Ба чоп

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР

 

Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Мутобиқи моддаи 12  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон "Дар  бораи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқӣ", бо  мақсади  иҷрои Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013,  №12 "Дар  бораи  такмили  сохтори  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти   давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

     1. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

     2. Низомнома,  Сохтори  дастгоҳи  марказӣ, Нақшаи  идоракунӣ  ва Номгўи  муассисаҳои  системаи  Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

     3. Шумораи ниҳоии  кормандони  Агентии давлатии  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии   Вазорати   тандурустӣ   ва  ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 35 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар  карда шавад.

     4. Ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад,  ки як муовини Директор дошта бошад.

     5. Ба  дастгоҳи  марказии  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистои лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдор 2 адад муқаррар карда шавад.

     6. Маблағгузории   дастгоҳи   марказии Агентии  давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

     7. Аз 1 январи соли 2014  вазифаҳои  вобаста ба  ҳифзи  иҷтимоии аҳолиро  дар  сатҳи  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   ҳамчун мақоми   ваколатдор гузаронида шавад.

     8. Аз 1 январи соли 2014 дар сохтори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо,  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо шўъбаҳо ва бахшҳои меҳнат,  шуғл ва  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ  барҳам  дода  шуда,  шўъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шавад.

     9. Ба  замимаҳои  3,  5,  7,  9  ва  13 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 115 "Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии  шаҳрак  ва  деҳот  ва лимити  шумораи  ниҳоии хизматчиёни  давлатии  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

     а) аз  банди  7  замимаи  3  Сохтори намунавии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон калимаи "меҳнат, шуғл ва" хориҷ карда шавад;

     б) аз банди  2  замимаи  5  Сохтори намунавии  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Суғд калимаи "меҳнат ва" хориҷ карда шавад;

     в) аз  банди  2  замимаи  7  Сохтори намунавии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон калимаи "меҳнат  ва"  хориҷ карда шавад;

     г) аз банди  9  замимаи  9  Сохтори намунавии  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе калимаи "меҳнат,  шуғл ва" хориҷ карда шавад;

     д) аз  банди  2  замимаи  13  Сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо калимаи "меҳнат  ва"  хориҷ карда шавад.

 

     Раиси

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

                     аз 4 марти соли 2014, № 168

                              ш. Душанбе

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2014, №168

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Муқаррароти умумӣ

     1. Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ)  мақомоти ҳокимияти  иҷроия  буда,  вазифаҳои  таъминоти кафолати хизматрасонии давлатиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амалӣ менамояд.

     2. Агентӣ  дар  Нақшаи  идоракунии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

     3. Агентӣ  дар  фаъолияти  худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, қарорҳои  Маҷлиси   Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  амру  фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва   ҳифзи   иҷтимоии  аҳолии  Тоҷикистон, санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии байналмилалие,  ки  Тоҷикистон  онҳоро  эътироф намудааст  ва   ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

     4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти  марказии ҳокимияти   иҷроия,   мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

 

2. Вазифаҳо

     5. Агентӣ  дар  соҳаи  муқарраргардида вазифаҳои  зеринро  амалӣ менамояд:

     - мутобиқи  меъёрҳои  муқарраргардида  оид ба  татбиқи   сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақахўрон, маъюбон, кўдакони ятиму бепарастор ва дигар  табақаҳои камбизоати  шаҳрвандони эҳтиёҷманд чорабиниҳоро татбиқ менамояд;

     - мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида иҷрои корҳоро ҷиҳати  татбиқи имтиёзҳои амалкунандаи иҷтимоии давлатӣ ташкил мекунад;

     - ҷиҳати ба ҳаёти солими иҷтимоӣ мутобиқгардонии  шахсони  дорои имкониятҳои маҳдуди аҳлӣ ва ҷисмонӣ чорабиниҳоро татбиқ менамояд;

     - чорабиниҳоро ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии кудакони ятим  ва  кудакони оилаҳои камбизоат анҷом медиҳад;

     - ҷиҳати бо таҳсил ва тавонбахшӣ фаро гирифтани  кўдакони  дорои имкониятҳои маҳдуд чорабиниҳо анҷом медиҳад;

     - барои   ҳамоҳангсозии   фаъолияти иттиҳодияҳо,    ташкилотҳои ҷамъиятии  собиқадорон,  маъюбон  ва  ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ мўҳтоҷбуда мусоидат менамояд;

     - якҷоя  бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шўъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоиро ҳамоҳанг месозад;

     - чорабиниҳоро  ҷиҳати  рушди  шабакаи муассисаҳои  статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

     - тавонбахшии маҷмўӣ, ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кўмаки протезию ортопедиро амалӣ мегардонад,  санадҳои ташкилию дастуриро оид ба масъалаҳои барои маъюбон, собиқадорон ва нафақахўрони яккаву танҳои камбизоат фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мусоид таҳия менамояд;

     - хизматрасонии  иҷтимоӣ  ва  дастгирии иҷтимоии  собиқадорон ва шаҳрвандонеро,  ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ, амалиёти террористӣ  ва дигар ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, анҷом медиҳад;

     - хизматрасонии  тиббӣ,  иҷтимоӣ,   моддию маишӣ   ва   мадании шаҳрвандонеро,  ки  дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, ташкил менамояд;

     - фаъолияти  самараноки  хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои системаи Агентиро ташкил ва назорат мекунад;

     - масъалаҳои    вобаста   ба   ҷойгиркунонии шаҳрвандонро   дар муассисаҳои статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ ҳал менамояд;

     - вазъиятро   таҳлил   менамояд,  барои беҳтар  намудани  корҳои табобатии воҳидҳои тиббӣ,  рушди  хоҷагиҳои ёрирасон  ба  муассисаҳои статсионарӣ кўмаки методӣ ва амалӣ мерасонад;

     - барои фиристодани эҳтиёҷмандон ба табобати санаторию курортӣ ва амбулаторию  курортӣ  ба  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;

     - мутобиқи харҷномаи тасдиқшуда барои бо маводи хўрока, доруворӣ, моддаҳои шустушўй ва тамйизӣ,  таҷҳизоти технологӣ,  тиббӣ, нақлиёт ва агрегатҳои  кишоварзӣ,  сўзишворӣ  ва  маводи сохтмон,  асбобҳои нарму дурушт таъмин намудани муассисаҳои статсионарӣ мусоидат менамояд;

     - пешбурди ҳуҷҷатгузории тиббӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва аз эътибор соқит намудани доруҳоро назорат мекунад;

     - бақайдгирии  шаҳрвандони  кўҳансол ва маъюбонро дар муассисаҳои системаи Агентӣ ташкил мекунад ва назорат мебарад;

     - ба  ҷорӣ  намудани  технологияҳои нав, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ  ва   сифати   хизматрасонии   иҷтимоӣ, баланд   бардоштани самаранокии  истифодаи  захираҳо,  ки  ба  рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мусоидат менамояд;

     - оид  ба  такмили  шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ доир ба тавонбахшии маъюбон,  хизматрасонии  иҷтимоии  шаҳрвандони кўҳансол  ва  маъюбон, дасттирии  иҷтимоии  шаҳрвандоне,  ки  дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

     - дар  мувофиқа  бо  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти миқдорӣ ва сифатии  хизматрасонии иҷтимоӣ омўзиш ва таҳлилҳо мегузаронад, пешгўиҳоро доир ба рушди шакли давлатӣ ва дигар шаклҳои  ташкилию  ҳуқуқии хадамоти  иҷтимоӣ  таъмин месозад.

     - чорабиниҳоро ҷиҳати амалӣ намудани кўмаки унвонии  иҷтимоӣ  ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, аз ҷумла, маъюбон анҷом медиҳад;

     - мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва хароҷоти мақсадноки маблағҳоро,  ки  барои  пардохти  ҷубронпулӣ ва кўмаки унвонии иҷтимоӣ ҷудо шудаанд, мегузаронад;

     - барои  татбиқи  кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ иттилоотонии аҳолиро ташкил менамояд.

     6. Агентӣ дар баробари ваколатҳои номбаршуда дар  доираи  татбиқи шартномаҳои  байналмилалии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид  ба кооператсия, татбиқи молрасонии мутақобиларо тавассути ташкилотҳое  амалӣ  месозад, ки  ба  соҳаи  муқарраргардидаи фаъолияти Агентӣ дахл доранд,  рўихати чунин молрасонии мутақобиларо муайян ва мувофиқа месозад;

     - бо  тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷиҳати  ҷойгиркунии фармоишҳо  ва  таҳвили мол,  иҷрои корҳо, хизматрасонӣ,  гузаронидани корҳои таҳқиқотию илмӣ,  конструкторӣ  ва технологӣ  барои  эхтиёҷоти давлатӣ  дар  соҳаи  муқарраршудаи  фаъолият,  аз ҷумла ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатӣ мебандад;

     - таҳлили  иқтисодии  фаъолияти ташкилотҳои системаро анҷом дода, нишондодҳои иқтисодии фаъолияти  онҳоро  тасдиқ менамояд  ва  омўзиши фаъолияти   молиявию   хоҷагӣ   ва   истифодабарии маҷмўи  моликиятро мегузаронад;

     - бо  тартиби  муқарраргардида  бо  мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ,  ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ  дар соҳаи  муқарраршудаи фаъолияти Агентӣ ҳамкорӣ менамояд;

     - қабули шаҳрвандонро  ба  роҳ  мемонад, баррасии  саривақтӣ  ва пурраи муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, аз рўи онҳо қарор қабул менамояд  ва  ба  муроҷиаткунандагон  дар мўҳлати   муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳо ирсол менамояд;

     - дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро,  ки  дорои  сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;

     - тайёрии  мобилизиатсионии  дастгоҳи марказии  Агентӣ,  инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои дар тобеияташ бударо ба тайёрии мобилизатсионӣ таъмин менамояд;

     - тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандони Агентиро ташкил менамояд;

     - мутобиқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон кори пуррагардонӣ, нигоҳдорӣ,  қайд ва истифодаи  ҳуҷҷатҳои бойгониро,  ки  дар  раванди фаъолияти Агентӣ ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;

     - дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида,  конгрессҳо, конференсияҳо,  семинарҳо,  намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳоро  ташкил мекунад.

     7. Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

     - ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир  ба масъалаҳое,  ки  ба  соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дахлдор мебошанд, шарҳу тавзеҳ диҳад;

     - барои кор карда баромадани  масъалаҳои соҳаи  муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, олимон, мутахассисон ва ғайраро ҷалб созад;

     - дар соҳаи муқарраргардидаи  фаъолияташ мақомоти  машваратӣ  ва экспертӣ (шўроҳо, комиссияхо, гурўҳҳо) таъсис диҳад;

     - ташкили кор ва роҳбарии фаъолияти зерсохтори  Агентиро  аз  рўи масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ намояд;

     - Агентӣ дар соҳаи муқаррагардидаи фаъолият ҳуқуқ надорад танзими меъёрии  ҳуқуқӣ  ва  вазифаҳои  назорату санҷиширо  анҷом  диҳад,  ба истиснои ҳолатҳое,  ки онҳоро фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

     - дигарҳо ваколатҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

 

3. Ташкили фаъолият

     8. Ба Агентӣ Директор роҳбарӣ менамояд,  ки бо  пешниҳоди  Вазири тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа  озод  карда мешавад.

     Директори Агентӣ  ҷиҳати  иҷрои  вазифаҳои ба   зиммаи   Агентӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

     Директори Агентӣ муовин дорад,  ки ў  бо пешниҳоди  Директор  аз ҷониби  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

     Шумораи муовинони Директори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

     9. Директори Агентӣ:

     - лоиҳаи Низомнома,  нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоии кормандони Агентиро  ҷиҳати  тасдиқи  минбаъдаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи иҷтимоии  аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

     - ба  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи солона ва нишондодҳои фаъолияти Агентӣ,  инчунин оид ба иҷрои онҳо ҳисобот пешниҳод менамояд;

     - барои  ба  вазифа  таъин  намудан  ва  аз вазифа озод иамудани муовини Директор ва  сармуҳосиби  Агентӣ, роҳбарон  ва  сармуҳосибони мақомоти  вилоятӣ  ва  шаҳри  Душанбе  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

     - дар  мувофиқа  бо  Вазири  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарони  мақомоти  шаҳрӣ ва  ноҳиявии  Агентӣ, инчунин  сармуҳосибони  онҳоро  ба  вазифа  таъин ва  аз  вазифа озод менамояд;

     - барои  ба  вазифа  таъин  ва  аз вазифа озод намудани роҳбарони марказҳо ва шўъбаҳои хизматрасонии  иҷтимоӣ  дар хонаҳо  ва  будубоши рўзона  ба  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ розигии хаттӣ медиҳад;

     - ўҳдадориҳоро  байни  муовини худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ тақсим менамояд;

     - низомномаҳои   воҳидҳои   сохтории дастгоҳи  марказӣ,  инчунин низомнома ва оинномаҳои ташкилотҳои системаи Агентиро,ки  дар  Нақшаи идоракунӣ   пешбинӣ  шудаанд,  тибқи  тартиби муқарраргардида  тасдиқ менамояд;

     - оид  ба  эълони  озмунҳо  ҷиҳати  ишғоли мансабҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ қарор  қабул  мекунад,  кормандони дастгоҳи  марказии Агентиро  (ғайр  аз  роҳбарият)  ба  вазифа  таъин ва  аз вазифа озод мекунад;

     - басти  вазифаҳои  дастгоҳи  марказии Агентиро  тибқи  талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, бароварди хароҷот  барои  нигоҳдории  дастгоҳи  марказии Агентӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  муассисаҳои системаи  Агентиро  дар доираи  маблағи дар давраи соли молиявӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

     - маблағгузории муассисаҳои системаи Агентиро ғайр  аз  марказҳои минтақавӣ  ва шўъбаҳои хизматрасонии иҷтимоии ахолӣ дар хона аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  ва Вазорати  молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

     - фармоишҳо  мебарорад,  дастурҳо,  қоидаҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқиро,  ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони  Агентӣ,  мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои Агентӣ ҳатмӣ мебошад, тасдиқ намуда,  назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

     - нақшаи   кор  ва  нишондодҳои  фаъолияти мақомоти  маҳаллӣ  ва ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;

     - тибқи  тартиби  муқарраргардида  масъалаҳои ҳавасмандгардонии кормандони Агентӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаро ҳал  намуда,  бо  маоши  вазифавии  мутахассисон тибқи   қонунгузорӣ иловапулиҳо муқаррар мекунад, барои комёбиҳои меҳнатӣ мукофот медиҳад, кормандони  сазоворро  бошад  мутобиқи  тартиби муқарраршуда   барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

     10. Ҷиҳати баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди  Агентӣ  бо тартиби муқаррагардида мақомоти ҳамоҳангсоз (шўроҳо, комиссияҳо,  гурўҳҳои корӣ) аз ҷумла, мақомоти байнисоҳавӣ таъсис дода мешаванд.

     11. Агентӣ бо мақсади  иҷрои  вазифаҳои  ба зиммааш  гузошташуда тибқи  тартиби  муқарраргардида  нашри  варақаҳо, маҷаллаҳо  ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.

     12. Агентӣ  шахси  ҳуқуқӣ  буда,  дорои  мўҳр бо  тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ  ва русӣ,  мўҳрҳо,  штампҳо  ва  варақаҳои дахлдор буда,  аз ҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати  молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

     13. Маҳалли  ҷойгиршавии  дастгоҳи   марказии Агентӣ:   734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко - 69.

 

 Замимаи 2

 Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                            аз 4 марти соли 2014, №168

 тасдиқ шудааст

 

Сохтори

дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Роҳбарият

     Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ

     Раёсати кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ

     Шўъбаи молия ва хоҷагӣ

     Шўъбаи назорат ва коргузорӣ

     Бахши ҳуқуқ

     Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

 

 Замимаи 3

 Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                           аз 4 марти соли 2014, № 168

 тасдиқ шудааст

 

Нақшаи

              идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии

             аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

                      аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Дастгоҳи марказӣ

     Шўъбаҳои Агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ  дар   Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе

     Бахшҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ

 

 Замимаи 4

 Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                            аз 4 марти соли 2014, №168

 тасдиқ шудааст

 

Номгўи

муассисаҳои системаи Агентии давлатии

ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     Муассисаи давлатии "Хона - интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода"

     Муассисаи давлатии  "Хона  -  интернати пиронсолон  ва  маъюбони ноҳияи Ёвон"

     Муассисаи давлатии  "Хона  -  интернати пиронсолон,  маъюбон  ва беморони равонии шаҳри Панҷакент"

     Муассисаи давлатии  "Хона-  интернати пиронсолон   ва   маъюбони "Деҳмой" - и ноҳияи Ҷ. Расулов"

     Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи  табобатии собиқадорони  ҷангу меҳнати "Дўстӣ" - и ноҳияи Қумсангир"

     Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи  табобатии собиқадорони  ҷангу меҳнати  "Бибӣ  Фотимаи  Заҳро"  -  и  ноҳияи Ишкошим" бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа

     Муассисаи давлатии  "Истироҳатгоҳи  табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Ромит" - и шаҳри Ваҳдат"

     Муассисаи давлатии   "Осоишгоҳи   табобатии собиқадорони  ҷангу меҳнати "Харангон" - и ноҳияи Варзоб"

     Марказҳои минтақавии   хизматрасонии  иҷтимоӣ ба  пиронсолон  ва маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳо ва шўъбаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона

     Марказҳои тавонбахшии будубоши рўзона дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

Дида шуд: 2153