Ба чоп

Ҳамватанони азиз!

 Аз номи роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаи Шумоёнро ба муносибати иди расми, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳама оромӣ дар хонаву оила, эҳтиром ва эътимод дар коллективи меҳнатӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ дар ҳаёт орзумандам

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

 Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.

 Тазаккур бояд дод, ки аз рӯзи аввали ба сари ќудрат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандид.

Ба даст овардани сулҳу суботи ҷомеа, пойдории Ваҳдати миллӣ, аз парокандагиву нобудшавӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик, аз барҳам хурдану ба порчаҳо таќсим шудани давлату давлатдорӣ эмин доштани Тоҷикистони азиз аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.

Гузашта аз ин барои пойдории сулҳу Ваҳдат, гулгулшукуфӣ ва ободу зебо гардондани Тоҷикистони азизамон низ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло назаррас аст ва он чиз ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Ногуфта намонад, ки маќсади асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама беҳ намудани шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Умуман, хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, таъмини шароити арзанда барои шаҳрвандон ва рушду нумӯи кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиќлол ниҳоят бузург ва фаромӯшнопазиранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, мо – хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки бо масъулияти баланд баҳри ҳифзу гиромидошти манфиатҳои милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва пойдории истиќлолияти давлатӣ пайваста ҷаҳду талош намуда, дар пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари оќилу хирадмандамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем.

Умедвори онем, ки дар оянда низ чун солҳои пешин мардуми шарафманди мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бобарору созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи нишондодҳои дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида бештар талош меварзанд ва Тоҷикистонро ба давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал мегардонанд.

Пирӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷашни бузург - рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Дида шуд: 1232