Ба чоп

Шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои 

будубоши муваққатӣ

Дар давоми 25 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари рушди мунтазами соҳаҳои дигар рушд ёфта ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Яке аз комёбиҳою дастовардҳои назарраси соҳа ин таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқии он мебошад. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ бо мақсади таҳким ва такмил додани пойгоҳи ҳуқуқии соҳа санадҳои меъёрию ҳуқукии дахлдор қабул гардидааст.

Шуъба фаъолияташро мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012, №724 “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ”  ба роҳ монда, фаъолияти  шабакаҳои хизматрасонии  иҷтимоии будубоши муваққатиро дар давоми  нимсолаи аввали  соли 2017 бо муассисон тибқи талаботи рӯзмарра ба роҳ монд.

Мавриди зикр аст, ки хизматрасониҳои ройгони  иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, ба шаҳрвандоне расонида мешаванд, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, аз ҳама бештар осебпазиранд ва ба дастгирию роҳбаладии  иҷтимоӣ  эҳтиёҷ доранд.

Қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша муҳтоҷи дастгирию ғамхорӣ мебошад. Инро ба назар гирифта давлат ва Хукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон замина ва шароити хуберо дар даврони истиқлолият  фароҳам намуд.   

Барои  беҳтар намудани  сатҳу сифати  хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ва  камхарҷ гардонидани онҳо тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 30  адад марказҳои хизматрасонӣ  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  таъсис дода шудаанд.

Ҳоло  ҷиҳати тавонбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ба роҳбаладӣ ва тавонбахшии иҷтимоию тиббӣ  ниёз доранд, тибқи шартнома    бо Агентӣ  24 адад марказҳои будубоши рӯзона  барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият намуда истодаанд, ки давоми 6 моҳ 358 нафар кормандони иҷтимоӣ ва мутахассисони  ин марказҳо ба 1347 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд чорабиниҳои офиятбахшии иҷтимоӣ, солимгардонии ҷисмонӣ, равонӣ, рушди зеҳнӣ, мутобиқшавӣ ва ҳампайвандӣ бо ҷомеъа гузаронида, онҳоро се  маротиба дар як рӯз бо ғизои  гарми мувозишуда  таъмин намуданд.   Ёдовар бояд шуд, ки ҳар як кӯдак новобаста аз маҳдудият ва вайроншавии фаъолияти ҷисмонияш имконияти инкишоф ёфтани  ҷисму рӯҳ ва малакаҳои гуногуни фаъолияти  ҳаётиро дорад. Аз ин рӯ, кӯдакон дар  марказҳо дар шароити муносиб ва бехатари будубош қарор дошта, ба пешрафти ҷисмониву малакаҳои мавзуни ҳаракат, зеҳниву рафтор, муошират ноил мегарданд. Дар онҳо ҳисси худшиносӣ ва худэҳтиромӣ, ҳампайвандӣ бо ҷомеъа ба вуҷуд меояд. Кӯдакон дар доираи имконияташон ба худ хизмат расонида, ба зиндагӣ дар ҷомеъа омода мегарданд. Ҳарчанд бемории ин кӯдаконро пурра бартараф  кардан ғайри имкон бошад ҳам, аммо шароит  даст медиҳад, ки онҳо худро аз ҷузъи ҷомеаи  ободи кишвари  соҳибистиқлоламон  бидонанд.

Ҳамзамон, таҳти сарпарастӣ ва маблағгузории Агентӣ чор маркази хизматрасонии  иҷтимоӣ барои  пиронсолону маъюбони яккаву танҳо ва 2 маркази дигар барои шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндаги қарор дошта ва қурбони савдои одамон гардида дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои  Хуросон, А.Ҷомӣ ва Ёвон фаъолияти пурсамар доранд. Фаъолияти се маркази Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгири” – и шаҳри Қурғонтеппа ба тавонбахшии кӯдакон  дар хонаашон низ равона шудааст. Давоми  6 моҳ 70 нафар кормандони ин марказҳо ба 217 нафар калонсолон ва 48 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҷамъ ба 265 нафар хизматҳои офиятбахшии иҷтимоӣ расониданд.

Сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ аз бисёр ҷиҳат ба донишу малакаҳои роҳбарони муассисаҳои иҷтимоӣ, мутахассисони Агентӣ ва кормандони иҷтимоӣ вобаста аст. Бинобар ҳамин, тибқи фармоиши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 7 марти соли 2016, №28 дар ҳаҷми 60 соати аз фанҳои гуногун аз тарафи Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар самти “хизматрасонии иҷтимоӣ” гузаронида шудаистодааст, ки дар давоми 6  моҳ 63 нафар кормандони иҷтимоӣ аз шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, Марказҳои  минтақавии  хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва Ташкилотҳои ҷамъиятӣ   ҷалб шуданд.

Инчунин, аз ҷониби ин Маҷмаа дар 6 моҳ бо 131 нафар кӯдакони имконияташ маҳдуд корҳои тавонбахшӣ гузаронида шуд.    

  Давоми  6 моҳи соли 2017 аз  тарафи шабакаҳои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши  муваққатӣ дар ҷумҳурӣ ба 6073 нафар пиронсолону маъюбон ва   1559 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд, ҷамъ ба 7632 нафар  хизматҳои  иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шудааст.

Ҳамчунин, дар асоси Дастурамал оид ба тартиб ва тақсимоти воситаҳои техникии ҳаракат давоми  6 моҳи соли 2017 ба маъюбон 606 адад аробачаи маъюбӣ, 6 дона руйпуши чархи аробоча, 1217 адад асо, 145 дона асо барои нобиноён, 96 дона дастгоҳи шунавоӣ, 93 адад роҳгардак (ходунок) ва 631 ҷуфт асобағал дастрас гардонида шудааст.

Дар шаш моҳи соли ҷори аз ҷониби корхонаи давлатии заводи протезию ортопеди ҳамагӣ ба 5242 нафар (1120 нафар кӯдакон, 4122 нафар калонсолон) ниёзмандон хизмати иҷтимоӣ расонида шудааст.

   Фазои соҳибистиқлолию  сулҳбари кишвар шароит фароҳам овардааст, ки  ин ҳама раванди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ  фароҳам оварда шаванду нафарони касбӣ  барои меҳрубонӣ ва тавонбахшӣ  сафарбар шаванд.  Бо ин мақсад, Агентӣ давраи омӯзишӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаро ба роҳ мондааст. Бо машғуляҳои  омӯзишӣ  масъулони ташкилотҳои гуногуни ҷамъитие, ки бо Агентӣ  дар самти татбиқи сиёсати  иҷтимоии давлат  ҳамкорӣ доранд ҷалб мешаванд. Омӯзишу такмили ихтисос муҳим аст, зеро имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, аз усулҳои иноватсионӣ  кор гирифтан ба манфиат хоҳад буд. Ҳар як иқдомеро, ки имрӯз Агентӣ пеш мегирад, аз дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд.  

Сиёсати ғамхоронаи иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишварро фаро гирифтааст. Дуртарин ноҳия ва дастнорастарин деҳоти вилоятҳо бо хизматрасониҳои арзандаи иҷтимоӣ таъмин гаштаанд, ва зина ба зина мушкилоти мавҷуда ҳалли худро ёфтаистодааст.

 

 

 

 

Дида шуд: 4995