Ба чоп

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   

 

Дар бораи ветеранҳо

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №7-8, мод. 67; соли 1996, №3, мод.48; соли 1998, №22, мод.295; соли 2004, №2, мод.41; соли 2007, №7, мод.657; соли 2010, №1, мод.)

Ин Қонун статуси ветеранҳоро муайян намуда, назму тартиби татбиқи сиёсати давлатро нисбати ветеранҳо муқаррар мекунад.   

 

ФАСЛИ I.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо

Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъият ва давлат шароити зарурӣ муҳайё гардад.

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз инҳо иборатанд:

танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо ветеранҳо мебошанд;

ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ветеранҳо;

дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати ветеранҳо;

тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.

Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ин Қонун дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, иборат аст.

Моддаи 3. Таносуби байни ин Қонун ва шартномаҳои байналхалқӣ

Агар дар шартномаи байкалхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз меъёрҳои ин Қонун тафовут доранд, он гоҳ меъёрҳои шартномаи байналхалқӣ истифода бурда мешаванд.

Моддаи 4. Шахсоне, ки амали ин Қонун нисбати онҳо татбиқ мегардад

Амали ин Қонун нисбати шаҳрвандоне татбиқ мегардад, ки онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ сукунати доимӣ дошта, мувофиқи Қонун вете­ран дониста мешаванд.

Статуси ветеранҳо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлатҳои дигар сукунат доранд, тавассути шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Татбиқи амали ин Қонун нисбати ветеранҳо – шаҳрвандони давлатҳои дигар

Ветеранҳо – шаҳрвандони хориҷӣ, ветеранҳо - шахсони бетабаа, ки муваққатан ё доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош доранд, аз ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷубронот ба андозае истифода менамоянд, ки тавассути шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Қонун муайян карда шудаанд.

Моддаи 6. Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун мавриди истифода қарор гирифтаанд

Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун мавриди истифода қарор гирифтаанд, мазмуни зайл доранд:

«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммуналӣ» - обтаъминкунӣ, обпартоӣ, кашонда бурдани партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, таъминот бо газ, таъминот бо гармӣ ва қувваи барқ - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасониҳои коммуналӣ;

«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алоқа» - пардох­ти пули телефон, радио, ҳаққи истифодабарии антеннаи коллективӣ - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасонии алоқа;

«кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ - кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи масоҳати умумии манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ - дар ҳудуди меъёрҳои иҷтимоӣ.

 

ФАСЛИ II.

СИЁСАТИ ДАВЛАТ НИСБАТИ ВЕТЕРАНҲО

Моддаи 7. Сиёсати давлат нисбати ветеранҳо

Сиёсати давлат нисбати ветеранҳо аз статуси конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ бармеояд, ки он барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва рушду камоли озодонаи инсон нигаронида шуда, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарро дарбар мегирад, ки онҳо чораҳои зайлро пешбинӣ мекунанд:

Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ки ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ветеранҳоро таъмин менамоянд;

аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ба назар гирифтани манфиатҳои ветеранҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;

ҷалб намудами ветеранҳо барои иштироки бевосита дар идоракунии давлат ва ҷамъият;

мусоидат намудан ба ташкилотҳои ветеранҳо дар амалӣ гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон;

таблиғ намудани аҳамияти хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, нуфузу эътибори мукофотҳои давлатӣ барои корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ.

Моддаи 8. Кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ветеранҳо

Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба ветеранҳо кафолат дода, ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои онҳоро ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроиявӣ ва судӣ ҳимоя мекунад.

Ҳуқуқҳо ва дигар тадбирҳои ҳимояи иҷтимоӣ, ки пештар барои ветеранҳо ва оилаҳои онҳо тавассути қонунгузории Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, бе додани подоши баробарарзиш ба тартибе, ки Қонун муайян кардааст, бекор карда шуда наметавонанд.

Ба ҳеҷ гуна маҳдуд кардани ҳуқуқ ва имтиёзоте, ки ин Қонун барои ветеранҳо ва аҳли оилаҳои онҳо пешбинӣ мекунад, роҳ дода намешавад.

Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноте, ки қонунгузорӣ дар бораи ветеранҳо муқаррар намудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Моддан 9. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбати ветеранҳо

Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва шароити хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи ветеранҳо ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, метавонанд дар бораи аз ҳисоби захираҳои худӣ дидани чораҳои иловагӣ нисбати ҳимояи иҷтимоии ветеранҳо, ки дар ин Қонун пешбинӣ нашудаанд, қарор қабул намоянд.

Моддаи 10. Ташкилоти ветеранҳо

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимоя кардашавандаи ветеранҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ветеранҳо барпошуда метавонанд.

Ташкилотҳои ветеранҳо фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва оинномаи ташкилот амалӣ менамоянд ва ба тартиби муқарраркардаи Қонун ҳақ доранд дар таҳия ва қабул кардани қарорҳое, ки мақомоти давлатӣ нис­бати ветеранҳо қабул менамоянд, иштирок кунанд.

Моддаи 11. Кафолатҳои фаъолияти ташкилотҳои ветеранҳо

Мақомоти давлатӣ, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, дар доираи салоҳиятҳои худ метавонанд ба ташкилотҳои ветеранҳо ёрии молиявӣ расонанд, аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор қарз диҳанд, бепул ё дар асоси имтиёзнок дар ихтиёри онҳо ҷою биноҳо, таҷҳизот ва амволи дигарро, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавиашон заруранд, вогузор намоянд.

Моддаи 12. Кафолатҳои фаъолияти корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои ветеранҳо мебошанд

Корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои ветеранҳо мебошанд, аз пардохти андозҳо ва боҷу хироҷ дар мавридҳо ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пурра ё қисман озод буда метавонанд.

 

ФАСЛИ III.

КАТЕГОРИЯИ ВЕТЕРАН

Моддаи 13. Категорияи ветеранҳо

Ветеранҳо ба сурати комил дорои ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шахсӣ мебошанд ва ба ӯҳдаи худ вазифа ва масъулиятҳое доранд, ки Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Ветеранҳо ба чунин категорияҳо тақсим мешаванд:

ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар;

ветеранҳои хизмати ҳарбӣ;

ветеранҳои меҳнат.

Моддаи 14. Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ[1] шаҳрвандоне мебошанд, ки дар амалиёти ҷангӣ барои ҳифзи Ватан ё таъминоти қисмҳои армияи амалкунанда дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ бевосита иштирок кардаанд, инчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ намудаанд, дар ақибгоҳ шаш моҳ, ба истиснои давраи кор дар қаламрави муваққатан аз тарафи душман истилогардидаи ИҶШС, кор кардаанд, ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақиб­гоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шудаанд.

Чунин шахсон ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуморида мешаванд:

а) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт ҷавобшудагон (ба истеъфо баромадагон), ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои дар давраи Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда адо намудаанд, дар амалиёти дигари ҷангӣ барои ҳифзи Иттиҳоди ҶШС иштирок кардаанд, партизанҳо ва пинҳонкорони Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

б) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромада, инчунин шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатии Иттиҳоди ҶШС, ки хизматро дар давраи Ҷанги Бузур­ги Ватанӣ дар шаҳрҳое адо намудаанд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад;

в) шахсони ҳайати кирояи Армияи шӯравӣ, Флоти ҳарбии Баҳрӣ, қӯшунҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатии ИҶШС, ки дар қисмҳо, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯи штат соҳибмансаб буданд ё дар он давраҳо дар шаҳрҳое буданд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад.

г) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳайати қисмхои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда ва флот дохилшаванда ба сифати писархондҳои (тарбиягирандагони) полкҳо ва юнгаҳо шомил буданд;

д) шахсоне, ки дар амалиёти ҷангӣ бар зидди Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламравӣ кишварҳои хориҷӣ дар ҳайати отрядҳои партизанӣ, гурӯҳҳои пинҳонкор ва дигар воҳидҳои зиддифашистӣ иштирок кардаанд;

е) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба эҳтиёт (истеъфо) баромадаанд, шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, шахсоне аз ҷумлаи ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизати халқ, ки супоришҳои Ҷангии ҳукуматии Иттиҳоди ҶШС-ро дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 9 маи соли 1945 дар қаламрави ИҶШС, ҶШС Бело­руссия, ҶШС Литва, ҶШС Латвия ва ҶШС Эстония иҷро кардаанд.

Моддаи 15. Дигар категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар карда шудаанд

Ба ҷумлаи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар моддаи 14-уми ин Қонун пешбинӣ гардидаанд, чунин шахсон низ дохил мешаванд:

а) коркунони воҳидҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандаи киштиҳои шикорӣ ва нақлиётӣ ва ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ Иттиҳоди ҶШС, Флоти баҳрию дарёӣ, ҳайати парво­зу боркашонии авиатсияи роҳҳои асосии баҳрии шимолӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот вазифаҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, инчунин аъзоёни экипа­жи киштиҳои флоти нақлиётӣ, ки дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба бандарҳои давлатҳои дигар боздошта шуда буданд;

б) шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоии маҳаллӣ, дар сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ, базаҳои баҳрӣ, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар қитъаҳои роҳи оҳан ва автомобилии ба фронт наздик, дар госпиталҳои эвакуатсионӣ ва поёздҳои санитарӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд;

в) кормандони муассисаҳо, ташкилотҳо (аз ҷумла муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг ва санъат), намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайати армияи амалкунанда ба командировка фиристода шудаанд;

г) шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба ҷамъоварии муҳимот ва техникаи ҳарбӣ, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб карда шудаанд;

д) шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудаанд ва шахсоне, ки бо нишони «Сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шудаанд;

е) шахсоне, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС барои мехнати фидокорона ва хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шудаанд;

ж) шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри со­ли 1945 дар хизмати ҳарбӣ, дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ на камтар аз шаш моҳ буданд (ғайр аз шахсоне, ки дар хизмати армияи амалкунанда қарор доштаанд);

з) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ камаш шаш моҳ, ба истиснои вақти кор дар марзҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, кор кардаанд;

и) собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсионӣ, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ, ки аз тарафи фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон сохта шуда буданд;

к) ҳамсари (шавҳари) маъюбони вафоткардаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, инчунин ҳамсари (шавҳари) иштирокчиёни вафоткардаи ҷанг, партизанҳо, пинҳонкорон, шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград дар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ва нишони «Сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шуда, дар натиҷаи касалиҳои умумӣ, иллати (маъюбии) меҳатӣ ва дигар сабабҳо ҳамчун маъюб эътироф шудаанд  (ба ғайр аз шахсоне, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ маъюб шуда­анд),  ва никоҳи дигар  накардаанд.

Моддаи 16. Иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар

Чунин шахсон иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар шуморида мешаванд:

а) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҷалб шудаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, кормандони мақомоти мазкур ва Вазорати мудофиаи собиқ ИҶШС, ки дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти давлатии ИҶШС ба дигар давлатҳо фиристода шуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбиашон (хизматиашон) дар ин давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд;

б) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки ҳангоми иҷрои супоришоти Ҷангии ҳукуматӣ дар қаламрави ИҶШС дар давраи аз 10 маи соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар дар амалиёти ҷангӣ иш­тирок кардаанд;

в) хизматчиёни баталонҳои автомобилӣ, ки ба Афғонистон барои кашондани борҳо дар давраи амалиёти ҷангӣ ба ин кишвар фиристода шудаанд;

г) хизматчиёни ҳарбии ҳайати парвозкунанда, ки аз қаламрвви Иттиҳоди ҶШС барои иҷрои супоришҳои Ҷанги ба Афғонистон парвоз кар­даанд;

д) кормандоне, ки (ба шумули аъзоёни экипажҳои парвозкунандаи самолётҳои авиатсияи гражданӣ, ки дар давраи амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон парвоз кардаанд) ба қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Муссаллаҳи ИҶШС ҳудуди давлатҳои дигар хизмат расонида, маъюб шудаанд, садаме дидаанд, ё иллатнок гардидаанд, ё бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд;

е) кормандоне, ки аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989 ба Афғонистон ба кор фиристода шуда, мӯҳлати хизмати муқарраршударо адо намудаанд ё бо сабабҳои узрнок пеш аз мӯҳлат пас фиристода шу­даанд.

Моддаи 17. Маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар

Чунин шахсон маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар1 шуморида мешаванд:

а) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, (ба шумули тарбиягирандагони қисмҳои ҳарбӣ ва юнгаҳо), ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ё дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои шомили ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда муваққатан қарор доштанд, партизанҳо, пинҳонкорон, коргарон ва хизматчиёне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории дар давраи Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар минтақаҳои роҳи оҳани наздикии фронт, дар сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ, базаҳои ҳарбии баҳрӣ, аэродромҳо гирифтор шудаашон маъюб гардидаанд ва онҳое, ки аз ҷиҳати таъмини нафақа ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда баробар карда шудаанд;

б) хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории ҳангоми ҳифзи Ватан ё ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ дар фронт, дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ маъюб шудаанд;

в) шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар минтқаҳои амалиёти ҷангӣ ба амаломада маъюб шудаанд;

г) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталионҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои супоришҳои Ҷангии ҳукуматӣ дар қаламрави ИҶШС дар давраи аз 1 янва­ри соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар ба амаломада маъюб шудаанд;

д) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба ҷамъоварии лавозимот ва техникаи ҳарбӣ, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб шуда, дар натиҷаи яра­доршавӣ, садама, иллат ё бемории дар ин давра шудаашон маъюб шу­даанд;

е) кормандони ба қисмҳои армияи амалкунанда дар қаламрави давлатҳои дигар хизматрасонанда, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, ил­лат ё бемории дар давраи амалиёти ҷанги дар ин давлатҳо мубталогаштаашон маъюб шудаанд.

Моддаи 18. Мақомоте, ки феҳристи қисмҳои ба ҳайати армияи амалкунанд дохилшаванда, феҳристи давлатҳоеро, ки дар онҳо амалиёти ҳарбӣ бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шуда­анд, муайян мекунанд ва шаҳрвандонро ба категорияи ветеранҳо дохил менамоянд.

Феҳристи қисмҳои ҳарбӣ, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил буданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Феҳристи давлатҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва давраҳои амалиёти ҷангӣ, ки бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, инчунин ба ҷумлаи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ветеранҳои ама­лиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар дохил намудани дигар категорияҳои шаҳрвандон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи19. Ветеранҳои хизмати ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи ҶШС, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадӣ, қӯшунҳои дохилӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбии мувофиқи Қонун ташкилшуда, инчунин хизматчиёни ҳарбии вазоратҳо ва идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дар сурати мавҷудияти яке аз асосҳои зайл ветеранҳои хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда шудаанд:

25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;

ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ бинобар вазъи саломатӣ (аз рӯи маъюбӣ);

ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ бинобар ихтисор шудани штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;

дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо орденҳою медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;

тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани хизмати ҳарбӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он шахсоне мебошанд, ки дар вазифаи қатори ё дар ҳайати роҳбарӣ (аз рӯи аттестатсия) дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук ва мақомоти прокуратура хизмат мекунанд, судяҳои собиқ Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои Суди иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дорои яке аз асосҳои зайл ҳастанд:

25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;

ҷавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар вазъи саломатӣ (аз рӯи маъюбӣ);

ҷавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар ихтисори штатҳо дар су­рати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;

дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се да­раҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;

тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани хизмати ҳарбӣ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 21. Ветерани меҳнат

Ветеранҳои меҳнат шахсоне мебошанд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ дар давоми на камтар аз 25 соли тақвимӣ (барои мардҳо) ва 20 соли тақвимӣ (барои занҳо) кор карда, яке аз асосҳои зеринро доранд:

дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;

барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд.

Тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани меҳнат» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Статути унвони «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон», орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Статути унвони «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон», орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муайян карда мешавад.

Ветеранҳое, ки ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, аз дигар ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷубронот, ки тавассути Статути мукофотҳои мазкур мувофиқи қонун муқаррар карда шудаанд, истифода бурда метавонанд.

Моддаи 23. Нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи ветеран

Нишонҳои сарисинагии ветеранҳое, ки дар моддаи 12-уми ин Қонун зикр шудаанд, мукофоти давлатӣ буда, аз номи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон тавассути мақомоти (шахсони) ба он вазифадор кардашуда супурда мешаванд.

Статути нишони сарисинагӣ тафассути Қонун муайян карда мешавад ва тавсифи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда меша­вад.

Ҳуқуқ, кафолатҳо ва ҷуброноти давлатии ветеранҳо ҳангоми аз та­рафи онҳо нишон додани шаҳодатномаҳои намунаашон якхелае, ки Шӯрои Вазирони ИҶШС то 31 декабри соли 1991 ё Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон барои ҳар як категорияи ветеранҳо муқаррар кардааст,  татбиқ мешавад.

Моддаи 24. Тадбирҳои умумии ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ветеранҳо

Ба шахсоне, ки дар асоси ҳамин Қонун ветеран дониста шудаанд, афзалиятҳои зайл дода мешавад:

1) ҳуқуқи афзалиятнок барои муолиҷаи бепул дар муассисаҳои тиббии статсионарӣ ва амбулатории давлатӣ;

2) муоинаи ҳарсолаи диспансерӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ;

3) ҳангоми ба нафақа баромадан бепул истифода бурдан аз поликлиникаҳое, ки дар онҳо ба қайд гирифта шуда буданд (аз ҷумла поликлиникаҳои тобеи идорӣ);

4) дар навбати аввал аз ҷои кор таъмин карда шудан, барои бекорон бошад, - аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа дар маҳалли истиқомат ё аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа таъмин намудани роҳхатҳо барои истироҳат дар шифохонаҳо, профилакторияҳо ва истироҳатгоҳҳо;

5) афзалият барои табобати санаторию курортӣ дар вақти муносиб (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);

6) бемузд омӯхтани касбҳои нав дар маҳалли кор дар курсҳои такмили ихтисос дар системаи давлатии тайёр  кардани кадрҳо ва такмил додани ихтисоси онҳо бо пардохти музди меҳнат аз ҷои кор дар тамоми давраи таҳсил;

7) дар мавриди мувофиқ истифода бурдани рухсатии меҳнатии ҳар­солаи пулакӣ ва гирифтани рухсатии иловагии бепул;

8) афзалият ҳангоми таъини нафақа, пардохти ёрдампулӣ, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

9) афзалият ҳангоми қабул шудан ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани ёрии иҷтимоӣ дар хона (бенавбат фақат ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, ба категорияи боқимондаи ветеранҳо - дар навбати аввал);

10) афзалият дар истифодаи тамоми навъҳои хидмати алоқа, муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ ва варзишию тандурустӣ, харидани билет ба тамоми, навъҳои нақлиёт (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);

11) афзалият ҳангоми қабул шудан ба муассисаҳои давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ;

12) афзалият ҳангоми дохил шудан ба кооперативҳои манзилӣ, сохтмони манзил, гараж, кооперативҳои бустонсаройсозӣ, ширкатҳои боғпарварию обчакорӣ, ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин (дар ҳудуди меъёре, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст) барои сохтмони хонаҳои хусусӣ, хоҷагиҳои боғдорию обчакорӣ (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);

13) афзалият дар гирифтани қарз аз муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хона, манзили истиқоматии шахсӣ, боғсарой, ободонии қитъаи боғӣ ва таъмири асосии манзилҳои ба онҳо тааллуқдошта (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);

14) бепул шахсӣ кунонидани манзилӣ ишғолкардаи истиқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатӣ, мунисипалӣ ва идораҳо (аз рӯи қоидаҳои бан­ди 9-уми ҳамин модда);

15) ба ҳисоби собиқаи меҳнат (собиқаи хизмат) дохил кунонидани факти иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳаҷми секарата (як сол ба ҳисоби се сол).

 

ФАСЛИ IV.

ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Моддаи 25. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ветеранҳои ҷанг (моддаи 14-ум) ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зерин истифода менамоянд:

а) умрбод аз пардохтҳои зерин озод карда мешаванд;

1) аз пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ. Зимнан то 15 метри мураббаъ аз масоҳати иловагии истиқоматӣ ба андозан яккарата пардохта мешавад;

2) аз пардохти ҳаққи хидмати посбонии ғайриидоравӣ, хадамоти коммуналӣ (новобаста аз фонди манзилӣ) (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ), ва барои онҳое, ки дар хонаҳои оби гарме надошта зиндагӣ мекунанд, аз пардохти пули сӯзишворӣ дар ҳудуди меъёри фурӯши барои аҳолӣ муқарраршуда ва хизматгузории нақлиётӣ барои расонидани ин сӯзишворӣ;

3) аз пардохти хизмати алоқа;

4) барои гирифтани қитъаҳои замин дар он ҳаҷме, ки қонунгузорӣ барои сохтани хонаи шахсӣ, боғчаҳо, гараж, хоҷагии боғдорию полезӣ, чорво муқаррар кардааст;

5) аз фоизи қарзи яккаратаи муассисаҳои бонки давлатӣ барои ха­ридани (сохтани) хона, бинои шахсӣ, боғсаро, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқонӣ;

6) аз дорупулӣ аз рӯи нусхаи духтурон дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

7) аз ҳаққи сохтану тармим кардани дандонҳои сунъӣ (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд) инчунин барои таъмин кардан бо навъҳои дигари ёрии протезию-ортопедӣ (ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд);

8) аз пули путёвкаҳо барои табобати санаторию курортӣ (ба шарте, ки онҳо барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ду ва зиёда аз он орденҳои ИҶШС ва ҶумҳурииТоҷикистон мукофотонида шуда бошанд);

9) аз роҳкирои ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ, (ба истиснои таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳрӣ;

10) аз роҳкиро як бор дар ду сол ҳангоми рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё автомобилӣ ё ин ки мувофиқи хоҳиши ӯ дар як сол як бор сафар (рафтуомад) кардан бо нархи 50 фоиз арзоншуда бо навъҳои нақлиётӣ дар боло номбурда;

б) ғайр аз ин ҳуқуқи зерин дода мешавад:

1) дар навбати аввал (барои маъюбон бенавбат) аз ҷои кор, бо нар­хи арзон ва барои касоне, ки кор намекунанд, аз ҳисоби мақоми дахлдори таъминоти нафақа гирифтани путёвка барои табобати санаторию курортӣ;

2) дар навбати аввал шахсони барои беҳбуди шароити манзилӣ муҳтоҷ, (маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 бенавбат) аз ҳисоби фондҳои манзилии давлатӣ, мунисипалӣ ё идоравӣ бепул бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд (кӯчондани онҳо аз манзили истиқоматии хизматӣ бе додани ман­зили истиқоматии дигар манъ аст);

3) бенавбат гузаронидани телефони хона, зимнан барои инвалидони ҷанг бепул;

4) берун аз конкурс қабул кардан ба муассисаҳои таълими давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва дар давраи таҳсил дар ин муассисаҳо гирифтани стипендияи зиёдтаре, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст;

5) аз ҷои кор гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мӯҳлати се ҳафта (маъюбони ҷанг то чор ҳафта);

6) дар навбати аввал (барои маъюбони ҷанг бенавбат) таъмир намудани манзили истиқоматӣ;

7) гирифтани ёрдампулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар натиҷаи бемории умумӣ то се моҳ паи ҳам ё то чор моҳ, паи ҳам дар як со­ли тақвимӣ (маъюбони ҷанг мувофиқан чор ва панҷ моҳ);

8) гирифтани ёрдампулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳаҷми 100 фоиз, новобаста аз собиқаи меҳнатӣ;

9) дар навбати аввал таъмин шудан бо сӯзишворӣ.

Ба иштирокчиёни ҷанг, ки дар натиҷаи бемориҳои умумӣ, иллати меҳнатӣ ва дигар сабабҳо (ба истиснои шахсоне, ки маъюбиашон дар натиҷаи аъмоли ғайриқонунӣ ба амал омадааст) маъюб шудаанд, ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти маъюбони ҷанг, мувофиқи гурӯҳи муқаррашудаи маъюбӣ, бидуни ташхиси иловагии экспертии тиббӣ дода ме­шавад.

Моддаи 26. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии маъюбони ҷанг

Ба маъюбони ҷанг (моддаи 17) илова бар тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии дар моддаи 24-25-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳуқуқҳои зерин дода мешаванд:

1) бенавбат дар муассисаҳои давлатии табобатии статсионарӣ хобидан (барҳам додани шифохонаи маъюбони ҷанг мумкин нест);

2) ба онҳо мутобиқи хоҳишашон ба ҷои путёвка, барои табобати санаторияву курортӣ дар ду сол як бор додани ҷубронпулӣ аз рӯи тартибу андозае, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян мекунад;

3) гирифтани варақаи беморӣ (ба маъюбони гурӯҳи 1-2) дар сурати нокифоя будани рухсатии навбатӣ ва иловагӣ барои табобат ва рафтуомади курорт барои чанд рӯзе, ки лозим бошад. Зимнан ёрдампулӣ, сарфи назар аз он ки путёвка аз ҳисоби кӣ дода шудааст, пардохта мешавад;

4) бенавбат гирифтани масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони манзили шахсӣ ва таъмири асосии хонае, ки дар он истиқомат мекунанд;

5) таъмири асосии хонаҳои хусусӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба тартибе, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян кардааст;

6) бепул сафар кардан, аз ҷумла барои шахсе, ки маъюбӣ гурӯҳи 1-умро ҳамроҳӣ мекунад, дар тамоми навъҳои нақлиёти шаҳрии мусофиркаш (ба ғайр аз таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин ҳаракати наздишаҳрӣ;

7) дар як сол як бор бепул сафар кардан (рафтану омадан) тавассути нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ё автомобилии байнишаҳрӣ. Ба шахсе, ки маъюбӣ гурӯҳи 1-умро дар сафар ҳамроҳӣ мекунад (на зиёдтар аз як ҳамроҳикунанда) нархи раҳкирои навъҳои номбаршудаи нақлиёт 50 фоиз арзон карда мешавад. Зимнан, маъюбони гурӯҳи 3-юм-дар як сол як бор аз роҳкирои 50 фоиз арзоншудаи (рафтану омадан) бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ истифода мебаранд;

Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯи тартибу мӯҳлате, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян кардааст, бо пешниҳоди муоинаи тиббӣ бепул (бидуни ҳуқуқи фурӯхтан) автомобили сабукрави дастӣ идорашаванда ба муддати ҳафт сол ё ин ки мотоколяска ба муддати исти­фодаи панҷсола дода шуда, ҳароҷоти хариди бензин, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин хароҷоти тармиму хизматрасонии техникиашон пардохта меша­вад. Зимнан ба маъюбоне, ки аз рӯи муоинаи тиббӣ барои бепул мошин ё мотоколяска гирифтан ҳуқуқ доранду онро нагирифтаанд, ҳар сол ҷубронпулии хароҷот барои истифодаи нақлиёт пардохта мешавад.

Моддаи 27. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар

Ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ба ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз кафолату ҷуброноти зерин истифода мебаранд:

а) кафолату ҷуброноти дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда. ба истиснои зербандҳои 2), 3, 4)-ум ва 10-уми банди «а» ва зербандҳои 3, 7-уми банди «б» - шахсоне, ки дар сарсатрҳои «а», «б», «в»-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, истифода мебаранд. 3имнан категорияи шахсони мазкур хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ), пули хизмати алоқаро 50 фоиз кам месупоранд, барояшон бенавбат телефони хона гузаронида мешавад. Бар замми он, категорияи шахсони номбаршуда, ки садама дидаанд ва ярадору иллатнок шудаанд, ҳақ доранд дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ бепул сафар кунанд, ё бо хоҳиши худ дар як сол як бор дар нақлиёти зикршуда бо пардохтани 50 фоизи ҳақи роҳкиро сафар кунанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

б) дар моддаи 25-уми ин Қонун зикршуда ба истиснои зербандҳои 1), 2), 3), 4)-ум ва 10-уми банди «а» ва зербандҳои 3, 7, 9-уми банди «б» онҳое, ки дар сарсатрҳои «г» ва «д»-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

в) дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои 1), 2), 3), 4), 6), 7), 8)  ва 10-уми банди «а» ва зербандҳои 2, 3, 6, 7, 8-уми банди «б» - онҳое ки дар сарсатри «е»-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

Моддаи 28. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариатҳои халқӣ ва идораҳои собиқ ИҶШС

Коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандагони киштиҳои шикорӣ ва боркашон ва ҳайати парвозу боркашонии Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ ИҶШС, флотҳои баҳрию дарёӣ, ҳайати парвозкунандагону боркашонии авиатсияи Саридораи роҳҳои Баҳри Шимолӣ (Главсевморпуть), ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот супоришҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, аъзоёни экипажҳои киштиҳои флоти боркашон, ки дар аввалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бандарҳои дигар давлатҳо боздошта шудаанд, ҳамчунин шахсони дар сарсатрҳои «в» ва «г»-и моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда илова бар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлатӣ истифода мебаранд:

1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқоматӣ, боғсаро ва ободонии қитъаи замини боғӣ;

2) бепул гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузорӣ ба­рои сохтмони манзили истиқоматӣ, хоҷагии боғдорию полизӣ ва деҳқонӣ муайян кардаанд;

3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;

4) аз рӯи нусхаҳои духтурон бепул гирифтани доруҳо дар ҳудуди меъёре, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст ва бепул ва дар навбати аввал сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъӣ (ба ис­тиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта мешаванд) дар дармонгоҳҳои маҳалли истиқомат;

5) гирифтани рухсатии иловагии бепул соле ба муддати то сеҳаф­та;

6) бепул сафар кардан бо тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳр ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунии дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳрӣ;

7) озод будан аз пардохти хонапулӣ, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) ва хизмати алоқа.

Моддаи 29. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шудаанд

Шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сен­тябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шудаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлатӣ истифода мебаранд:

1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки дав­латӣ барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқоматӣ, хоҷагии боғдорӣ ё деҳқонӣ;

2) дар навбати аввал бепул ва бенавбат гирифтани манзили истиқоматӣ дар хонаҳои мансуби фонди манзилии давлатӣ, мунисипалӣ ва идоравӣ барои шахсоне, ки муҳтоҷи беҳтар кардани шароити манзилӣ мебошанд, дар навбати аввал таъмир намудани манзилҳои истиқоматии онҳо;

3) бенавбат гузаронидани телефони хона;

4) бепул гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузорӣ ба­рои сохтмони манзилӣ истиқоматии шахсӣ, хоҷагии боғдорию полизӣ муайян кардааст;

5) бепул гирифтани доруҳо аз рӯи нусхаи духтурон дар ҳудуди меъёре ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

6) бепул сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъӣ (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд), ва таъмин намудан бо дигар навъҳои дандонҳои сунъӣ ва маснуоти ортопедӣ;

7) гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол;

8) аз ҷои кор таъмин шудан бо роҳхат ба шифохонаҳо, дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат бо нархи арзон ва касони корнакунанда аз тарафи мақомоти нафақа бо роҳхатҳои бепул таъмин карда мешаванд;

9) бепул таъмин шудан бо роҳхатҳо аз рӯи муоинаи тиббӣ барои табобати санаторию курортӣ дар давраи аз октябр то апрел;

10) бепул сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани байнишаҳрӣ ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳрӣ;

11) бепул сафар кардан дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ё ин ки дар як сол як бор сафар кардан ба навъҳои нақлиёти номбаршуда бо 50 фоиз кам кардани роҳкиро;

12) озод будан аз пардохти хонапулӣ. Зимнан пули масоҳати илова­гии манзилӣ истиқоматӣ (то 15 метри мураббаъ) дар ҳаҷми яккарата пардохта мешавад;

13) озод будан аз паддохти музди хизмати посбонии ғайриидоравӣ, хизмати коммуналӣ ва хизмати алоқа. Зимнан шахсоне, ки хонаҳояшон маркази гармидиҳанда надорад, - аз пардохти пули сӯзишворӣ, ки дар ҳудуди меъёрҳои барои фурӯш ба аҳолӣ муқаррар карда шудаанд ва хизмати нақлиётӣ барои овардани ин сӯзишворӣ.

Моддаи 30. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шахсоне, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда кор мекарданд

Шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоии маҳаллӣ, сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ, базаҳои баҳрӣ, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар минтақаҳои наздифронтии роҳи оҳан ва автомобилгард, дар шифохонаҳои сайёр (эвакуасионӣ), ва поездҳои санитарӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки моддаи 21-уми ҳамим Қонун пешбинӣ намудааст аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зерин истифода мебаранд:

1) гирифтани қарзи яккаратаи бефоизи муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хонаи истиқоматии хусусӣ, боғсарой ва ободонии қитъаи замини боғ аз рӯи тартиб ва ҳаҷме, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

2) бепул гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузорӣ ба­рои сохтмони манзили хусусӣ ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ муайян кардааст;

3) 50 фоиз кам кардани нархи доруҳои аз рӯи нусхаи духтурон гирифташаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст;

4) гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол;

5) бепул сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ дар деҳот (ба ғайр аз таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқоматӣ, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳрӣ;

6) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ), пар­дохти пули хизмати алоқа;

7) касонеро, ки дар натиҷаи бемории умумӣ маъюби гурӯҳи I ва II шудаанд, аз манзили хизматии ишғолкардаашон бидуни барояшон беподош додани иқоматгоҳи дигар хориҷ намудан мумкин нест.

 

Моддаи 31. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарбӣ, хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ будаанд (ба ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё барои хизмати бенуқсони ҳарбии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотнидашуда)

Шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 камаш 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ, хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ будаанд (ғайр аз шахсонӣ дар ҳайати армияи амалкунанда бу­да ё, барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд), ба ғайр аз тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоӣ, ки моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлатӣ истифода мебаранд:

1) гирифтани кредитҳои якдафъагии бефоизи муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахсӣ, боғсарой, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ва деҳқонӣ ба тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

2) маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз хонаҳои хизматӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, бе додани дигар манзили бепул кӯчонда шуда наметавонанд;

3) гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол;

4) рафтуои бепул дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ (ғайр аз таксӣ), инчунин 50 фоиз кам кардани музди рафту омад бо нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат.

Моддаи 32. Ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд

Шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ камаш  шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор кардан дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд, бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии дар моддаҳои 25, 26 ва банди 2 моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

Моддаи 33. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти собиқ асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ

Асирони собиқ ноболиғи лагерҳои консентратсионӣ, гетто ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил карда буданд, бар замми ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинишуда, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

1) гирифтани қарзи бефоиз аз муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахсӣ, боғсарой, ободонии қитъаи боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқонӣ ба тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

2) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) ва хиз­мати алоқа, касоне, ки дар хонаҳои маркази гармидиҳанда надошта сукунат доранд, аз пули сӯзишворӣ дар ҳудуди меъёрҳое, ки барои фурӯш ба аҳолӣ муқаррар шудааст;

3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;

4) 50 фоиз кам кардани пардохти пули доруҳои аз рӯи нусхаи (ресепти) духтур харидашаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин пардохти пули сохтан ва таъмир кардани протезҳои дандон (ба истиснои протезҳо аз маъданҳои қиматбаҳо) ва дигар ёрии протезию ортопедӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ;

5) гирифтани рухсатии бепул ба муддати то се ҳафта дар як сол;

6) соле як маротиба 50 фоиз кам кардани нархи рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ё нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ё бо хоҳиши худ дар ду сол як маротиба дар нақлиёти фавкуззикр бепул рафтуомад кардан;

7) бепул рафтуомад кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳрӣ.

 

ФАСЛИ V.

ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ХИЗМАТҲОИ ШОЁН БО ОРДЕНУ МЕДАЛҲО МУКОФОТОНИДА ШУДААНД

Моддаи 34. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда

 

Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда илова ба тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои  2), 3), 4), 5), 6), 7), 9-уми банди «а» ва зербандҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9-уми банди «б»-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

1) таъини нафақа барои хизматҳои шоён;

2) соле як маротиба рафтуомади бепул бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор), нақлиёти ҳавоӣ ё автомобилии байнишаҳрӣ;

           3) соле як маротиба аз ҷои кор ва барои шахсоне, ки кор намекунанд, аз ҷониби мақомоти нафақа таъмин шудан бо путёвкаи бепул ба­рои муолиҷаи санаторию курортӣ мутобиқи хулосаи муассисаи тиббӣ;

4) додани масоҳати иловагии истиқомат дар биноҳои фонди манзили давлатӣ, мунисипалӣ ё идоравӣ то 20 метри мураббаъ.

Бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи ҷои таваллуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахси бо се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда хотираи онҳо бо гузоштани номашон ба кӯчаю майдонҳо, гулгаштҳо, мактабу маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои физикию географӣ ё бо тадбирҳои дигари дар қонунгузорӣ пешбинигардида абадӣ гардонида мешавад.

Моддаи 35. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шарафи Меҳнатӣ» мукофотонидашуда

Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шарафи Меҳнатӣ» мукофотонидашуда илова ба ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 3), 4), 5), 6), 9-ми банди «а», зербандҳои 2, 3, 4, 5, 8-уми банди «б»-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26 ва бандҳои 1), 2), 3)-уми қисми якуми мод­даи 34-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, ба бепул гирифтани масоҳати иловагии манзилӣ истиқоматӣ то 15 метри мураббаъ ҳақ доранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

Моддаи 36. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» мукофотонда шудаанд

Шахсони бо се дараҷаи ордени «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» мукофотонидашуда бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 5), 9)-уми банди «а»», зербандҳои 2, 4, 5, 7-уми банди «б»-и моддаи 25, банди 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳақ доранд, ки соле як маротиба бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор) бепул рафту омад кунанд ва хароҷоти хизмати комуналиро дар ҳаҷми 50 фоиз кам мепардозанд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №594).

 

ФАСЛИ VI.

ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ВЕТЕРАНҲОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ, МЕҲНАТ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВЕТЕРАНҲО – ШАҲРВАНДОНИ ДАВЛАТҲОИ ДИГАР

Моддаи 37. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти ветеранҳои хизмати ҳарбӣ

Ветеранҳои хизмати ҳарбӣ (моддаи 19) бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун ва санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи статуси хизматчиёни ҳарбе пешбинӣ шудааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

           1) дар навбати аввал таъмин шудан бо манзили бепул дар иморатҳои фонди манзилии давлатӣ, мунисипалӣ ва идоравӣ. Зимнан аз манзил хориҷ кардани хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ ҷавобшуда бидуни барояшон додани манзили дигар манъ аст;

2) гирифтани масоҳати иловагии истиқоматӣ то 9 метри мураббаъ (барои ҳайати афсарони олирутба);

3) 50 фоиз кам кардани пули пардохти манзил ва хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ);

4) таъмини муолиҷаи санитарию курортӣ аз ҳисоби Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон. Дар ин сурат шахсоне, ки аз Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон роҳхат мегиранд, як ҳиссаи арзиши роҳхатро мувофиқи тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонун мепардозанд;

5) озод намудан аз пардохти пули рафтуомад дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ғайр аз таксӣ) дар деҳот.

Ба ветеранҳои дорои унвони генерал ҳангоми фиристода шуданашон барои хизматрасонии тиббӣ ва муолиҷаи санаторию курортӣ ба муассисаҳои тиббии ҳарбӣ, санаторияву истироҳатгоҳҳо мутобиқи путёвкаҳое, ки муассисаҳои тиббии ҳарбӣ медиҳанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар асоси хулосаи муассисаҳои марбутаи тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон аз ҳисоби маблағи идораи дахлдор барои муолиҷаи статсионарӣ рафта оянд.

Моддаи 38. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқии иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун, санадҳои қонунгузорӣ оид ба статуси шахсони ҳайати қаторӣ ва раҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

1) таъин кардани нафақа, пардохтани замимапулӣ ва иловапулӣ ба нафақа мутобиқи Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»;

2) ҳисоб кардани вақти хизмат (собиқаи хизмат)  ба собиқаи меҳнат (як бар як);

3) озод кардан аз пардохти пули рафтуомад дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум (ба ғайр аз таксӣ) дар деҳот;

4) дар навбати аввал гирифтани хона, аз ҷумла масоҳати иловагии манзил то 9 метри мураббаъ (масоҳати иловагӣ ба шарте дода мешавад, ки унвон, дараҷа (рутба) ба унвони генерал-майор ва унвони аз он болотар, мутобиқ бошад);

5) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ).

Моддаи 39. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои меҳнат

Ветеранҳои меҳнат ҳангоми ба нафақа баромадан бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, банди 3-юми моддаи 38-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

1) гирифтани кӯмаки моддӣ ё молиявӣ аз ҳисоби маблағи корхонаҳо;

2) гирифтани иловапулӣ ба нафақа;

3) барои онҳое, ки ба нафақаи пиронсолӣ баромадаанд, нигоҳ доштани собиқаи муттасили меҳнатӣ;

4) дар навбати аввал гирифтани манзил  (дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонун).

Ветеранҳои меҳнат вақти ба нафақа баромадан аз ҳуқуқи аъзои коллективи меҳатии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки онҳо пеш аз нафақахӯр шудан дар он ҷо кор мекарданд, истифода меба­ранд. Ҳуқуқи беҳбуди шароити манзилии онҳо ва иштироки онҳо дар хусусигардонӣ ва саҳҳомикунонии корхона, муассиса ва ташкилот боқӣ мемонад.

Моддаи 40. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳо - шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки муваққатан муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд

Ветеранҳо - шаҳрвандони давлатҳои собиқ ИҶШС, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки муваққатан муқими ҶумҳурииТоҷикистон гаштаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлатӣ истифо­да мебаранд:

а) ветеранҳои ҷанг;

аз рӯи нусхаҳои (ресептҳои) духтурон бепул гирифтани дорувор (дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян месозад);

муолиҷаи бепул дар муассисаҳои тиббии давлатӣ;

б) ветеранҳои ҳамаи категорияҳо:

рафтуомади бепул дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба истнои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум дар деҳот;

бенавбат истифода бурдан аз хизмати алоқа ва муассисаҳои спортию солимгардонӣ ва маданию маърифатӣ;

бенавбат харидани билет ба ҳамаи навъҳои нақлиёт.

 

ФАСЛИ VII.

ҲУҚУҚ  ВА  КАФОЛАТУ  ҶУБРОНОТИ  АЪЗОИ  ОИЛАИ  ВЕТЕРАНҲО

Моддаи 41. Шахсоне, ки аъзои оилаи ветеранҳо дониста мешаванд.

Шахсони зайле, ки якҷоя бо оилаи ветеран зиндагӣ мекунанд, аъзои оилаи ӯ дониста мешаванд:

а) волидайн (модар, падар);

б) ҳамсарон (шавҳар, зан);

в) фарзандони ба синни 18 нарасида ё калонтар аз ин син, агар онҳо дар муассисаҳои таълимии олӣ ё миёнаи касбӣ таҳсил намоянд;

г) бародарон, хоҳарон ва набераҳои ғайриқобили меҳнат, агар онҳо дар таъминоти ветеран бошанд;

д) бобо, бибӣ ё дигар ашхоси ғайриқобили меҳнат, ки дар таъми­ноти ветеран мебошанд.

Моддаи 42. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии аъзои оилаи ветеран

Аъзои оилаи ветеран аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлатӣ истифода мебаранд:

а) 50 фоиз кам кардани пардохти пули хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) барои аъзои оилаи ветеран, ки дар сарсатри «а» моддаи 27, дар модаҳои 25, 26, 28, 29, 30, 33, 35 ва 36-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд;

б) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил барои аъзои оилаи ветеран, ки дар модаҳои 26, 31, 35-уми ин Қонун зикр шудаанд;

в) аз пардохтани пули хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) озод намудани аъзои ои­лаи ветеран, ки дар моддаи 34-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд.

Моддаи 43. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти иловагии давлатии аъзои оилаҳои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, ки ҳалок шудаанд (фавтидаанд)

 Аъзои оилаҳои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ветеранҳои ама­лиёти Ҷангии дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалокшуда (фавтида), ки дар модаҳои 14, 16 ва17-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, ба замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар моддаи 42-юми ин Қонун пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлатӣ истифода мебаранд:

1) таъини нафақа ба сабаби гум кардани саробон ва андозбандии имтиёзнок;

2) гирифтани ёрдампулӣ барои гӯрондан дар ҳадди меъёре, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

3) ба моликияти оила додани автомобили сабукрав ё мотоколяскае, ки маъюб бепул гирифта буд;

4) дар навбати аввал бо манзил бепул таъмин намудани ашхоси муҳтоҷи беҳбудии шароити манзил;

5) кам кардани пули пардохти сӯзишворӣ (дар ҳаҷми 50 фоиз) дар ҳудуди меъёре, ки сокинони хонаҳои марказгармӣ надошта мехаранд;

6) гирифтани кредити яккаратаи имтиёзноки муассисаҳои бонкӣ ба­рои харидани (сохтани) квартира, хонаи истиқоматӣ, боғсарой, ободонии қитъаҳои боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқонӣ;

7) ҳуқуқи имтиёзноки дохилшавӣ ба кооперативҳои манзилӣ, сохтмони манзил, гаражҳо ва кооперативҳои дигар, ширкатҳои боғу полизӣ;

8) бепул гирифтани қитъаи замин ба андозаи дар Қонун муайяншуда барои сохтмони манзил, ба роҳ мондани хоҷагии боғу  полизӣ ё деҳқонӣ;

9) норавоии аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ баровардани оилаҳои ветеранҳои ҳалокшуда (фавтида) бе ин ки ба онҳо хонаи дигари истиқоматӣ бепул дода шавад;

10) бепул истифода кардан аз поликлиникаҳо ҳангоми ба нафақа баромадан, ки аъзои оила дар замони зинда будани ветерани ҳалокшуда (фавтида) вобаста карда шуда буданд;

11) дар асоси нусхаҳои (ресептҳои) духтурон ба ҳадди меъёр ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз дору бепул таъмин намудани волидайн, зани (шавҳари) ветерани ҳалокшуда (фав­тида);

12) ҳуқуқи имтиёзнок барои таъмин карда шудан бо путёвкаи сана­торияҳо, профилакторияҳо, истироҳатгоҳҳо (дар сурати ҷоиз будани муолиҷаю истироҳат аз нигоҳи тиббӣ) аз охирин ҷои кори ветерани ҳа­локшуда (фавтида);

13) бепул сафар кардани волидайн, зани (шавҳари) ветерани ҳалок­шуда (фавтида) дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ, наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми деҳот (ба ғайр аз таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани хатти наздишаҳрӣ ва дар автобусҳои маршрутҳои наздишаҳрӣ;

14) дар навбати якум қабул кардани зани (шавҳарӣ) ветерани ҳалок­шуда (фавтида) ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон, ба марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ҳамчунин бенавбат қабул намудани онҳо барои хизматрасонӣ аз тарафи шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона;

Ҳуқуқу кафолатхо ва ҷуброноти давлатӣ ба волидайни зани (шав­ҳарӣ) дубора ақди никоҳ накарда, сарфи назар аз ин ки онҳо нонхӯри ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ветерани амалиёти ҷангӣ мебошанд ё не ва сарфи назар аз гирифтани ҳар навъи нафақа ва музди кор, ҳамчунин ба шахсони дар банди «и» моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда дода мешаванд.

Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатӣ, ки барои аъзои оилаи ветеранҳои ҳалокшудаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ветеранҳои амалиёти Ҷангии қаламрави давлатҳои дигар муқаррар карда шудаанд, ба аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва ҳайати роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ ё вазифаҳои хизматӣ, ё дар асирӣ ва ё мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонун дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ беному нишон гумгашта дониста шудаанд, татбиқ мегарданд.

ФАСЛИ VII.

ҚОИДАҲОИ НИҲОӢ

 

Моддаи 44. Боздоштани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ве­теран ва аъзои оилаи вай

Дар сурати ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудани ветеран ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбининамудаи ҳамин Қонун дар давраи адо кардани ҷазои таъимнамудаи суд боздошта мешаванд.

Мақоме, ки ба ветеран замимаварақаи шаҳодатномаро дар бораи истифодаи ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбиникардаи ин Қонун додааст, варақаи мазкурро бекор мекунад.

Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти марбутаи давлатӣ баъд аз адои ҷазо дар асоси дархости он муассисаи ислоҳоти меҳнатӣ, ки ветеран дар он ҷо мӯҳлати ҷазоро сипарӣ мекунад, аз нав барқарор карда мешавад.

Масъалаи боздоштан ё барқарор намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатӣ нисбати аъзои оилаи ветерани ба маҳрумият аз озодӣ маҳкумшуда низ ба ҳамин тартиб ҳал мегардад.

Моддаи 45. Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давла­тии ветеранҳо ва аъзои оилаи онҳо

Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатие, ки Қонуни мазкур барои ветеранҳо ва аъзои оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 46. Масъулият барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бо­раи ветеранҳо

Шахсоне, ки дар риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ветеранҳо гуннаҳкоранд, масъулияте ба душ доранд, ки қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст.

Моддаи 47. Баҳсҳо аз рӯи масъалаҳои вобаста ба амалӣ кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбиникардаи ин Қонун

Баҳсҳо аз рӯи амалӣ кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давла­тии пешбининамудаи ин Қонун аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.

Амалҳои ғайриқонунии мақомот ва шахсони мансабдор оид ба ама­лӣ намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатӣ низ ба ҳамин тартиб ҳал карда мешаванд.

 

 

     Президенти

ҶумҳурииТоҷикистон                                                                                      Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе,  7 апрели соли 1995,

№59

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба мавриди амал қарор додан ва татбиқ намудани Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон

«Дар бораи ветеранҳо»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №7-8, мод. 69)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз рӯзи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

II. Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар муддати як моҳ:

оид ба дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки бо қабули Қонун «Дар бораи ветеранҳо» вобастаанд, ба тартиби муқарраршуда таклифҳо пешниҳод намояд;

қарорҳо ва супоришҳои Ҳукуматро ба Қонуни мазкур мутобиқ созад;

ба вазоратҳо ва идораҳои ҶумҳурииТоҷикистон супорад, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии баровардаашонро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонанд; 

ба тартиби муқарраршуда санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати ИҶШС-ро оид ба ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ беэътиборшуда ҳисоб кунад;

қоидаҳои дахлдорро дар бобати татбиқи Қонуни мазкур таҳия ва тасдиқ намояд.

III. Муқаррар карда шавад, ки амали модаҳои 14, 15 ва 17-уми Қонуни мазкур нисбати шахсоне (аз ҷумлаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон) татбиқ мешавад, ки дар амалиёти Ҷангии фронтҳои Ҷанги гражданӣ дар ҳудуди ИҶШС аз 23 феврали соли 1918 то октябри соли 1922;

дар мубориза ба муқобили босмачигӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ок­тябри соли 1922 то июни соли 1931; дар Ҷанги байни Шӯравию Польша аз март то октябри соли 1920; дар ҳудуди Испания аз соли 1936 то со­ли 1939; дар маҳалли Кӯли Ҳасан аз 26 июл то 11 августи соли 1939; дар соҳили дарёи Халхин-Гол аз 11 май то 16 сентябри соли 1939; ҳангоми муттаҳидкунии ИҶШС, Украинаи Uарбӣ ва Белоруссияи Uарбӣ аз 17 то 28 сентябри соли 1939; дар Хитой аз августи соли 1924 то июли соли 1927, аз октябр то ноябри соли 1929, аз июли соли 1937 то сентя­бри соли 1945; Ҷанги Шӯравию Фин аз 30 ноябри соли 1939 то 13 марти соли 1940 ва Ҷанги Шӯравию Япония аз 9 август то 3 сентябри соли 1945 иштирок кардаанд.    

IV. Фаҳмонда шавад, ки иштирок дар ҳимояи шаҳрҳои Одесса аз 10 август то 16 октябри соли 1941, Севастопол аз 5 ноябри соли 1941 то 4 июли соли 1942, Сталинград аз 12 июл то 19 ноябри соли 1942 ва Ленинград аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 дар асоси шартҳое, ки барои таъини нафақа ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии армияи амалкунанда муқаррар карда шудааст, ба собиқаи хизмат ҳисоб карда мешавад.

V. Фаҳмонда шавад (ҳангоми татбиқи сарсатри «б» моддаи 16-уми Қонун), ки дар давраи аз 10 май соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ама­лиёти ҷангӣ дар қаламравӣ ҶШС Белоруссия, ҶШС Украина, ҶШС Лат­вия, ҶШС Литва ва ҶШС Эстония, ки ба ҳайати собиқ Иттифоқи ҶШС дохил буданд, инчунин дар ҷазираи Даманск моҳи марти соли 1969 дар маҳалли кӯли Жаланашкул моҳи августи соли 1969 бурда шудаанд.

VI. Муқаррар карда шавад, ки амали моддаҳои 16 ва 17-уми Қонуни мазкур нисбати шахсоне (аз ҷумлаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон) татбиқ мешавад, ки дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои зерин иштирок кардаанд:

1. Алҷазоир – солҳои 1962-1964.

2. Ангола - ноябри соли 1975 - ноябри соли 1979.

3. Афғонистон - апрели соли 1978 - 15 феврали соли 1989.

4. Бангладеш – солҳои 1972-1973 (танҳо барои ҳайати шахсии киштиҳо ва киштиҳои ёрирасони Флоти ҳарбии Баҳрии ИҶШС).

5. Венгрия – октябр-ноябри соли 1956.

6. Вьетнам - январи соли 1961 - декабри соли 1974.

7. Миср (Ҷумҳурии Муттаҳидаи Араб) - октябри соли 1962 - марти соли 1963, июни соли 1967; соли 1968 марти соли 1969 - июли соли 1972, октябри соли 1973 - марти соли 1974, июни соли 1974 - феврали соли 1975 (танҳо барои ҳайати шахсии минаҷӯёни Флотҳои Баҳри Сиёҳ ва Уқёнуси Ором, ки барои аз мина тоза кардани минтақаи наҳри Суэц иштирок намудаанд).

8. Ҷумҳурии Ямани Араб - октябри соли 1962 - марти соли 1963, ноябри соли 1967 - декабри соли 1969.

9. Камбоҷа - апрел - декабри соли 1970.

10. Хитой - марти соли 1946 - апрели соли 1949, март - май соли 1950 (танҳо барои хизматчиёни ҳарбии гурӯҳи қӯшуни мудофиаи зиддиҳавоии минтақаи шаҳри Шанхай), июни соли 1950 - июли соли 1953 (танҳо барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии шӯравӣ ва ҷузъу томҳое, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Кореяи Шимолӣ аз ҳудуди Хитой иштирок кардаанд).

11. Лаос - январи соли 1960 - декабри соли 1963, августи соли 1964 - ноябри соли 1968, ноябри соли 1969 - декабри соли 1970.

12. Лубнон - июни соли 1982.

13. Мозамбик – солҳои 1967-1969, ноябри соли 1975 - ноябри соли 1979.

14. Кореяи Шимолӣ - июни соли 1950 - июли соли 1953.

15. Сурия - июни соли 1967, март-июли соли 1970, сентябр - ноябри соли 1972, октябри соли 1973, июни соли 1982.

16. Эфиопия - декабри соли 1977 - ноябри соли 1979.

17. Ҷумҳурии Чехословакия – августи соли 1968 -1969.

VIII. Муқаррар карда шавад, ки амали модаҳои 14, 15 ва 17-уми Қонун нисбати хизматчиёни ҳарбии (аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадаи сокини ҶумҳурииТоҷикистон) қисмхои ҳарбӣ ва муассисаҳои шӯравии аз 25 август то 5 сентябри соли 1941 ба Эрон даровардашуда татбиқ мегардад.

IҲ. Фаҳмонида шавад, ки имтиёзҳои кам кардани пардохти пули истифодаи манзил ва хизматрасонии коммуналӣ (озод намудан аз он), ки дар Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» пешбинӣ шудааст, новобаста аз мансубияти фонди манзил ё хусусигардонии ман­зил дода мешаванд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995,

№60

 



[1] Xанги Бузурги Ватанb аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945.

 

 
Дида шуд: 1678