Ба чоп

 Ҳадафи асосии Лоиҳа: тақвият додани пардохтҳои кўмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони ниёзманд.

 Вазифаҳои асосии Лоиҳа: мукаммалсозии вазифаҳои банақшагирӣ, мониторинг ва амалисозии механизми нави таъин ва пардохти  кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, таҳияи дурнамо вобаста ба таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсис ва идораи махзани маълумот оид ба гурўҳҳои эҳтиёҷманд тавассути  системаи иттилоотӣ ва Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ...

 

 Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа

     Ҳадафи асосии Лоиҳа: тақвият додани пардохтҳои кўмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони ниёзманд.

 Вазифаҳои асосии Лоиҳа: мукаммалсозии вазифаҳои банақшагирӣ, мониторинг ва амалисозии механизми нави таъин ва пардохти  кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, таҳияи дурнамо вобаста ба таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсис ва идораи махзани маълумот оид ба гурўҳҳои эҳтиёҷманд тавассути  системаи иттилоотӣ ва Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ.

 Самтҳои асосии фаъолияти Лоиҳа чунин мебошанд: 

Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ. 

Таҳкими иқтидор. 

Идоракунии Лоиҳа.

Самти 1 - Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ 

Системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон АСИСТ/ Феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ бо мақсади мукаммалсозии вазифаҳои банақшагирӣ, мониторинг, ташаккул ва идораи махзани маълумот оид ба гурўҳҳои эҳтиёҷманд, таҳлили сатҳи некўаҳволии аҳолӣ ва таъсиси дурнамо вобаста ба таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, бо серверҳои электронӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ ҷиҳозонида шудааст. 

Системаи иттилоотии АСИСТ айни замон дар 40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, тавассути он ҳамаи маълумоти шаҳрвандон тариқи шабакаи интернет мустақиман ба махзани ягонаи маълумот ворид ва коркард гардида, бо ин восита ҳуқўқи шаҳрвандон барои гирифтани кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ муайян карда мешавад. 

Индикаторҳои муаяйнкунанда ва  формулаи арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандӣ барои таъини кумакпулии унвонии иҷтимоӣ. Бо мусоидати коршиносони Лоиҳа  маҷмуъи индикаторҳои муаяйнкунандаи вазъи некуаҳволии модели “шаҳр-деҳот”, ки тариқи формулаи арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандии аҳолӣ (КОН) ҳисобӣ мешаванд, такмил дода шуда, баъди анҷомрасии марҳилаи озмоишӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ мавриди амал қарор дода мешаванд. 

Қабули санадҳои меъёрӣ оид ба кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ” 10 ноябри соли 2016 дар ҷаласаи вакилони Маҷлиси намояндагони ва 16 феврали соли 2017 аз аъзоёни  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ гардида,  рузи 24 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Самти 2 – Баланд бардоштани иқтидор 

Дар ин самт аз гузаронидани курсҳои омўзишӣ,  семинарҳо, таъмини шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва мебел, хизматрасонии интернет барои ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ иборат мебошанд. 

2.1. Таҳкими нерўи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 

Ҷиҳати иҷрои фармоиши мазкур корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вобаста ба механизми нави таъин ва пардохти кўмаки унвонии иҷтимоӣ гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба 15 шаҳру ноҳияҳои навинтихобшудаи  таҷрибавӣ сафарбар карда шуданд. 

Дар ҷараёни сафарҳои гурўҳҳои корӣ семинарҳои амалӣ доир карда шуда, дар онҳо  зиёда аз 300 нафар иштирок намуданд. 

Ҷиҳати баланд бардоштани савия дониш ва таҳкими малакаи касбии кормандон 50 нафар ба курсҳои омўзишӣ дар мавзуъи “Донишҳои заминавии компютер ва малакаи кор бо системаи иттилоотии кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ” фаро гирифта шуданд. 

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва таҳкими нерўи корӣ ба  шаҳру ноҳияҳои нави таҷрибавӣ бо миқодори лозима компютер, модеми пайвасткунӣ ба шабакаи интернет, дастгоҳҳои чопкунанда ва нусхабардор, мебел дастрас карда шуданд.

 Инчунин, барои пешбурди фаъолият дар раванди татбиқи барнома ба миқдори лозима шакли варақаҳои барнома: ариза барои гирифтани кўмаки унвонии иҷтимоӣ, варақаи маълумотнома дар бораи ҳайати оила, варақаи маълумот оид ба даромад ва молу амволи  оила, ҷуздон барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, инчунин бо миқдори зиёд  дастурамал, буклет ва овезаҳои таблиғотӣ оид ба механизми  таҷрибавии  кўмаки унвонии иҷтимоӣ табъу нашр ва ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас карда шуданд. 

Ҷиҳати таҳкими неруии кории Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, ки вазифаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар раванди татбиқи барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд, бо мусоидати техникии Лоиҳа як қаттор корҳо анҷом дода шуданд, аз ҷумла: 

раёсату шуъбаҳои Агентӣ бо компютер, мебел, таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин карда шуданд; 

кормандон дар курсҳои тахассусӣ омўзонида шуда, айни замон  истифодабарӣ ва маъмурикунонии системаи иттилоотии АСИСТ-ро мустақилона иҷро менамоянд.

Бо мақсади такмили малакаи касбӣ ва савия дониши кормандони гурўҳи навтаъсиси технологияи иттилоотии Агентӣ оид ба хусусияти кори таҷҳизоти техникӣ, тартиби истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизот, мусоидати техникӣ ба шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, таъмини кори интернет ва ғайра, омўзонида шуда истодаанд. Инчунин бо мусоидати Лоиҳа дар заминаи Агентӣ матбааи (типография) хурд ташкил шуд.  

Самти 3 – Идоракунии лоиҳа 

Дар ин самт иҷрои вазифаҳои техникӣ ва фидутсиарии мушовирони маҳалӣ, хизматрасониҳои машваратӣ, гузаронидани аудит ва идоракунии Лоиҳа  анҷом дода мешаванд. 

Маълумот дар бораи татбиқи барномаи кўмак унвонии иҷтимоӣ 

Механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  3 июли  соли 2014,  №437 “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” дар 25 шаҳру ноҳия амалӣ шуда истода, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 1 октябри  соли 2016, №416  “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  3 июли  соли 2014,  №437” боз дар 15 ва дар маҷмуъ дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ гардидааст. 

Дар давоми соли 2016 барои гирифтани  кўмаки унвонии иҷтимоӣ 59643 ариза аз ҷониби сардорони хонаводаҳо (оилаҳо) ва шаҳрвандони пиронсоли якаву танҳо пешниҳод гардид, ки аз ин миқдор 48421 ариза ба маҳзани маълумоти “Системаи иттилоотии  унвонии иҷтимоии Тоҷикистон” (АСИСТ)  ворид карда шуд. Дар натиҷаи коркарди маълумот тариқи системаи иттилоотӣ ба 41241 хонавода (оила) кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин карда шуд.

Дида шуд: 8508