Ба чоп

Маълумоти  мухтасар

оид ба фаъолияти Лоиҳаи таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии

 

 

 

1.     Ҳадафи лоиҳа

Ҳадафи Лоиҳа: тақвият додани пардохти кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва таъсиси махзани иттилоотии маълумот оид ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд дар Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ.

 

2.     Самтҳои фаъолияти лоиҳа:

Самти 1 - Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ: таҳия ва таъсиси махзани иттилоотии Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳои банақшагирӣ, мониторинг ва идораи маҳзани иттилоотии маълумот оид ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд, таъсиси дурнамо вобаста ба таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;

Самти 2 - Таҳкими иқтидор: доир намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, омӯзонидани кормандон, таъмини мақомоти маҳалии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, мебел, интернет ва варақаҳои барнома.

Самти 3  - Идоракунии лоиҳа: иҷрои вазифаҳои молиявию  муҳосибӣ, маъмурӣ, таҳияи ҳисоботҳои ҷорӣ, аудит ва таъмини фаъолияти ҳайати мушовирони маҳалӣ ва гурӯҳи ҳамоҳангсозии Лоиҳа.

 

3. Ҳолати татбиқи Лоиҳа

1. Модули аввалини Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо номи “Системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон” (АСИСТ) таҳия гардида, дар компютерҳои бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 40 шаҳру ноҳия насб шуданд.

Тавассути системаи иттилоотии АСИСТ ҳамаи маълумоти шаҳрвандон тариқи шабакаи интернет мустақиман ба махзани ягонаи маълумот коркард карда шуда, ҳуқӯқи шаҳрвандон барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ муайян мегардад.

2. Маркази электронии коркарди маълумот дар назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шудааст, ки он амалиётҳои таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоиро  идора мекунад;

3. Дар курсҳои махсуси тахассусӣ 80 корманди бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ омӯзонида шуда, айни замон истифодабарии системаи иттилоотии (АСИСТ)-ро иҷро менамоянд;

4. Бо мусоидати техникии Лоиҳа дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи технологияи иттилоотӣ ва 2 маркази минтақавии ҳамоҳангсозии барнома дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе таъсис дода шуданд, ки аз 1 феврали соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

5. Низоми нави таъин ва пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  3 июли  соли 2014,  №437  “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” ва 1 октябри  соли 2016, №416  “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  3 июли  соли 2014,  №437” айни замон дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ шудааст.

          Дар соли 2017 барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 101076 оила ва шаҳрванд бо ариза муроҷиат намуда, аз онҳо аризаи 98099 муроҷиаткунанда ба махзани ягонаи системаи иттилоотии барномаи АСИСТ ворид карда шуд.

Ба ҳолати 28 декабри  соли ҷорӣ 84986 оила (хонавода) ва шаҳрванд статуси камбизоатӣ гирифта, гирандаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шуданд, ки 12,8% теъдоди умумии хонаводаҳои 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавиро ташкил мекунад.

        Ҳаҷми маблағгузории буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ба ҳолати 28 декабри соли ҷорӣ 28 580 997сомониро ташкил намуд.

 

4. Нишондиҳандаҳои асосии бадастомада

Бо мусоидати молиявӣ ва техникии Лоиҳа дар сатҳи минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин корҳо иҷро шуданд:

·        бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, марказҳои ҳамоҳангсозии барнома ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар маҷмуъ бо 115 адад компютер, 197 адад дастгоҳи чопкунанда ва 179 басти мебел таъмин гардиданд.

·         бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба системаи иттиоотии АСИСТ тавассути шабакаи интернет пайваст гардиданд;

·        барои муроҷиаткунандагон барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба миқдори 330 ҳазор нусха шакли варақаҳои барнома ва 170 ҳазор ҷувздон барои нигоҳдории парвандаҳои гирандагони кумакпулӣ табъу нашр гардида, ба онҳо ройгон дода шуданд;

·        дар маҷмуъ 735 нафар кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раёсатҳои манзилию коммуналӣ, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кормандони коргузор оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва мутахассисони филиалҳои БДА “Амонатбонк” ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба омӯзишҳои тахассусӣ ва семинарҳои амалии сатҳи маҳаллӣ фаро гирифта шуданд.

 

 

 

Иҷрокунанда:  Каримов Ҷ.Г.

 

роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа

Дида шуд: 4137