Ба чоп

 

  

Маълумот оид ба фаъолияти

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

 

 

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро  дар партави дастуру супоришҳои дар паёмњои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёншуда,  инчунин дар заминаи Стратегияву барномаҳои давлатї ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ ба роҳ монда, як дар соли 2017 қатор корҳоро ба анҷом расонид.

 

1. Самти ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ.

Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2016, №719  “Дар бораи тадбирҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №368 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  мавриди роҳбарӣ ва иҷроиш қарор дода шуд.

Тањлилњо нишон медињанд, ки дар  соли сипаригардида дар муассисањои будубоши доимии соњаи њифзи иҷтимоии ањолї 1432 нафар бошандагон ба таъминоти давлати фарор гирифта шуда, аз инњо 820 нафар мард, 612 нафар зан ва аз ин шумора 346 нафараш кўдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гуруњи якум - 234 нафар, маъюбони гуруњи дуюм – 544 нафар, маъюбони гуруњи сеюм - 43 нафар,  223 нафар нафаќхўрони яккаву танњо мебошанд.

Ба бошандагони ин муассисањо 902 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Фаъолияти муассисањои давлатии хона – интернатњо бобати дар сатњи зарурї расонидани хизматњои иҷтимоию тиббї ба бошандагон тањти назоратӣ доимии кормандони Агентї ќарор дошта, пайваста омўзишњо гузаронида мешаванд.

Дар номгўи муассисањои системаи  Агентї 1 осоишгоњ - Муассисаи давлатии «Осоишгоњи табобатии  собиќадорони ҷангу мењнати «Харангон»-и ноњияи Варзоб» ва 3 истироњатгоњњо:  «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони ҷангу мењнати «Дўстї»-и ноњияи Ҷайњун», «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони ҷангу мењнати «Ромит»-и  шањри Вањдат» ва «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони ҷангу мењнати «Биби Фотимаи Зањро»-и ноњияи Ишкошим бо филиалаш дар ноњияи Роштќалъа (Занинс)» ба таври мавсимї фаъолият менамоянд.              

Дар мавсими истироњатии соли 2017 бо назардошти имкониятњои молиявї 1965 адад роњхатњои ройгон барои имтёздорон, собиќадорони ҷангу мењнат ва маъюбон ҷудо гардид.

Дар маҷмўъ, имконияти истироњатгоњњо дар як баст  320 кат-ҷойро ташкил менамояд. Аз аввали мавсим то ҷамбасти мавсим  дар муассисањои истироњатии соња 1923 нафар бо роњњат, 446 нафар роњбалад ва 563 нафар ба тариќи худмаблаѓгузор, аз инњо 1063 нафар шахсони маъюб, дар маҷмуъ 2932 нафар ба истироњату табобат фаро гирифта шуданад.

Мавриди зикр аст, ки хизматрасонињои ройгони  иҷтимої яке аз самтњои муњими соњаи њифзи иҷтимоии ањолї ба шумор рафта, ба шањрвандоне расонида мешаванд, ки дар њолати душвори зиндагї ќарор дошта, аз њама бештар осебпазиранд ва ба дастгирию роњбаладии  иҷтимої  эњтиёҷ доранд.

Яке аз шаклњои пазируфта дар самти хизматрасонии иҷтимої пешнињод намудани хизмати бевосита дар макони зисти эњтиёҷманд, дар муњити одаткардааш мебошад. Ҷињати пешнињоди ин шакли хизматрасонї дар миќёси ҷумњурї 40 адад шуъбањои хизматрасонии иҷтимої дар хонаи маќомоти иҷроияи мањаллии њокимияти давлатї фаъолият доранд, ки 776 кормандон дар соли 2017 ба 5135 нафар ниёзмандон ва оилањои   эњтиёҷманд хизматњои  иҷтимої- маишї, иҷтимої-равонї, иҷтимої-њуќуќї, маслињатї, намояндагї ва роњбаладї расониданд.

Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимої ва инноватсияњо” 160 нафар кормандони иҷтимоии шуъбањои хизматрасонии иҷтимої дар хона, марказњои  минтаќавии  хизматрасонии иҷтимої барои пиронсолон ва маъюбони маќомоти иҷроияи мањалии њокимияти давлатї, хона-интернатњо, осоишгоњ, истироњатгоњњо ва ташкилотњои ҷамъиятї  дар курсњои бозомўзї ва такмили ихтисос дар самти “хизматрасонии иҷтимої” ба омўзишњо фаро  гирифта шуданд.

Инчунин, аз ҷониби ин Маҷмаа ба 129 нафар кўдакони имконияташ мањдуд корњои тавонбахшї гузаронида шудааст.

Ҷињати њарчи бештар расонидани хизматрасонии иҷтимої ба пиронсолони яккаву танњо, маъюбон, одамони ѓайри ќобили мењнат, бе ҷойи зисти  муайян  ва  шахсони дар њолати душвори зиндагї ќарордошта дар шањру  ноњияњои мамлакат 6  адад Марказњои минтаќавии хизматрасонии иҷтимої  фаъолият доранд, ки ҷамъ 219 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисањо ба 938 нафар (352 – мард, 586 - зан) муштариён хизматњои иҷтимої-маишї, иҷтимої-тиббї, маърифативу фарњангї, миёнаравию намояндагї  ва њуќуќї, ки бо њам алоќаманданд, расониданд.

Дар марказњо ба эњтиёҷмандон  на танњо хизмати иҷтимої расонида мешавад, инчунин шахсоне,  ки  ҷои зисти муайян надоранд, муваќќатан ба муњлати аз 3 то 6 моњ бо ҷои зист ва се ваќт хўроки гарм таъмин карда мешаванд. Њоло дар марказњои минтаќавї 79 нафар эњтиёҷмандон муваќќатан умр ба сар мебаранд. Ба онњо хизматњои бењдоштї ва тамизї  низ расонида мешавад. Дар назди ќисме аз ин марказњо бахшњои хизматрасонии иҷтимої дар хона амал карда истодааст, ки  ба 669 нафар  эњтиёҷмандон бевосита дар хонањояшон хизмати иҷтимої  мерасонанд.  Бояд зикр намуд, ки аз тарафи марказњои минтаќавї ба 298 нафар  истифодабарандагони хизмат, ки ба хўрок эњтиёҷ доранд, ѓизои гарм дода мешавад.

Барои  бењтар намудани  сатњу сифати  хизматрасонињои  иҷтимої  ва  камхарҷ гардонидани онњо 30  адад марказњои хизматрасонї,   ки  аз тарафи  ташкилотњои ҷамъиятї  таъсис дода шудаанд, тибќи шартнома бо Агентии давлатии њифзи иҷтимоии ањолї фаъолият доранд.  

Љињати тавонбахшии кўдакони имконияташон мањдуд, ки ба роњбаладї ва тавонбахшии иҷтимоию тиббї  ниёз доранд, тибќи шартнома    бо Агентї  24 адад марказњои будубоши рўзона  барои кўдакони имконияташон мањдуд фаъолият намуда истодаанд, ки 325 нафар кормандони иҷтимої ва мутахассисони  ин марказњо ба 3039 нафар кўдакони эњтиёҷманд чорабинињои офиятбахшии иҷтимої, солимгардонии ҷисмонї, равонї, рушди зењнї, мутобиќшавї ва њампайвандї бо ҷомеа, хизматрасонињои машварати бо волидайн гузаронидаанд.

Њамзамон, тањти сарпарастї ва маблаѓгузории Агентї чор маркази хизматрасонии  иҷтимої барои  пиронсолону маъюбони яккаву танњо ва 2 маркази дигар барои шањрвандони дар њолати душвори зиндаги ќарор дошта ва ќурбони савдои одамон гардида дар шањрњои Душанбе, Ќурѓонтеппа ва ноњияњои  Хуросон, А.Ҷомї ва Ёвон фаъолияти пурсамар доранд. Фаъолияти се маркази Ташкилоти ҷамъиятии “Эњё ва дастгири” – и шањри Ќурѓонтеппа ба тавонбахшии кўдакон  дар хонаашон низ равона шудааст. Давоми  сол 70 нафар кормандони ин марказњо ба 420 нафар калонсолон ва 98 нафар кўдакони имконияташон мањдуд, ҷамъ ба 518 нафар хизматњои офиятбахшии иҷтимої расониданд.   

Дар давраи њисоботї  аз  тарафи шабакањои  хизматрасонии иҷтимоии будубоши  муваќќатї дар ҷумњурї ба 9790 нафар шањсони дар њолати душвори зиндагї ќарордошта хизматњои  иҷтимої – маишї, иҷтимої – тиббї, иҷтимої – равонї, иҷтимої – њуќуќї, иҷтимої - педагогї  расонида шудааст, ки аз ин шумора 4064 нафарашро кўдакони имкониятшон мањдуд ташкил медињанд.

Дар Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедї ва филиалњояш њамагї 102 нафар коргар фаъолият доранд, ки аксарияти онњоро маъюбон ташкил медињанд. Онњо на танњо ба мењнати фоиданоки ҷамъиятї ҷалб шудаанд, инчунин бо мењнаташон ба маъюбони дигар кўмакњои гуногуни иҷтимої мерасонанд.

Дар соли сипаригашта аз ҷониби корхона  ба 5361 нафар эњтиёҷмандон, аз ҷумла маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанї – 19 нафар, маъюбони айёми кўдакї – 2214 нафар, маъюбони касалињои умумї – 2529 нафар, маъюбони Артиши Шўравї – 75 нафар, нобиноён 469 нафар, собиќадорони мењнат 55 нафар хизмат расонида шуд.

Њамчунин, дар асоси Дастурамал оид ба тартиб ва таќсимоти воситањои техникии њаракат давоми  соли 2017 ба маъюбон 745 адад аробачаи маъюбї, 12 дона руйпуши чархи аробоча, 2096 адад асо, 237 дона асо барои нобиноён, 181 дона дастгоњи шунавої, 132 адад роњгардак (ходунок) ва 855 ҷуфт асобаѓал дастрас гардонида шудааст.

Аз ҷониби корхонаи давлатии заводи протезию ортопеди њамагї ба 9618 нафар ниёзмандон хизмати иҷтимої расонида шудааст.

 

2. Самти кўмакњои унвонии иҷтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат:

             Тазаккур бояд дод, ки  тибќи  ќарори Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 “Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќарори Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437” механизми таҷрибавии кўмакпулии унвонии иҷтимої айни замон  дар 40 шањру ноњияи таҷрибавї амалї шуда истодааст.

             Бо маќсади иҷрои супориши вазири тандурустї ва њифзи иҷтимоии ањолии Ҷумњурии Тоҷикистон 10 ноябри соли 2017бо иштироки муовинони раисони шањру ноњияњои таҷрибавї (сарпарастони соњаи иҷтимої), мудирони бахшњои њифзи иҷтимоии ањолї оид ба рафти татбиќи Барномаи кўмаки унвонии иҷтимої ҷаласаи ѓайринавбатии Шўрои машваратии Агентї  доир карда шуд.

             Тавсияњои Шўрои машваратии Агентї оид ба бартараф кардани камбудињои ҷойдошта ва бењтар намудани фаъолият дар раванди татбиќи Барномаи кўмаки унвонии иҷтимої дар шањру ноњияњои ҷумњурї ќабул гардида, бо ќарори Шўрои машваратии Агентї тасдиќ гардида, љињати чораҷўї ба маќомоти иҷроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњои таҷрибавии ҷумњурї ирсол карда шуд.

             Њамзамон, ҷињати бартараф намудани камбудињо ва норасогињои ҷойдошта дар фаъолияти бахшњои њифзи иҷтимоии ањолї унвони раисони ноњияњои зикргардида  мактуб  ирсол карда шуда, дар баробари ин, оид ба коргузорї ба таври хаттї тавсияњо ва дастури методї пешнињод ба онњо пешнїход гардид.

             Тибќи дастуру супоришњои вазорат корњои таблиѓотию фањмондадињї миёни ањолї оид ба  Барномаи кўмакњои унвонии иҷтимої идома дошта, ба масъулини шањру ноњияњои таҷрибавї њамарўза кўмакњои амалию методї расонида мешаванд.

Ба њолати 28 декабри соли 2017, аз ҷониби мутахассисон коргузор оид ба кўмаки унвонии иҷтимої дар 40 шањру ноњияњои таҷрибавї ба системаи иттилоотии кўмаки унвонии иҷтимої  аризаи 98 099 нафар муроҷиаткунандаро   ворид намуданд, ки аз ин шумора 82614 нафар њуќуќ ба гирифтани  кўмакпулии  унвонии иҷтимої  пайдо намуданд. Шахсони яккаву танњои пиронсол 2249 нафар мебошанд. Гирандагони кўмаки унвонии иҷтимої бо назардошти таъиншудагон дар соли 2016 айни  замон 84986 нафар (оила)-ро ташкил намуд.

 

3. Самти мониторинг ва тањлили соњаи њифзи иҷтимоии ањолї.

             Ќайд бояд кард, ки рафти иҷрои  ќарорњои Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 244 «Дар бораи пардохти кўмакпулї ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумии Ҷумњурии Тоҷикистон тањсил менамоянд» ва аз 1 августи соли 2008, №379 «Дар бораи таќвияти кўмакрасонии иҷтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат» дар шањру ноњияњои ҷумњурї тањти назорати доимї ќарор дошт.

Мониторинги рафти иҷроиши ќарорњои болозикр дар ноњияњои Варзоб, Хуросон, А. Ҷомї ва Дустии вилояти Хатлон, Ҷ. Расулов, Спитамен ва Б. Ѓафурови вилояти Суѓд доир карда шуд.

Дар соли 2017 шумораи оилањои камбизоат тибќи дархости комиссияњои шањрию ноњиявї дар ҷумњурї 77868 оиларо ташкил медињад, ки њамагї ба ин оилањо 21 963 628,82 сомонї ҷубронпулї барои истифодаи ќувваи барќ ва гази табиї  пардохт карда шудааст.

Тибќи маълумоти маќомоти иҷроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњои ҷумњурї дар соли 2017 њаљми кўмакпулї ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактаб­њои тањсилоти умумии Ҷумњурии Тоҷикистон тањсил мекунанд, дар маҷмўъ ба 113721 нафар хонан­дагон аз оилањои ниёзманди ҷумњурї ба маблаѓи 3248864 сомонї пардохт карда шудааст

 

4. Самти њамкорињо бо васоити ахбори омма ва шањрвандон:

 Тибќи супориши директори Агентї ҷињати њамкорї бо васоити ахбори омма, пешнињоди гузоришњои телевизионї ва радиої оид ба пешрафт ва татбиќи сиёсати Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон дар самти њифзи иҷтимоии ањолї кормандони Агентї бо рўзноманигорону тањиягарон, аз ҷумла МД телевизиони “Сафина”, “Тоҷикистон”, радиои “Садои Душанбе”, маҷаллаи “Даво” , рўзномаи “Азия Плюс”њамкорињои мутаќобила доранд.

             Ба Агентӣ  дар давоми  соли 2017    -  1391    адад  хуҷҷат  ворид  шудааст ва 1083 ҳуҷҷат аз Агентӣ содир шудааст.

             Дар давраи њисоботї 5 Шўрои машваратии Агентї  ва   52  маҷлиси назорати назди Директори  Агентии  давлатии  њифзи иҷтимоии ањолї гузаронида  шуд. 

            Дар давраи  њисоботї ба  Агентї     338  адад муроҷиатњои хаттии шањрвандон ворид  шудаанд. 

    Инчунин  аз тарафи директор, муовини директор, сардорони  раёсатњо ва шуъбањои Агентї    829  нафар  шањрвандон ќабул карда шуданд.

             Роњбарият ва кормандони Агентии давлатии њифзи иҷтимоии ањолї бањри татбиќи сиёсати иҷтимоии Њукумати мамлакат тадбирњои судманд андешида, дар оянда низ кўшиш ба харҷ медињад, ки дастуру супоришњои роњбарияти Вазоратро сари ваќт ва бо сатњу сифати баланд иҷро намояд.

 

 

 

 

 

 

Иљрокунанда: Каримов Љ. Г.,

                          Муминов М.Ш.,

                          Абдурасулова Г.

 

 

  

 

 

 

 

Дида шуд: 6350