои буљетии ба ин маќсад људогардидаро амалї менамояд.

         Айни замон дар ин самт 71 нафар кормандони коргузор оид ба кумакњои унвонии иљтимої дар 40 шањру ноњияњои таљрибавї ва 12 нафар мутахассисони марказњои минтаќавии њамоњангсозии барнома, дар маљмуъ 83 нафар тибќи шартномаи мењнатї бо  Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї фаъолият намуда истодаанд.

         Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне таъин ва пардохт карда мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ ќарор дошта, аз ин ҳолат мустақилона баромада наметавонанд.

         Андозаи кумакпулии унвонии иљтимої барои як оила 400 сомониї буда, њар семоња дар њаљми 100 сомонї пардохт карда мешавад.

         Пардохти  кумакҳои  унвонии иҷтимоӣ дар ду соли охир чунин сурат гирифтааст: соли 2018 ба 94 675 оилаи камбизоат  дар ҳаҷми 38 628 828 сомонӣ ва ба ҳолати 10 ноябри  соли 2019 бошад ба 93 539 оилаи  камбизоат 29 473 230 сомонӣ маблаѓ пардохт гардидааст.

         Дар баробари ин бояд ќайд намуд, ки маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимои аз ҷониби Хазинадории марказии Вазорати молия саривақт анљом дода намешавад, ки он боиси норозигии ниёзмандон гардида истодааст. Масалан, қарздории кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар моњи октябри соли љорї 2,7 миллион сомониро ташкил медињад.

        

Бартарии механизми кумакпулии унвонии иљтимої

- вазъи эҳтиёҷмандии оила ва шаҳрванд барои таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар асоси индикаторҳои демографӣ (шумораи аъзои оила, аз ҷумла: кудакон, маъюбон, шахсони пиронсол, занони сарвари оила) ва молумулкии оила тариқи барномаи махсуси электронї баҳогузорӣ карда мешавад;

- тибќи ќоидањои нав њамаи ташвишњои шањрвандон барои љамъоварии њуљљатњои гуногун комилан коњиш ёфта, вазъи камбизоатї барои гирифтани кумакпулї танњо бо пешнињоди ду шакли маълумотнома: дар бораи њайати оила ва молу амволи аъзоёни оила  бањогузорї карда мешавад;

- тибќи низоми нав коркарди маълумот оид ба муайянкунии вазъи некуањволии оила ё шањрванд барои гирифтани кумакпулии иљтимої тариќи барномаи электронии системаи иттилоотии Фењристи кумакњои унвонии иљтимої ва формулаи ба алгоритми муайян асосёфтаи «арзёбии ѓайримустаќими эњтиёљмандї» (КОН) ба роњ монда шудааст, ки ин омил шаффофият ва дахлнопазирии ќабули ќарорро таъмин менамояд.

- андозаи кумакпулї нисбат ба андозаи кумакпулињои давлатии ќаблї нисбатан зиёд мебошад.

 

Такмили механизми кумакпулии унвонии иљтимої

 Бо маќсади мукаммал сохтани механизми таљрибавии таъин ва пардохти кумаки унвонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат маљмуъи индикаторњои муайянкунии вазъи некуањволї такмил дода шуданд, ки дар асоси он омилњои зерин ба инобат гирифта шуданд:

1. Дар сурати дар хонавода баќайд гирифта шудани 2 ва зиёда муњољири мењнатї чунин оила бо холи (коэффитсенти) баландшаванда ва агар дар хонавода 1 нафар ва ё  умуман муњољир баќайд гирифта набошад, бо вазни холи пастшаванда бањогузорї карда мешавад;

2. Агар шумораи аъзои ќобили мењнат дар хонавода зиёд бошад, чунин хонавода бо холи баландшаванда бањогузорї карда мешавад. Вале новобаста аз ин, маъюбон, шахсони пиронсол, кўдакони то 16 сола ва донишљўёни то 22 сола, ба ин гуруњ дохил карда намешаванд.

3. Њангоми бањогузории њайвоноти хонагї саршумор, намуд ва арзиши ќиёсии онњо ба назар гирифта мешавад.

4. Барои дуруст муайян кардани сатњи зиндагии хонаводањо дар баробари индикаторњои вазъи некуањволї коэффитсиентњои ноњиявї барои кор дар ноњияњои баландкўњ ба назар гирифта мешаванд.

         5. Њангоми бањогузорї нисбати оилањое, ки дар њайати худ  ду ва зиёда маъюб ва шахсони пиронсол доранд, имтиёз дода мешавад.

Дар давраи амалисозии механизми мазкур, яъне аз соли 2011 то имрўз, ба 423 њазор  оила ё шањрванди камбизоат  кумакпулии унвонии иљтимої таъин ва пардохт карда шуд.

 

Мусоидати техникї аз љониби шарикони рушд

Бояд ќайд намуд, ки дар раванди амалисозии механизми таљрибавии таъин ва пардохти кумаки унвонии иљтимої сањми шарикони рушд, бахуссус Бонки умумиљањонї, босазо арзёбї карда мешавад.

Дар доираи Лоињаи тањкими низоми њифзи иљтимої, ки аз њисоби маблаѓњои Бонки умумиљањонї аз соли 2014 то инљониб маблаѓгузорї шуда истодааст, бо маќсади тањкими нерўи соњаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини онњо бо таљњизоти техникї ва барномањои омўзишї, автоматикунонии раванди муайянсозии талабот ба кӯмакњои унвонии иҷтимоӣ,  чунин корњо ба анљом расонида шудаанд:

1. Системаи иттилоотии кумакњои унвонии иљтимої (АСИСТ) тањия гардида, дар заминаи он Фењристи миллии њифзи иљтимої таъсис дода шудааст, ки тавассути он маълумоти шањрвандон аз тамоми шањру ноњияњои љумњурї тариќи шабакаи интернет мустаќиман ба махзани ягонаи маълумот ворид гардида, бо усули “арзёбии ѓайримустаќими эњтиёљмандї” коркард мешаванд ва дар натиљаи он њуќуќи оила ва шањрвандон ба кўмакпулии унвонии иљтимої муайян карда мешавад.

2. Системаи иттилоотии АСИСТ тамоми амалиётњои таъин ва пардохти кўмакпулињои унвонии иљтимоиро идора намуда, махзани ягонаи маълумоти гирандагони кумакпулиро ташаккул медињад ва дар баробари ин вазифањои  банаќшагирї, мониторинг ва идоракунии маблаѓњои буљетии ба ин маќсад људошударо анљом медињад;

3. Дар сохтори Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї 2 маркази минтаќавии њамоњангсозии татбиќи кумакњои унвонии иљтимої дар шањрњои Хоруѓ ва Душанбе  ва Гурўњи технологияи иттилоотї таъсис дода шуданд, ки босамар фаъолият доранд.

4. Шуъбањо ва бахшњои њифзи иљтимоии ањолии вилоят, шањр ва ноњияњо, љамоатњои шањраку дењот, раёсатњои истифодабарии коммуналию манзилї, марказњои минтаќавии њамоњангсозии барнома ва дастгоњи марказии Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї, дар маљмуъ бо 200 адад компютер, 517 адад дастгоњи чопкунандаву нусхабардор ва 530  басти (комплект) мебел таъмин гардиданд;

5. Дар курсњои тахассусї 80 нафар корманди бахшњои њифзи иљтимоии ањолии шањру ноњияи таљрибавї, инчунин тавассути семинарњои сатњи мањалї зиёда аз 700 нафар кормандони љамоатњои шањраку дењот, раёсатњои манзилию коммуналї, кумитањои мањал ва кормандони филиалњои Бонки давлатии амонатгузории Тољикистон “Амонатбонк”-и шањру ноњияњои таљрибавї омўзонида шуданд.

 

Мушкилот:

·        ба таъхир мондани қабули лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар боқимонда 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

·        зиёд нагардидани андозаи љубронпулии барқу газ  бинобар тадриљан баланд шудани тарифҳои неруи барқ;

·        сариваќт пардохт нагардидани маблаѓи кумакпулии унвонии иљтимої аз љониби Хазинадории марказии Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон;

·        тафриқабандӣ нашудани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар давоми 9 сол бо сабаби тадриљан афзоиш ёфтани сатњи таваррум, инчунин вобаста ба шумораи аъзои хонавода, теъдоди маъюбон ва шахсони пиронсол дар њайати оила;

·        набудани воҳидҳои кории “корманди иҷтимоӣ” дар сохтори ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва пешбини нагардидани маблағҳои буҷетӣ барои таъсиси марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозї дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт.

 

Пешниҳод:

·        қабули қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар боқимонда 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

·        таъсиси воҳидҳои кории “кормандони иҷтимоӣ” дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот.

·        аз 3% ба 4% зиёд намудани маблағҳои маъмурии буҷети кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ бо мақсади таъсис додани марказҳои минтақавии њамоњангсозии кумакњои унвонии иљтимої дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт, инчунин таъсиси МД “Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” бо мақсади идораи махзани маълумоти иттилоотии иҷтимоӣ ва серверҳои рақамӣ;

 

Рафти иљрои ќарорњои болозикри Њукумати Љумњурии Тољикистон оиди дастгирии оилањо ва шањрвандони камбизоат тањти назорати доимии Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолии Вазорати тандурустї ва  њифзи иљтимоии ањолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор дорад.

 

 

 

 

 

Директор                                           А. Холзода

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дида шуд: 1080