Ба чоп

Дар марҳилаи муосир баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар Паёми соли 2013 ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд,  ки “Татбиқ намудани тартиби нави кўмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад”.

Дар Паёми имсола низ бори дигар таъкид намуданд,ки :

“Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор меравад;.

Дар  давраи якуми татбиқи Матритсаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз соли 2001 механизми таъину пардохти кўмакпулӣ барои оилаҳои камбизоати кўдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумӣ таҳсилдошта ва аз соли 2004 ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои пўшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷорӣ гардид.

       Дар асоси муқаррароти Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мутобиқ ба шартҳои техникии татбиқи Матритсаи Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи механизми нави таъин ва пардохти кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ шурўъ карда шуд. Зимни ин шароит фароҳам гардид то сарчашмаи маблаѓгузории ҳарду кумакпулиҳо: барои мактаббачаҳо ва барои истифодаи барқу газ муттаҳид карда шуда, механизми нави он бо шартҳо ва индикаторҳои нави муайянкунандаи сатҳи камбизоатӣ дар ду ноҳияи таҷрибавӣ: шаҳри Истаравшани вилояти Суѓд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 1 январи соли 2011 мавриди озмоиш қарор дода шуд.

Таҷрибаи озмоиши механизми нав дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ собит намуд, ки усули нави таъину пардохти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ аз чунин бартариятҳо бархўрдор аст:

- дар механизми қаблӣ индикаторҳои муайянкунандаи сарчашмаи даромади оила пурра пешбинӣ нагардида буд. Тартиби нав бошад, зиёда аз 10 индикаторҳои муайянсозии сарчашмаи даромади оила ва як қатор омилҳои бевосита таъсиркунанда ба вазъи иҷтимоии оилаҳоро муаяйн намудааст, ки воқеияти баҳодиҳии вазъи оилаҳоро таъмин менамояд;

- дар механизми нав қариб ҳамаи ташвишҳои шаҳрвандон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷамъоварии маълумоти гуногун барҳам дода шуда, коркарди маълумоти даромаднокии оилаҳо тавассути барномаи электронӣ ба роҳ монда шудааст;

- дар механизми нав шаффофият ва дахолатнопазирии қабули қарор доир ба таъини кўмакпулӣ комилан таъмин аст. Ҳам кормандони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳам кормандони масъули Агентӣ дар маҳал ба раванди муайянсозии ниёзмандии оилаҳо дахолат карда наметавонанд. Зеро ниёзмандии оилаҳо тавассути барномаи махсуси компютерӣ дар асоси системаи баллӣ муайян карда мешавад;

- зиёда аз ду маротиб андозаи кўмаки иҷтимоии мазкур нисбат ба механизми пештара афзоиш ёфт;

- ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва мониторинги дақиқи кўмакпулии иҷтимоӣ.

Бартарии асосии механизми нав дар он аст, ки баҳогузории эҳтёҷмандии оила бо истифодаи индикаторҳои молумулкии оила асос ёфта, меъёрҳои байналхалқии баҳодиҳии некўаҳволии оила: даромади пулӣ (молӣ), моликият, то кадом андоза эҳтиёҷманд будани он пешбинӣ шудааст, ки дар ҷумҳурӣ усули ҷадиди корбарӣ дар ин соҳа мебошад.

Қобили қайд аст, ки ин барнома бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва кўмаки техникии Бонки умумиҷаҳонӣ дар  доираи Лоиҳаи таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоии  назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, амалишавии он ба ўҳдаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор карда шудааст.

Айни замон механизми мазкур дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дорад.

Кўмаки унвонии иҷтимоӣ – ин шакли нави  пардохти кўмакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате дода мешавад, ки дар ҳудуди яке аз шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ истиқомат мекунанд, таъин ва пардохт карда мешавад.

Барои таъини кўмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

-  ариза;

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда (асли шиноснома ҳангоми супур­дани ариза нишон дода мешавад);

-  маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва ҷойи истиқомат;

- маълумот дар  бораи даромад  ва молу амволи ҳамаи аъзои оила.

Андозаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила (шаҳрванд) дар як  сол  400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ пардохт карда мешавад.

Кўмакпулӣ ба мўҳлати 12 моҳ таъин ва пардохт карда мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худро камбизоат шуморида, бо сабабҳои объективӣ дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд ва имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надоранд, барои гирифтани кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба унвони шўъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи таҷрибавӣ (минбаъд - мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ)  ариза навишта, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораи манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳаллии маҳалли истиқоматашон месупоранд.

 Ариза дар бораи таъин намудани кўмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар  бораи даромад  ва  молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раис ё котиби ҷамоати шаҳрак ё деҳот ва сардори идораи манзилию  коммуналӣ тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳияти худ саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо месанҷанд ва ба дурустии онҳо масъул мебошанд.

 Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ  ва  кумитаҳои маҳаллӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш  қабул намуда, дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз  ба  мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

  Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ариза ва маълу­мот­нома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва мушахасоти шиносномаи аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некўаҳволии оила дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз ба махзани ягонаи маълумоти низоми иттилоотии кўмаки унвонии иҷтимоӣ ворид менамояд.

 Кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар сервери марказии низоми иттилоотии барномаи кўмаки унвонӣ иҷтимоӣ (Барномаи компютерӣ )тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъин ё рад карда мешавад. 

 Агар сатҳи некўаҳволии оила (шаҳрвандон) ба  меъёру  муқаррароти дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинишуда ҷавобгў набошад, кўмаки  унвонии  иҷтимоӣ  таъин  карда намешавад.

 Қарор дар бораи таъин ё рад намудан  кўмаки  унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумоти ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ воридшуда то санаи 10 моҳи оянда қабул гардида, дар ин хусус  мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати 10 рўз ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ (паёмак) ирсол менамояд.

Қайд бояд кард, ки соли 2016 шумораи гирандагони кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 77900 нафарро ташкил дода, ба онҳо 21 млн сомонӣ маблаѓ пардохт карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки 14 феврали соли ҷорӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Олимзода Насим Хоҷа бо кормандони масъули Агентӣ ва мушовирони Лоиҳаи таҳкими системаи ҳифзи иҷтимоии  назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии корӣ доир намуда, ба масъулин ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва давра ба давра  ҷорӣ намудани он дар шаҳру ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ  дастуру супоришҳо доданд.

 

Барои муайян намудани ҳуқуқи гирифтани кўмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумоти зерин оид ба индикаторҳои некўаҳволии оилаи камбизоат ба инобат гирифта мешавад:

а) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд:

- ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, шумораи маъюбони гурўҳи I, кўдакони маъюб, кўдакони то синни 15-сола;

- мавҷуд будани молу амволи зерин дар оила: генератори барқӣ, яхдон, мошинаи дарздузии барқӣ, плита бо балони газӣ, антеннаи радифӣ, нақлиёт (сабукрав ё боркаш) ;

- масолеҳи пўшонидаи боми манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад аз рўи чунин нишондиҳандаҳо: қамишпўш, лойпўш, боми шиферпўш, боми тунукагин, черепитса;

- масолеҳи девори ҳавлӣ: сементблок, тунука, лойдевор, симтур, тахта, чуб, дигар маҳсулот, девор надорад;

- масолеҳи таҳкурсии манзили истиқоматӣ: бетаҳкурсӣ, санг ва семент, сементблок, дигар масолеҳ;

- масолеҳи фарш: паркет, тахтаи рангдор, линолеум, семент, лой;

- ҳайвони хонагӣ: гов.

б) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар шаҳр истиқомат мекунанд:

- ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, маъюбони гурўҳи I, кўдакони маъюб, кўдакони то синни 15 сола;

- мавҷуд будани молу амволи зерин дар оила: генератори барқӣ, яхдон, плитаи барқӣ, мошинаи ҷомашўи, антеннаи радифӣ, нақлиёт (сабукрав ё боркаш);

- маълумотнокии сардори оила, ки аз рўи нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешавад: маълумот надорад, маълумоти ибтидоӣ (то синфи 4), таҳсилоти миёнаи нопурра, миёна, миёнаи техникӣ, олӣ ва баъди дипломӣ;

- масолеҳ барои пўшондани боми манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад аз рўи чунин нишондиҳандаҳо: лойпўш, семент бо бум, боми шиферпўш, боми тунукагин, черепитса, полиэтилен;

- масолеҳи фарш: паркет, тахтаи рангдор, линолеум, семент, лой;

Маълумотнома дар бораи индикаторҳо аз ҷониби оилае, ки барои гирифтани кўмаки унвонии иҷтимоӣ ариза навиштааст дар «Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила», ки намунаи он аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар шакли ҷавобҳо ба саволҳо оид ба ҳар як индикатор нишон дода мешавад.

 Маълумоти дар бораи индикаторҳои муайянкунандаи некўаҳволии оила бо воситаи барномаи компютерии коркарди автоматикунонидашудаи маълумот коркард мешавад.

 Ҳар як нишондиҳандаи индикатор, ки некўаҳволии оиларо муайян мекунад, андозаи муайяни худро вобаста ба таъсиррасонӣ ба некўаҳволии оила, ки бо назардошти таносуби индикаторҳо ба сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

 Бо дарназардошти нишондодҳои андозаи ҳар як индикатор баҳодиҳии инфиродӣ гузаронида мешавад ва индекси (нишондиҳандаи) некўаҳволии оила - шумораи холҳо муайян карда мешавад. Шумораи холҳо бо тартиби автоматикунонидашуда ба воситаи барномаи коркарди компютерӣ бо истифодаи формулаи махсуси ҳисоббарорӣ барои истиқоматкунандагони шаҳр ва деҳот дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад. Илова бар ин, минтақаи зисти оила низ ба инобат гирифта мешавад.

Ҳадди ниҳоие, ки сатҳи камбизоатии оиларо муайян мекунад – ҳамчун индекси некўаҳволии оила – 222 холро ташкил медиҳад.

 Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки индекси некўаҳволиаш аз 222 хол камро ташкил медиҳад, ба онҳо кўмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда мешавад.

 Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки индекси некўаҳволиаш аз 222 хол баландро ташкил медиҳад, ба онҳо кўмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда намешавад.

Дида шуд: 2094