Ба чоп

 

Ҳисобот

оид ба фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоњаи аввали   соли 2019

 

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоњаи аввали  соли 2019 дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 декабри соли 2018 зикргардидаро сармашқи кори худ намуда, фаъолияташро дар заминаи Стратегияву барномаҳои амалкунада ба роҳ монда, дар робита ба иҷрои супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзииҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома, Нақшаи кории Вазорат ва Агентӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Тавре аз Паёми имсолаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бармеояд:  «Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».

Дар робита ба ин, Агентӣ фаъолияташро аз таҳияи “Наќша чорабинињои  Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон оид ба иљрои вазифањое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон  аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї” зикр гардидаанд” оғоз намуда, ҷињати амалӣ намудани он чораҳои мушаххас андешида истодааст. Наќшаи мазкур бо Фармоиши директори Агентї аз 18 январи  соли 2019, №01 тањия ва тасдиќ гардида, тибќи рўйхат ба сардорони раёсатњо, шуъбањо ва мудирони бахшњои дастгоњи марказї, роњбарони ташкилоту муассисањои системаи Агентї дастрас карда шудааст.

Бояд ќайд намуд, ки омўзиши Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар байни кормандони дастгоњи марказї бо иштироки муовини вазири тандурустї  ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон муњтарам Шодихон Љамшед санаи 31 декабри соли 2018 бароњ монда шуда, инчунин дар муассисањои њифзи иљтимоии  ањолии зерсохтори Агентї тибќи фармоиши директори Агентї аз 7 январи соли 2019, №1- сх  Гуруњи корї бо маќсади таъмини иљро оид ба шарњи муњтавои нуќтањои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, иљрои нусха аз Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 ноябри соли 2018, №12 бо таваљљуњ ба пурзўр гардидани љавобгарии љиноятї нисбати ќонунвайронкунињо ва њуќуќвайронкунињои маъмурї дар самти воридот, истењсолот ва муомилоти дорувории бесифат, ќалбакї, ѓайристандартї ва муњлати истифодабариашон гузашта, иљрои  номатлуби вазифањои касбї аз љониби кормандони соњаи тиб, вайрон кардани ќоидањои санитарию гигенї аз тарафи табибони хусусї, кормандони кошонаи њусн, сартарошхонањо ва дигар корхонањои хизматрасон, ки боиси мубталои сирояти шудани одамон гардиданд, корњои таблиѓотию фањмондадињї бароњ монда шуд.

Дар давраи њисоботї дар партави дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 декабри соли 2018 зикргардида бо маќсади омўзиш ва тањлили вазъи воќеъии татбиќи барномањо дар самти њифзи иљтимоии ањолї дар асоси фармоиши директори Агентї аз 31 январи соли 2019, №4-СХ  гурўњњои корї таъсис дода шуда, мониторинг, омўзиш ва тањлили фаъолияти шуъбањои хизматрасонї дар хонаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, марказњои будубоши рўзона барои кўдакони имконияташон мањдуд, муассисањои будубоши доимї, осоишгоњ ва истироњатгоњњо, инчунин марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої барои пиронсолону маъюбон, рафти таъин, маблаѓгузорї ва пардохти кўмаки унвонии  иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоатро  дар њамаи шањру ноњияњои љумњурї доир намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки натиљаи мониторинг, омўзиш ва тањлили доиркардашуда бо иштироки масъулин дар маљлиси назоратии назди директори Агентї 27 феврали соли 2019 бо иштироки сардорони воњидњои сохтории дастгоњи марказии Агентї ва роњбарони муассисањои њифзи иљтимоии ањолї мавриди муњокима ќарор дода шуда, љињати бартараф намудани камбудињои љойдошта дастуру супоришњои мушаххас дода шуд, ки иљрои он тањти назорати доимї ќарор дорад.

Дар ин замина, бо маќсади баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонии иљтимої дар муассисањои њифзи иљтимоии ањолї, таќвияти фаъолият дар самти ташкили хизматрасонии иљтимої фармоиши директори Агентї аз 14 марти соли 2019, №05 ба имзо расонида шуда, ба масъулин љињати иљрои сариваќтї ва босифати вазифањои оинномавї, низомномањо, дастурамалњои мансабї ва санадњои меъёрии њуќуќии соњавї, баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонии иљтимої дар муассисањои њифзи иљтимоии ањолї, љобаљогузории бошандагон дар хона-интернатњо, вазъи риояи меъёрњои санитарию эпидиомологї, нигоњдорї ва истифодабарии маводњои доруворї, маводњои безараргардонї, риояи меъёри хўрока ба бошандагон аз рўи меъёри тасдиќшуда, дурустии баќайдгирии воридот ва харољоти кўмакњои хайриявї, истифодаи оќилонаи заминњои  хољагињои ёрирасон, баланд бардоштани њосилнокии мењнат ва зиёд намудани даромади соф, ташкил намудани гармхонањо, зиёд намудани саршумори чорво, вусъат додани паррандапарварї, харгўшпарварї, моњипарварї ва асалпарварї, кишти такрорї ва зиёд намудани кишти сабзавот,љамъоварї, захира ва истифодаи гиёњњои шифобахш, фаъолияти мунтазами  кори “Фито-бар”-њо, наздик намудани фаъолияти муассисањои будубоши рўзона  ба талаботњои муосир, ташкили дурусти хизматрасонии иљтимої дар хона аз руи стандартњои муосир,  дар сатњи баланд гузаронидани  мавсими тирамоњу зимистони солњои 2019-2020, бехатарї аз сўхтор, риояи одоби муошират, интизоми мењнат ва сару либоси ягонаи кормандон, таќвият бахшидан ба фаъолият дар самти ташкили хизматрасонии иљтимої дастуру супоришњои ќатъи дода шуд.

Дар давраи њисоботї Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи  соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»,“Нақша чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2019”, ки бо  фармоиши директори Агентї аз 14 феврали соли 2018, №11 тасдиќ карда шуда аст, таҳти роҳбарӣ ва иҷроиш қарор дошта,  бобати иљроиши он ба Вазорат маълумоти муфассал ирсол гардид.

 Вобаста ба иљрои бандњои дахлдори Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030 тибќи супориши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон маълумот тариќи электронї  ба вазорат ирсол карда шуд.

          Давоми  семоњи соли 2019, љихати иљрои ќарорњои мушовараи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон  аз 21 декабри соли 2018, №12-11 “Дар бораи рафти иљрои механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат (дар 10 шањру ноњия) ва  аз 10 январи соли 2019, №1-1  “Оид ба љамъбасти  фаъолияти Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии  Љумњурии Тољикистон  дар соли 2018 ва вазифањо барои соли 2019”  маълумот ба вазорат пешнињод карда шуд.

 Бо маќсади такмил  ва даќиќ намудани Махзани ягонаи маълумот оид ба категорияи шахсони имтиёздор ва ниёзманд  Агентї ба шањру ноњияњои љумњурї  оид ба пешнињоди шумораи шањрвандонеро, ки аз имтиёзњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон  истифода мебаранд ва аз буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд бо нишондоди гуруњњо ва минтаќањо  барќиянома ирсол намуд. Маълумот аз шањру ноњияњои љумњурї љамъоварї ва љадвали љамъбастї тартиб дода шуда, моњи  январи соли 2019,  ба Вазорат пешнињод гардид.

  Супориши банди 34 Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 21 январи соли 2019, №1 оид ба омўзиши вазъи њар як оила, муайян намудани манбаи даромадаи онњо, сатњи касбият ва њайати иљтимоии оилањо,  мавриди роњбарї ва иљроиш ќарор додашуда, бо маќсади иљрои сариваќтии супориши мазкур,  ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо оид ба фаро гирифтани њар як аъзои оилаи камбизоат- гирандаи кўмакпулии унвонии иљтимої бо шуѓл ва ягон касбу њунар ва аз натиљаи он пешнињод намудани маълумот ба Агентї мактуби дархости  равон карда шуд.

Дар робита ба иљрои ин масъала бо истифода аз системаи иттилоотии кўмакњои унвонии иљтимої маълумоти омори аз љумлаи,  шумораи гирандагони кўмакпулии унвонии иљтимої  дар соли 2018 ва ба њолати то 20 марти соли 2019, шумораи нафароне, ки дар барнома њамчун бекор баќайд гирифташудаанд, шумораи кудакони то 16 сола дар њайати оилаи камбизоат,  кудакони маъюб, маъюбони гуруњњои 1, 2 ва 3, инчунин пиронсолони яккаву танњо  ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон пешнињод гардид.

Тазаккур бояд дод, ки дар иртибот ба иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати милли- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар љаласаи Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 27 апрели соли 2018,  Наќшаи чорабинињои Агентї оид ба баргузории љашни 30-солагии Рўзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон тањия гардида, бо фармоиши директори Агентї 6 июли соли 2018, №23 тасдиќ карда шудааст.

Дар пайваст ба ин, дар муассисањои њифзи иљтимоии ањолї низ Наќшаи чорабинињо оид ба баргузории љашни 30-солагии Рўзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон тањия карда шуда, иљрои он тањти назорати доимї ќарор дорад.

Њамзамон, љињати таъмини иљрои супориши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон аз 08 феврали соли 2019, №1-5/880-842 вобаста ба иљрои Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 21 январи соли 2019, №1 дар доираи корњои ободонию созандагї њар њафта рўзњои шанбе дар тамоми муассисањои системаи Агентї њашар ташкил карда шуда, ањли кормандони муассисањо ба корњои    ободонии гирду атроф ва дохили  муассисањо  машѓул  мегарданд.

Аз љумла, дар муассисањо 745 бех дарахтони мевадињанда, 165 бех дарахти ороишї, 2385 бех гулњои ороиши шинонида шудааст. Корњои кабудизоркунии гирду атроф, шинонидани гулу буттањо ва овехтани шиору овезањо идома доранд.

Қайд бояд кард, ки дар давраи сипаригардида иљрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶумҳурииТоҷикистон» тањти назорати ќатъи ќарор дошт.

Бо маќсади таъмини  назорат ва риояи ќонуни  мазкур дар Агентї  Комиссияи љамъиятии доимоамалкунанда оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо фаъолият намуда, њамаи чорабинињо дар Агентї бо риояи њатимии Ќонуни Љумњурии Тољикистон  «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо» доир карда шуда, дар давраи њисоботї ќонун вайронкунињо ба ќайд гирифта нашудаанд.

Њамзамон,  рафти иљрои  Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тањти назорати доимї ќарор дошта, бобати он њар семоња ба вазорат ахборот ирсол карда мешавад.

Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва малакаи кории онҳо Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ таҳия ва ба имзо расонида шуда, њафтае як маротиба дарсҳои бозомӯзӣ дар мавзуҳои гуногуни аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дошта  гузаронида мешавад.

Инчунин, тибќи наќша њар њафта дар маљлиси назоратии назди директори Агентї муаррифии фаолияти кории бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои љумњурї ва кормандони љавон (тариќи слайдњо) доир карда мешавад.

Дар давраи њисоботї љињати баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва малакањои кориашон 8 маротиба машѓулиятњои байниидоравии бозомўзї  гузаронида шуданд, ки дар онњо љамъ 126 нафар мутахассисон иштирок доштанд.

        Агентї дар ин давра нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани  Рӯзи кормандони мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, Рўзи Артиши миллї,  Рўзи  Модар,  ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳия намуда, чорабинињои мазкур дар муассисањои њифзи иљтимоии ањолї дар доираи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуданд.

         Кайд бояд кард, ки ба иди Наврўзи байналмилалї омодабошии њамаљониба дида шуда, чорабинии мазкур 16 марти соли љорї бо нигоњи нав -бо доир намудани барномаи фароѓатию истироњатї, оростани дасторхони идона ва намоиши њунарњои мардумии муассисањои њифзи иљтимоии ањолии минтаќањои љумњурї  гузаронида шуда, тавассути шабакањои телевизионї инъкос гардид.

Љињати њамкорї бо васоити ахбори омма, пешнињоди гузоришњои телевизионї ва радиої оид ба пешрафт ва татбиќи сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти њифзи иљтимоии ањолї кормандони Раёсат ва муассисањои њифзи иљтимоии ањолї  бо рўзноманигорону тањиягарон аз љумла, бо шабакаи телевизионии “Сафина”,  радиои “Садои Душанбе”, маљаллаи “Даво” ва рўзномаи “Шифо” њамкорињои мутаќобила дошта, пайваста барномаву гузоришњо ва маќолањо омода менамоянд.

Дар давраи њисоботї дар маљмўъ 56 гузоришњо ва барномањои телевизионї ва 21 барномаи радиої  омода ва пахш карда шуданд.

Њамзамон, њамаи чорабинињои доиркардашуда тавассути барномањои телевизионї пахш гардиданд.

      

Фаъолият дар самти ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ.

       Айни замон дар муассисањои будубоши доимии соњаи њифзи иљтимоии ањолї 1193 нафар бошандагон, аз љумла 673 нафар мард, 520 нафар зан ва аз инњо 97 нафараш кўдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гуруњи якум - 281 нафар, маъюбони гуруњи дуюм – 554 нафар, маъюбони гуруњи сеюм - 10 нафар мебошанд. Дар давраи њисоботї  14 нафар ба муассисањои будубоши доимии соњаи њифзи иљтимоии ањолї ќабул гардида, 10 нафар  вафот кардааст.

Бояд ќайд намуд, ки айни њол дар муассисањои будубоши доимї соња 18 нафар ятимони кул, 40 нафар нимятим дар таъминоти давлатї ќарор доранд.

Дар њамин давраи соли 2018 дар муассисањои будубоши доимии соњаи њифзи иљтимоии ањолї 1371 нафар бошандагон, аз љумла 787 нафар мард, 584 нафар зан ва аз инњо 308 нафараш кўдакони маъюб будубоши доимї доштанд. Аз ин шумора маъюбони гуруњи якум - 265 нафар, маъюбони гуруњи дуюм – 541 нафар, маъюбони гуруњи сеюм - 13 нафарро ташкил медод. Дар ин давра 48 нафар ќабул шуда, 10 нафар аз муассиањои будубоши доимӣ вафот карда буд.

Њамзамон,  дар доираи муќаррароти моддаи 34-и  Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, бандњои якум ва дуюми  моддаи 10 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар давраи њисоботї 20 нафар бошандагони муассисањои будубоши доимї ва марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої барои пиронсолон ва маъюбон ба муњити оилавї баргардонида  шуданд.

Аз љумла:

-         аз Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шањри Турсунзода» 2 нафар;

-         аз Муассисаи давлатии  «Хона-интернати беморони руњї дар ноњияи  Љ. Расулов» 3 нафар;

-          аз Муассисаи давлатии  «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон дар шањри Панљакент» 2 нафар;

-          аз Муассисаи давлатии «Маркази љумњурявии тавонбахшї ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноњияи Кушониён» 1 нафар;

-          аз Муассисаи давлатии «Хона – интернати беморони руњии шањри Њисор» 6 нафар;

-         Маркази минтаќавии хизматрасонии иљтимої барои пиронсолон ва маъюбони шањри Душанбе 5  нафар;

-         Маркази минтаќавии хизматрасонии иљтимої барои пиронсолон ва маъюбони шањри Хуљанд 1 нафар;

Бояд ёдовар шуд, ки тибќи моддаи 34-и  Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, бандњои якум ва дуюми  моддаи 10 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар семоњи соли 2018 -22 нафар бошандагон ба оилањояшон баргардонида шуда буданд.

Ба бошандагони ин муассисањо 720 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Ќайдаш ба маврид аст, ки тибќи Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 бо маќсади ба низом даровардани раванди кумакрасонии хайрия вазорату идорањо ба муассисањои њифзи иљтимоии ањолї вобаста карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки тибќи банди 2-и Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 вазорату идорањо ба муассисањои вобасташуда ёрии иљтимоии худро дар асоси дархост ва эњтиёљотњои муассисањои хизматрасонии иљтимої амалї менамоянд.

Аз ин рў, бомаќсади таќвият бахшидан ба њамкорињои дуљонибаи судманд дар ин самт ба сарпарастони муассисањо ва маќомоти давлатї, шахсони саховатпеша, ташкилотњои љамъиятию соњибкорон 7 марти соли 2019, №1.3/158 мактуби расмї ирсол карда шуд.

Дар натиља, дар семоњаи аввали соли љорї ба муассисањои давлатии хона-интернатњои пиронсолону маъюбон ва беморони руњї аз љониби сарпарастон  ба маблаѓи 109 947 сомонї, аз љониби маќомоти давлатї, шахсони саховатпеша, ташкилотњои љамъиятї ба маблаѓи 106 960,2 сомонї ва дар маљмуъ 216 907, 2 сомонї кўмакњои хайриявї ворид гардиданд.

Ќайд менамоем, ки дар семоњаи  соли 2018 ба муассисањои давлатии хона-интернатњои пиронсолону маъюбон ва беморони руњї аз љониби сарпарастон дар доираи Амри Президенти   Љумњурии Тољикистон аз 29 декарбри соли 2017, №АП-983 ва маќомоти давлатї, шахсони саховатпеша, ташкилотњои љамъиятї ба маблаѓи 228 180,9 сомонї кўмакњои хайриявї ворид гардида буд.

Таззакур бояд дод, ки фаъолияти муассисањои давлатии хона – интернатњо бобати дар сатњи зарурї расонидани хизматњои иљтимоию тиббї ба бошандагон тањти назоратӣ доимии кормандони Агентї ќарор дошта, пайваста омўзишњо гузаронида мешаванд.

Яке аз њадафњои стратегии Љумњурии Тољикистон таъмини амияти озуќавории кишвар мебошад, ки дар ин самт  Агентї тадбирњои заруриро амалї менамояд.

Аз љумла, барои ѓанї гардонидани дастархони бошандагону истироњаткунандагон, таъмин намудани онњо бо сабзавоти тару тоза аз заминњои њудуди муассисањо ва хољагињои ёрирасон васеъ истифода бурда мешавад.

Мавриди зикраст, ки масоњати умумии заминњои муассисањои системаи Агентї 173,35 гектарро ташкил дода, аз ин 85,56 гектарро заминњои корами хољагињои ёрирасон ва 79,49 гектарро заминњои наздињавлигї ташкил медињад.

Дар давраи њисоботї  дар заминњои корами хољагии ёрирасони муассисањо кишти гандум, лубї, нахуд, љуворимака, шолї, боимљон, помидор, лаблабу, бодиринг, карам, каду, сабзї, пиёз, шалѓам, турб, картошка, юнушќа ва дигар намуди мањсулотњо ба анљом расонида шуда, фаъолият дар ин самт идома дорад.

Њамзамон, дар хољагињои ёрирасони муассисањои системаи Агентї  чорводорї, мурѓпарварї, моњипарварї ва парвариши замбури асал бароњ монда шуда аст.

Айни њол дар муассисањо шумораи чорвои калони шохдор (гов) 90 сар, шумораи чорвои майда буз 79 сар, гусфанд 10 сар, асп 1 сар, 70 адад мурѓ, 25 адад мурѓобї мављуд буда, шумораи њафзњои моњидор 2 адад, шумораи оилањои замбури асал (ќуттї) 47 адад мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикситон аз 4 марти соли 2014, №168 «Дар бораи Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон» дар номгўи муассисањои системаи  Агентї як осоишгоњ - Муассисаи давлатии «Осоишгоњи табобатии  собиќадорони љангу мењнати «Харангон»-и ноњияи Варзоб», се истироҳатгоҳҳо: «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Дўстї»-и ноњияи Љайњун», «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Ромит»-и  шањри Вањдат ва «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Биби Фотимаи Зањро»-и ноњияи Ишкошим бо филиалаш дар ноњияи Роштќалаъа (Занинс)» фаъолият менамоянд. Бояд ќайд кард, ки тибќи оинномаи муассисањои болозикр мавсимї мебошанд ва мавсими истироњатии навбатиро аз моњи май оѓоз намуда, моњи  октябр  ба анљом мерасонанд.

Имконияти осоишгоњу истироњатгоњњо дар як басти истироњатї то  320 кат-љойро ташкил медињад. Њамасола дар мавсими истироњатї, ба њисоби миёна, зиёда аз 1970 адад роњхатњои ройгон ба имтёздорон људо карда мешавад. Масалан, дар соли гузашта 2443 нафар имтиёздорону роњбаладон ва ба тариќи шартномавї ба табобату истироњат фаро гирифта шуданд.

Ба истироњаткунандагони осоишгоњу истироњатгоњњои системаи Агентї њамагї 278 нафар кормандон, ки аз инњо 100 нафар ба таври доимї ва 178 нафарашон ба таври мавсимї фаъолият доранд, хизмат мерасонанд. Њамаи командони муассисањои болозикр тибќи тартиби муќарраргардида бо либоси ягонаи корї таъмин карда шудаанд.

Ќайд бояд кард, ки давоми ду соли охир кормандони тиб ва кормандони хурди тиббї,  кормандони ошхонаи муассисањо аз барномаи курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони иљтимої дар Муассисаи давлатии “Маљмааи таълимию таљрибавии кори иљтимої ва инноватсияњо” бархурдор гардиданд. Омода намудани њайати кории кормандон ба мавсими истироњатї ва гузаронидани кормандон аз муоинаи тиббї моњи апрели соли љорї ба итмом расонида мешавад.

           Дар осоишгоњу истироњатгоњњои системаи Агентї  њоло аз рўи  табобатњои гуногун, аз љумла: табобат бо обњои табиї, табобати физиотерапевтии барќї, лойгузорї, парафин, озекрит, ваннањои сиркулярї, мањс, сўзандармонї, табобат бо мањлули тахач, муми куњї, масњи обї, буѓи хушк, ќумдармонї ва ѓайра хизмат расонида мешавад.   Дар њамаи муасиссањо  фито –барњо  ташкил карда шуда,  аз гиёњњои шифобахши ватанї барои истироњаткунандагон  нушокињои    давобахш  омода мешаванд. Њамзамон, дар муассисањо љамъоварї ва захираи гиёњњои  шифобахш ба роњ монда шудааст.        

Тибќи Фармоиши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон аз 1 августи соли 2018, №682 “Дар бораи тасдиќи меъёри харољоти маводи ѓизої дар муассисањои њифзи иљтимоии ањолї”  дар мувофиќа бо Пажўњишгоњи давлатии «Ѓизо»-и Вазорати саноат ва технологияњои нави  Љумњурии Тољикистон меъёри хўрока барои истироњатгоњњо 20,07 сомонї ва барои осоишгоњи Харангон 21,25 сомонї ба як нафар дар як шабонарўз тасдиќ гардидааст.  

         Мавриди зикр аст, ки тибќи наќша дар мавсими истироњатии соли љорї  бо назардошти имкониятњои молиявї 1780 адад роњхатњои ройгон барои имтиёздорон, собиќадорони љангу мењнат ва маъюбон људо карда мешавад. Аз  љумла, дар муассисањои давлатии истироњатгоњи  «Дўстї» дар 7 баст (520 нафар), Ромит дар 7 баст (350 нафар), Харангон дар 8 баст (520 нафар) ба муддати 18 рўзї, Истироњатгоњи «Бибї Фотимаи Зањро» - и ноњияи Ишкошим бо филиалаш дар 7 баст (420 нафар) ба муддати 12 рўзї ба табобату истироњат ва тавонбахшї фаро гирифта мешаванд. Дар маљмўъ имконияти истироњатгоњњо дар як баст 245 кат-љойро ташкил менамояд.

Бояд ќайд кард, ки имсол низ  таќсимоти роњхатњои санаторї - курортї дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 «Дар бораи тасдиќи Ќоидањои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторї - курортї», дигар санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ва фармоиши дахлдори Вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тибќи љадвал ба роњ монда мешавад. Инчунин, дар асоси бовариномаи дахлдор тавассути шуъба ва бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи  мањаллии њокимияти давлатї дастраси ниёзмандон гардонида мешаванд. То оѓози мавсим  доир намудани корњои таблиѓотиву фањмондадињї ба ањолї оид ба тартиби бо роњхатњои санаторию курортї  таъмин намудани имтиёздорон тавасути ВАО ба наќша гирифта шудааст.

Барои гузаронидани мавсими истироњатии соли љорї аз буљаи давлат 5 043 040 сомонї маблаѓ људо гардидааст.

Аз љумла, барои :

«Осоишгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Харангон»-и ноњияи Варзоб- 1 820 549 сомонї, Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Дўстї»-и ноњияи Љайњун -  1 097039 сомонї, Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати  «Бибї Фотимаи Зањро»-и ноњияи Ишкошим  - 663487 сомонї, Филиали Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати  «Биби Фотимаи Зањро» дар ноњияи Роштќалъа  - 199158 сомонї, Истироњатгоњњои табобатии собиќадорони љангу мењнати   «Ромит»-и шањри Вањдат 1 262807 сомонї маблаѓ пешбинї гардидааст.

Ќобили зикр аст, ки љињати дар сатњу сифати баланд гузаронидани мавсими истироњатии соли 2019 Наќшаи чорабинињои Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї тањия карда шудааст, ки тибќи он  истироњатгоњњо ва осоишгоњи системаи Агентї то оѓози мавсими истироњатии навбатї  корњои омодагиро ба анљом расонида истодаанд.

Тибќи дастуру супоришњои директори Агентї  бахшида ба «Солњои рушди дењот,  сайёњї ва њунарњои мардумї» дар њар як муассиса њуљрањо ва гўшањои алоњида ташкил карда шуда, буклетњо, шиору овезањо омода карда мешаванд ва дар ин самт корњои таблиѓотию фањмондадињї бо муаррифии љойњои таърихию истироњатии макони љойгиршавии истироњатгоњњо ва осоишгоњ ба роњ монда мешаванд.

Дар мавсими истироњатї ташкили дурусти фаъолияти китобхонаву њаммомњо бо сартарошхона, боѓу гулгаштњо ва љойњои сайру истироњатии оммавї ба наќша гирифта шуда,  дар њамкорї бо сохторњои марбута омода намудани муассисањо ба њолати хуби санитарию эпидимиологї, оташнишонї, чорабинињои безараргардонї идома дошта, аз ин сохторњо пас аз ба анљом расонидани корњои болозикр хулосањои зарурї гирифта мешаванд. Дар муассисаҳои давлатии осоишгоњу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ то мавсими ќабул  тамоми њудуди муассисаҳо ва биноњо пурра безараргардонї карда шуда, партовљойњо ва њавзњои обнигоњдорї бо мањлули гипохлориди калсий коркард ва безарар гардонида мешаванд.

         Фаъолият дар самти омода намудани њуљрањои истироњаткунандагон, гиёњдармонї, ташкили фаъолияти фито-барњо, њуљрањои физиотерапевти ва њамаи таљњизотњои хизматрасон идома дошта,  бањри баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї ба истироњаткунандагон наќшаи чорабинињо тартиб дода шудаанд.

Дар маљмуъ имрўзњо корњои ободонию созандагї дар биноњои маъмурии осоишгоњу истироњатгоњњо ва кўчаву гулгаштњо, нарм намудани бехи нињолњо, шинонидани гулњои ороишї, дархтони сояафкан ва мевадињанда, тоза кардани роњраву љуйборњо, таъмири њуљрањои корї ва њуљрањои истироњаткунандагон, дигар иншоотњои ёрирасон, ба тартиб даровардани майдончањо, омода намудани муассисањо ба њолати хуби санитарию эпидимиологї, оташнишонї, чорабинињои безараргардонї  идома дошта, барои оѓоз намудани мавсим омодабошии њамаљониба дида шуда истодааст.

Бояд ќайд кард, ки 18 марти соли љорї рафти омодагии осоишгоњ ва истироњатгоњњои системаи Агентї ба мавсими имсола дар љаласаи Њайати мушовараи Вазорат мавриди баррасї ќарор дода шуда, бобати он  ќарои дахлдор ќабул гардид.

          Дар давоми соли равон дар тамоми муассисањо фаъолияти фито-барњо ба роњ монда шуда, айни њол 51 номгуи гиёњњои шифобахш ва мевањои хушконидашуда дар асоси тавсияи табибон ба бошандагон аз гиёњњои шифобахш тариќи нўшоба ва дамоба пешнињод карда мешавад.

          Шакли љадвалии хона-интернатњо замима мегардад.

          Лозим ба ёдоварист, ки яке аз самтњои муњими соњаи њифзи иљтимоии ањолї ин хизматрасонињои ройгони  иљтимої мебошад, ки он ба шањрвандони дар њолати душвори зиндагї ќарор дошта расонида мешаванд.

         Барои  бењтар намудани  сатњу сифати  хизматрасонињои  иљтимої  ва  камхарљ гардонидани онњо тибќи шартнома бо Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї 37 адад марказњои хизматрасонї  фаъолият доранд, аз љумла:

-марказњои тавонбахшї барои кудакони имконияташон мањдуд-27 адад;

-марказњои хизматрасонии иљтимоии шакли омехта (пиронсолон, маъюбон ва кўдакони имконияташон мањдуд) -7 адад;

-маркази будубоши рўзона барои пиронсолон -1 адад (н. Ёвон);

-маркази будубоши рўзона барои шањрвандоне, ки ќурбони савдои одамон гардидаанд -1 адад ( ТЉ “Фемида”, ш. Душанбе).

- маркази хизматрасонии иљтимої ба шањрвандони дар вазъияти душвори зиндагї ќарордошта -1 адад (ТЉ “Дилафрўз”, вилояти Хатлон).

Фаъолияти марказњои болозикр тањти назорат ќарор дошта, бањри бењтару хубтар намудани сатњу сифати хизматрасонињо чорањои сариваќтї ва зарурї андешида мешаванд.

Дар 3 моњи соли 2019 - 427 нафар кормандони иљтимої ва мутахассисони  ин марказњо ба 1488 нафар эњтиёљманд (857 нафар писарон ва 631 нафар духтарон) чорабинињои офиятбахшии иљтимої, солимгардонии љисмонї, равонї, рушди зењнї, мутобиќшавї ва њампайвандї бо љомеъа гузаронида, онњоро се  маротиба дар як рўз бо ѓизои гарми мувозишуда таъмин намуданд.

Дар  њамин давраи соли гузашта 350 нафар кормандони ин марказњо ба 1408 нафар эњтиёљмандон хизматњои иљтимої расонида буданд.

Инчунин, тањти сарпарастї ва маблаѓгузории Агентї 4 адад маркази хизматрасонии иљтимої барои  пиронсолону маъюбони яккаву танњо дар шањри Бохтар, ноњияњои  Хуросон, А.Љомї ва Ёвон фаъолияти пурсамар намуданд. Давоми 3 моњи соли 2019 - 65 нафар  кормандони ин марказњо ба 94 нафар калонсолон (39 мард ва 55 зан) ва 123 нафар кўдакони имконияташон мањдуд (65 писар ва 58 духтар), љамъ ба 217 нафар хизматњои офиятбахшии иљтимої расонидаанд.

Дар дар  семоњаи аввали соли 2018- 55 нафар кормандони марказои болозикр ба 126 нафар калонсолон ва 72 нафар кўдакони имконияташон мањдуд љамъ ба 198 нафар хизматрасонї намуда буданд.

         Инчунин ду маркази дигар яке Маркази хизматрасонии иљтимої ба шањрвандони дар вазъияти душвори зиндагї ќарордошта дар вилояти Хатлон ТЉ “Дилафрўз” ва Маркази будубоши рўзона барои шањрвандоне, ки кўрбони савдои одамон гардиданд, дар ш. Душанбе ТЉ “Фемида” фаъолият доранд, ки 27 нафар  кормандони марказњои болозикр ба 122 нафар истифодабарандагон хизматрасонї мекунанд.

Дар семоњаи аввали соли 2018 аз љониби  18 нафар кормандони ин марказњо  ба 114 нафар истифодабарандагон хизмат расонида буданд.

          Дар самти хизматрасонии иљтимої яке аз шаклњои афзалиятнок таъмин намудан бо хизмат бевосита дар макони зисти шањрвандони эњтиёљманд, дар муњити одаткардаашон мебошад.

Вобаста ба пешнињоди шакли хизматрасонии болозикр дар миќёси љумњурї 41 адад шуъбањои хизматрасонии иљтимої дар хонаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї фаъолият доранд, ки 783,5 нафар кормандон давоми 3 моњи соли 2019 ба 5036 нафар (2860 нафар зан ва 2176 нафар мард) ниёзмандон ва оилањои эњтиёљманд хизматњои иљтимої- маишї, равонї, њуќуќї, маслињатї, намояндагї ва роњбаладї расониданд, ки ин нишондодњо дар њамин давраи соли гузашта мутаносибан  809  ва 5616 нафарро ташкил медод.

 Фаъолияти ин шуъбањо дар давраи  њисоботї мунтазам тањти назорати мутахассисони шуъба ќарор дода шудааст.

Инчунин бо дастгирии директори  Агентї ва роњбарияти  Муассисаи давлатии “Маљмааи таълимию таљрибавии кори иљтимої ва инноватсияњо”  29 нафар дар курсњои омўзишии иштирок намуда, дорои сертификатњо гардиданд. Маќсади баргузории курсњои мазкур ин баланд бардоштани сатњу сифати донишњои касбии кормандони марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої мебошанд.

          Бањри зиёд намудани теъдоди расонидани хизматрасонии иљтимої ба пиронсолони яккаву танњо, маъюбон, одамони ѓайри ќобили мењнат, бе љойи зисти  муайян  ва  шахсони дар њолати душвори зиндагї ќарордошта дар  шањру  ноњияњои мамлакат 6 адад Марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої  фаъолият доранд, ки љамъ 225 нафар кормандони маъмурию иљтимоии ин муассисањо дар 3 моњи соли 2019 ба 984 нафар муштариён (411 нафар мард, 545 нафар зан, 28 нафар кўдакон) хизматњои иљтимої-маишї, иљтимої-тиббї, маърифативу фарњангї, миёнаравї-намояндагї  ва њуќуќї, ки бо њам алоќаманданд, расониданд. (дар семоњаи соли 2018  219 нафар кормандони маъмурию иљтимоии ин муассисањо ба 938 нафар (352 – мард, 586 - зан))

 Дар марказњо ба эњтиёљмандон  на танњо хизмати иљтимої расонида мешавад, инчунин шахсоне,  ки  љои зисти муайян надоранд, муваќќатан ба мўњлати аз 3 то 6 моњ бо љои зист ва се ваќт хўроки гарм таъмин карда мешаванд. Њоло дар марказњои минтаќавї 85 нафар эњтиёљмандон муваќќатан умр ба сар мебаранд (дар 3 моњи аввали соли 2018, 80 нафар). Дар назди ќисме аз ин марказњо бахшњои хизматрасонии иљтимої дар хона амал карда истодааст, ки  ба 716 нафар эњтиёљмандон бевосита дар хонањояшон хизмати иљтимої  мерасонанд (дар 3 моњи аввали соли 2018, 672 нафар).

   Вобаста ба ин,  бояд ќайд кард, ки аз тарафи марказњои минтаќавї ба 295 нафар истифодабарандагони хизмат, ки ба хўрок эњтиёљ доранд, ѓизои гарм дода мешавад (дар 3 моњи аввали соли 2018, 318 нафар).

          Мавриди зикр аст, ки бахшида ба “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” дар тамоми муассисањои зертобеъи Агентї “Гўшањои њунарњои мардумї”  ташкил карда шуда, дар марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої ба пиронсолон ва маъюбони яккаву танњои шањри Душанбе, ноњияи Деваштич ва шањри Истаравшани вилояти Суѓд истифодабарандагони хизматњо ба омўзиши њунарњои мардумї љалб карда шудаанд, ки имрўз мањсули дастони худро доранд.

           Дар умум, дар 3 моњи соли 2019 аз љониби шабакањои  хизматрасонии иљтимоии будубоши муваќќатї дар љумњурї ба 8031 нафар ниёзмандон хизмати иљтимої ва тавонбахшии љисмониву равонї расонида шудааст, ки аз инњо 6199 нафарашонро пиронсолону маъюбон ташкил намуда, 1832 нафарашон кўдакони имкониятшон мањдуд  мебошанд.

Њисоботњо дар шакли љадвал замима мегардад.

             

          Дар давраи ҳисоботӣ дар самти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат корҳои назаррас  ба анҷом расонида шуд.

Тазаккур бояд дод, ки  тибқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, №416 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437” механизми таҷрибавии кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои  навинтихобшуда ҷорӣ гардида, айни замон  дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ амалӣ шуда истодааст.

         Тибќи  банди 6 – уми “Тартиби таъин, маблаѓгузорї ва пардохти кумаки унвонии иљтимої ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат”, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз  3  июли  соли 2014, №437 тасдиќ шудааст, вараќањои зарурї барои гирифтани кумаки унвонии иљтимої, аз он љумла ариза дар бораи таъин намудани кумаки унвонии иљтимої, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар  бораи даромад  ва  молу мулки њамаи аъзои оила аз љониби љамоати шањраку деҳот, идораи коммуналию манзилї ва ё кумитаи мањаллии мањалли истиқомати мурољиаткунанда  ройгон дода мешавад.

       Намунаи ин њуљљатњои зарурї барои гирифтани кумаки унвонии иљтимої, ки аз љониби Вазорати тандурустї ва ҳифзи иљтимоии аҳолии Љумҳурии Тољикистон  тасдиќ карда шудаанд,  аз тарафи Агентї  чоп ва  њамзамон 40  шањру ноњияњои таљрибавї  бо ин бланкањо таъмин  мешаванд.

Дар се моњи соли 2019 аз љониби Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї  50 000 бланкањои зарурї чоп карда шуда,  37 800 нусха бланка (ариза дар бораи таъин намудани  кумакпулии унвонии иљтимої, маълумотнома дар бораи њайати оилаи мурољиаткунанда, маълумот дар бораи  даромад ва амволи  њамаи аъзои оила ) ба шањру ноњияњои таљрибавї дастрас карда шудааст.

        Дар давраи њисоботї  ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии 40 шањру ноњияњои таљрибавї љињати ба танзим даровардани пешнињоди маълумотномањои маќоми камбизоатї ва кумакпулї барои дафн ба мурољиаткунандагон, инчунин сариваќт дастрас намудани маблаѓи кумакпулии унвонии иљтимої ба оилањо(шањрвандон)-и камбизоат мактуби тавзењотї ва дархостї ирсол гардид.

          Агентї бо Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон “Амонатбонк” њамкории мутаќобила дошта, оид ба интиќоли маблаѓи кумакпулї ба суратњисоби гирандагони кумакпулии унвонии иљтимої, бозпаси маблаѓњои дар суратњисоби шахсони фавтида баќия монда, њар моњ кушодани суратњисоби шахсї ба шахсоне, ки ба гирифтани кумакпулии унвонии иљтимої њуќуќ пайдо кардаанд ва пардохти сариваќтии кумакпулии унвонии иљтимої мактубњои расмї пешнињод менамояд.

       Дар њамин раванд,  дар семоњаи аввали соли 2019, оид ба дуруст ба роҳ мондани кор бо филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар  40 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла бақияи маблағҳои кӯмакпулӣ дар суратҳисоби гирандагони кӯмакпулӣ ва пардохт шудани он корҳои амалӣ анҷом дода шудаанд. Њар моњ ду маротиба аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” руйхати  он нафароне, ки сариваќт аз кумакпули бархурдор нашудаанд,  дархост карда шуда, ин руйхат ба бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии  шањру ноњияњои таљрибавї барои чораљуи ва њамзамон барои огоњонидани шањрвандон-гирандагони кумакпулї  равон карда мешаванд.

          Бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои таљрибавї давоми се моњи соли 2019, 64 адад арзу шикояти (аппелятсия) мурољиаткунандагонро оид ба рад шудани кумакпулии унвонии иљтимої ќабул намуданд. Дар ин асно, бо супориши раисони шањр/ноњия шахсони масъул верификатсияи маълумоти пешнињодшударо гузаронида, маълумоти муќоисашуда аз љониби мутахассисон оид ба кумаки унвонии иљтимої ба система ворид карда шуд. Аз ин шумора ба 9 мурољиаткунанда  кумакпулии унвонии иљтимої таъин гардида ба 55 нафар кумакпулии унвонии иљтимої рад шудааст.

        Вобаста ба иљрои  банди 30 “Тартиби таъин, маблаѓгузорї ва пардохти  кумаки унвонии иљтимої”  гирандагони кумакпулии унвонии иљтимої,  ки  мутаассифона вафот карданд,  руйхати ном ба номи онњо барои бастани суратњисоби шахсї ва  бозпас кардани баќияи маблаѓ ба Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон “Амонатбонк”  ба воситаи мактуби дархостї пешнињод карда мешаванд.

          Дар семоњи соли 2019, аз тарафи мутахассисон/коргузор оид ба кумаки унвонии иљтимої дар 40 шањру ноњияњои таљрибавї ба системаи иттилоотї хати вафоти 37 нафар гирандагони кумакпулии унвонии иљтимої  ворид карда шудааст.

       Дар сурати ба охир расидани муњлати пардохти кумакпулии унвонии иљтимої Агентї (баъд аз як соли таъин шудани кумакпулї ба шањрванд/оила) ба Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон “Амонатбонк”  оид ба бастани суратњисоби шахси ва бозпаси маблаѓњои баќиямонда  мактуби дархостиро пешнињод менамояд ва чунин дархост  аз 1 феврали соли 2019, №1.4.1/79 ба бонки мазкур пешнињод гардид.

       Дар натиља,  аз тарафи  Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон “Амонатбонк”  89200 сомонї маблаѓњое, ки дар суратњисоби шахсоне, ки ба онњо кумакпулии унвонии иљтимої бо сабаби вафот кардани гирандаи кумакпулї, иваз шудани љойи истиќомати доимии  оила, ба охир расидани муњлати пардохти кумакпулии унвонии иљтимої баќия мондааст ба  буљет баргардонида шуданд.

        Рољеъ ба иљрои  бандњои 38-39 “Тартиби таъин, маблаѓгузорї ва пардохти  кумаки унвонии иљтимої” ба Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон “Амонатбонк” оид ба кушодани суратњисоби шахсї ба гирандагони кумаки унвонии иљтимої мактубњои дархости аз 7 январи соли 2019, №1.4.1/9 барои гирандагони кумакпулї дар моњи январ бо шумораи 7161 нафар, аз 5 феврали соли 2019, №1.4.1/83 барои гирандагони кумакпулї дар моњи феврали соли 2019 бо шумораи 7882 нафар ва аз 6 марти соли 2019, №1.4.1./153 барои гирандагони кумакпулї дар  моњи марти соли 2019 бо шумораи 8660 нафар пешнињод гардид.

Љињати таќвият бахшидани кор дар самти кумакњои унвонии иљтимої, гузаронидани корњои фањмондадињї, баргузории семинарњои машваратї омўзишї, мизи мудаввар як ќатор корњо ба анљом расонида шуд.

         Бо иштироки роњбарияти Агентї,  Њамоњангсози Лоињаи тањкими низоми њифзи иљтимої, мушовирони Лоиња ва  кормандони Агентї дар маљлисгоњи Агентї семинар дар мавзуи  “Тарзи тањияи маълумоти оморї  тариќи системаи иттилоотии  кумакњои унвонии иљтимої”бо даъват намудани мушовири байналмилали Аскар Арзубаев   баргузор карда шуд.

        Дар њамин асно,  моњи марти соли 2019, вохурии роњбарият ва кормандони масъули Агентї бо мушовири Бонки умумиљањонї Елена Виноградова оид ба масъалаи  тањияи  маълумоти оморї, маълумоти љадвали, ки бевосита тариќи системаи иттилоотии кумакњои унвонии иљтимої сурат мегирад анљом дода шуда, дар рафти он таклифу пешнињод  барои  тањияи маълумоти зарурии оморї  манзур карда шуд.

Тибќи супориши директори Агентї  моњи феврали соли 2019 бо маќсади дастрас кардани маълумоти  аниќ оид ба  љараёни иљрои кўмакпулии унвонии иљтимої ба шањрвандон ва оилањои камбизоат, бо фаъолияти бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти  давлатии шањру ноњияњои таљрибавї шинос намудани  намояндаи Бонки умумиљањонї, мушовири байналмилали Кирил Чагин,  корманди масъули Агентї бо ў дар шањри Норак, ноњияњои Ёвону Рўдакї дар сафари хизмати ќарор доштанд. Дар рафти сафар аз руи наќша як ќатор вохурињо анљом дода шуда, фаъолияти бахшњои  болозикр дар самти кумакпулии унвонии иљтимої дида шуд. Ѓайр аз ин,  бо гирандагони кумакпулї  тариќи пурсишу саволњо суњбат  гузаронида шуда,  вазъи  хонавода дар љойи зист  дида шуд. Бо намояндагони љамоатњои шањраку дењот, шахсони вобаста,  раисони мањаллањо  љињати муайян намудани наќши кумитањои мањал дар  иттилоотонии ањолї оид ба кумакпулии унвонии иљтимої вохурї карда шуд.

Бо бо ташаббуси Бонки умумиљањонї рузи 15 марти соли 2019 дар мавзуи “Кумакњои унвонии иљтимої ва дар сатњи миллї љорї шудани он”  Мизи муддавар доир карда шуд, ки дар он роњбарият ва кормандони масъули Агентї фаъолона иштирок варзиданд. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати кафолати кумакњои иљтимоии Агентї дар бораи љорї гардидани низоми  кумакпулии унвонии иљтимої ва марњилањои он баромад намуд.

          Айни замон, дар  40 шањру ноњияи таљрибавї 69 нафар  мутахассисон/коргузор оид ба кумаки унвонии иљтимої фаъолият дошта ба системаи иттилоотии кумаки унвонии иљтимої маълумоти мурољиаткунандагонро ворид намудаистодаанд.

         Марказњои минтаќавии њамоњангсозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии иљтимоии унвонї да самти  дастгирии иљтимоии оилањои камбизоат дар шањрњои Душанбе ва Хоруѓи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон фаъолият доранд, ки  ба воридкунии маълумоти шањрвандон вобаста мебошанд.

         Маркази минтаќавии њамоњангсозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар шањри Душанбе (дар заминаи  Агентї) дар се моњи аввали соли 2019, мурољиати  964 оиларо, ки аз љониби  бахши њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Рўдакї ба  марказ пешнињод шудаанд ќабул намудааст. Аз ин шумора 849 маълумоти мурољиаткунанда аз тарафи кормандони марказ ба системаи иттилоотї ворид шудааст.

Кормандони  Маркази минтаќавии њамоњангсозии  механизми таъин ва пардохти кумакпулии иљтимоии унвонї дар шањри Хоруѓ бошад 1475 маълумоти мурољиаткунандагонро ба системаи иттилоотї ворид карданд. Њамзамон, Маркази минтаќавии њамоњангсозии  механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар шањри Хоруѓ тибќи вазифањо мусоидати техникии сариваќтиро ба бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои ВМКБ амалї намуда истодааст.

Ба њолати  2 апрели соли 2019 дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ  маълумоти  26594 хонавода ба системаи иттилоотии кумакњои унвонии иљтимої (АСИСТ) ворид карда шуда (соли гузашта 28147 нафар), аз онњо 23639 хонавода ё оила барои гирифтани кӯмакпулии унвонии  иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо намуданд (соли гузашта 24280), ки аз ин шумора шахсони яккаву танњои пиронсол 606 нафарро ташкил менамоянд. Дар маљмуъ шумораи умумии гирандагони кумакњои унвонии иљтимої 94 211 нафарро ташкил медињад (соли гузашта 90018).

Дар ин давра  маблаѓгузории кумаки унвонии иљтимої 6 033 200 сомониро ташкил медињад, ки нисбат ба њамин давраи соли 2018  -2 777 900 сомонї кам мебошад.

Њамзамон, ќайд менамоем, ки ба маблаѓи 3177300 сомонї дархости молиявї, ки аз љониби Агентї 5 марти соли 2019 ба Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шудааст, танњо 3 апрели соли љорї маблаѓгузорї карда шудааст.

         Инчунин,  ба маблаѓи 3 354 100 сомонї дархост барои маблаѓгузорї  ба Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон пешнињод гардидааст, ки то њол маблаѓгузорї карда нашудааст.

         (Маълумот оид ба таъин, рад ва маблаѓгузории кумаки унвонии иљтимої  замима мегардад).

             Фаъолият дар самти мониторинг ва тањлили соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Қайд бояд кард, ки Агентї дар љињати татбиқ намудани имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, кӯдакони ятим ва оилаҳои бесаробонмонда, шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ва дигар қишри осебпазири аҳолии эҳтиёҷманд, беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии онњо тадбирҳо амалӣ карда  истодааст.

       Дар њамин раванд, тибќи низомнома Агентї мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва харољоти маќсадноки маблаѓњоро,  ки  барои  пардохти  љубронпулї ва кўмаки унвонии иљтимої људо шудаанд, мегузаронад.

     Љињати иљрои сариваќтии супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, ќарорњои мушовараи Вазорат, дастуру супоришњои роњбарияти Агентї, Наќшаи фаъолият дар семоњаи аввали соли 2019,  бо маќсади  гузаронидани мониторинг, омўзишу тањлили фаъолияти шуъбањои хизматрасонї дар хона, марказњои будубоши рўзона барои кўдакони  имконияташон мањдуд, муассисањои будубоши доимї марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої барои пиронсолон ва маъюбон, инчунин рафти таъин, маблаѓгузорї ва пардохти  кўмакпулии унвонии иљтимої дар асоси фармоиши директори Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї аз 31 январи соли 2019, №4-сх гуруњњои корї  таъсис дода шуданд. Аз љониби гуруњњои корї мониторинг дар шањри Хоруѓ, ноњияњои Дарвоз, Ванљ, Рўшон, Шуѓнон ва Роштќалъаи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон,  дар шањрњои Хуљанд, Панљакент, Истаравшан,  Бустон, Конибодом ва ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд,  дар шањрњои Бохтар, Левакант, Кўлоб, Норак, ноњияњои Ёвон, Љ.Балхї, Панљ, Фархор, Ховалинги вилояти Хатлон, шањрњои Њисор, Роѓун ва ноњияњои Шањринав, Файзобод гузаронида шуд.

 Дар рафти мониторинг, таҳлилу омузиши амалишавии кумакпулии унвонии  иљтимої ба шањрвандон ва оилањои камбизоат дар шањру ноњияњои таљрибавї камбуди ва норасогиҳо  ба қайд гирифта шуданд, ки асосан аз инњо иборат мебошанд:

     - санљишњои интихобии эътимодии (верификатсия) маълумоти 43 гирандаи кумакпулии унвонии иљтимої муайян намуданд, ки дар  10 њолат дар вараќаи маълумот дар бораи даромад ва амволи њамаи аъзои оила, наќлиёти сабукрав, антенаи радифї, плитаи газї, яхдон, плита бо балони газї, њайвони хонагї, масоњати замини наздињавлигї ва дар 3 њолат шумораи аъзоёни оила нодуруст, яъне кам нодуруст нишон дода шуданд;

- маълумоти китоби хољагии љамоатњо оид ба молу амвол, махсусан чорвои калон ва хурд, парранда/њайвони хонагї, масоњати  њуљрањои истиќоматї бо маълумоте, ки дар анкетаи мурољиаткунанда ќайд шудаанд, умуман мувофиќат намекунад;

- маълумот оид ба шуѓлнокии аъзо ва сардори оила нишон дода намешавад ва ё нодуруст пур карда мешавад;

- дар 10 њолат маълумотномаи камбизоатї барои гирифтани дафнпулї на дар асоси маълумоти системаи иттилоотии барнома,  балки аз љониби мудирони бахши њифзи иљтимоии ањолї  худсарона чоп карда шуда, ба шањрвандон  дода шуданд;

- дар 2 њолат аризаи даъвогї оид ба рад шудани кумакпулии унвонии иљтимої ба ќайд гирифта нашудааст, гарчанде ки аз љониби бахши њифзи иљтимоии ањолї  санљиши эътимоднокї оид ба вазъи воќеии хонавода хонавода гузаронида шуда, маълумоти воќеї ба системаи иттилоотї ворид карда шудааст;

-  масъулони љамоатњо њангоми ќабули њуљљатњо маълумотњо оид ба молу амвол, њайати оила ва дигар маълумоти заруриро, ки аз љониби шањрвандон пешнињод мешаванд, носанљида ќабул мекунанд, ки дар натиља ба таъиноти нодуруст ва ѓайримаќсаднок истифодашавии маблаѓњои буљетї оварда мерасонанд;

- парвандањо дар аксари љамоатњо беасос ва аз муњлати муќарраргардида зиёд нигоњ дошташуда, сариваќт ба бахшњои њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатї барои воридкунї ба махзани ягонаи иттилоотї дастрас карда намешаванд, ки он боиси ба охир расидани муњлати баррасии ариза ва норозигии шањрвандон  мегардад;

- бахшњои њифзи иљтимоии ањолї назорати истифодабарии вараќањои њуљљатњоро дар љамоатњои шањраку дењот бо таври зарурї намебаранд, дар натиља аксарияти шањрвандон аз њуќуќи ройгон  дастрас намудани  њуљљатњои лозимї хабар надоранд.

Натиљаи мониторинг дар маљлиси назоратии Агентї  мавриди баррасї ќарор дода шуда, нусхаи маълумотнома љињати љораљуї, ислоњи камбудињо ва аз байн бурдани норасогињо ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои таљрибавї  ирсол карда шуд.

Њамзамон, оид ба таќвият бахшидани фаъолият дар самти расонидани кўмакпулии унвонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат, минбаъд  роњ  надодан ба камбуди ва такрор нашудани он аз љониби шахсони масъул Агентї мактуби тавзењотиро ба 40 шањру ноњияњои таљрибавї  равон намуд. 

           Мониторинг, тањлилу омўзиши ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 майи соли 2007, №244 «Дар бораи пардохти кўмакпулї ба оилањои камбизоат, ки кўдаконашон дар мактабњои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон тањсил менамоянд» ва  аз 1 августи соли 2008, № 379 «Дар бораи таќвияти кўмакрасонии иљтимої ба оилањо ва шањрвандони камбизоат» дар бахшњои њифзи иљтимоии ањолии  маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои  И.Сомонї, Сино, Фирдавсї, Шоњмансури шањри Душанбе, шањри Вањдат ва ноњияи Варзоб аз љониби кормандони шуъбаи мониторинг ва  тањлили соњаи њифзи иљтимоии  Агентї  гузаронида шуд.  Маълумотнома  оид ба натиљаи мониторинги доиркардашуда ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои зикргардида љињати чораљуи равон карда шуд.  Ќайд бояд кард, ки масъалаи мазкур бо иштироки мудирони бахши њифзи иљтимоии ањолї ва даъвати  муовинони раисони шањру ноњия сарпарастони соња дар Шўрои машваратии Агентї  дар бораи љамъбасти фаъолият дар семоњи соли 2019, мавриди баррасї ќарор дода мешавад.                                                                                                               

Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ

Пардохти маблаѓ дар дастгоњи марказї ва муассисањои њифзи иљтимоии ањолї Агентї  тибќи маълумотњои пешакї  дар чунин поя ќарор дорад:

           

1.     Дасгохи марказї мувофиќи наќша – 201 720 сомонї,  иљроиши маблаѓњо 171 634 сомонї ё ба андозаи 85% -и наќшаро ташкил медињад.

2.     Кўмаки  унвонии  иљтимої мувофиќи  накша – 10 387 966 сомонї, ичроиши маблаѓњо 6 379 988 сомонї, ё ба андозаи 61%-и  наќшаро ташкил медињад.

3.     Марказњои будубоши рўзона мувофиќи наќша – 1 689 875  сомонї, иљроиши маблаѓњо 316 981 сомонї ё ба андозаи 19% -и наќшаро ташкил медињад.

4.     Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ш. Турсунзода мувофиќи наќша – 727 129 сомонї, иљроиши маблаѓњо 716 883 сомонї ё ба андозаи  99%-и наќшаро ташкил медињад.

5.     Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони н. Ёвон (калонсолон) мувофиќи накша – 364 609  сомонї, иљроиши маблаѓњо 232 883 сомонї ё ба андозаи  64%-и наќшаро ташкил медињад.

6.     Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони н. Ёвон (кўдакона) мувофиќи накша- 158 340 сомонї, иљроиши маблаѓњо 111 512 сомонї ё ба андозаи  70 %-и наќшаро ташкил медињад.

7.     Хона-интернати беморони рўњї дар ноњияи Љ. Расулов мувофиќи  наќша – 1 169 582 сомонї, иљроиши маблаѓњо 495 713  сомонї ё ба андозаи  42 %-и наќшаро ташкил медињад.

8.     Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ш. Панчакент мувофиќи накша – 320 556 сомонї, иљроиши маблаѓњо 269 159 сомонї ё ба андозаи  84%-и наќшаро ташкил медињад.

9.     Хона-интернати беморони рўњї дар ноњияи Восеъ мувофиќи  наќша – 696 169 сомонї, иљроиши маблаѓњо 621 391  сомонї ё ба андозаи 89%-и наќшаро ташкил медињад.

10.Хона-интернати беморони рўњї дар шањри Њисор мувофиќи  наќша – 754 687 сомонї, иљроиши маблаѓњо 730 272 сомонї ё ба андозаи 97%-и наќшаро ташкил медињад.

11.Маркази љумњурияви тавонбахшї ва будубоши доимї барои пиронсолону маъюбон дар н. Кушониён мувофиќи  наќша – 356 694 сомонї, иљроиши маблаѓњо 347 902 сомонї ё ба андозаи  98%-и наќшаро ташкил медињад.

12. Истирохатгохи собиќадорони љангу мењнати «Дустї»-и ноњияи Љайњун мувофиќи  накша – 171 450 сомонї, иљроиши маблаѓњо 149 541  сомонї ё ба андозаи  87%-и наќшаро ташкил медињад.

13. Истирохатгохи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Биби Фотимаи Захро»-и ноњияи Ишкошим мувофиќи накша – 89 488 сомонї, иљроиши маблаѓњо 57 706 сомонї ё ба андозаи  64%-и наќшаро ташкил медињад.

14. Истирохатгохи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Ромит»-и шањри Вањдат мувофиќи  накша – 205 725 сомонї, иљроиши маблаѓњо 204 990 сомонї ё ба андозаи  100% -и наќшаро ташкил медињад.

15. Осоишгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Харангон»-и ноњияи Варзоб мувофиќи  накша – 155 018 сомонї, иљроиши маблаѓњо 150 172 сомонї ё ба андозаи  97%-и наќшаро ташкил медињад.

 

Дар маљмуъ дар семоњаи якуми соли 2019 иљроиши маблаѓњои муассисањои системаи Агентї  4 088 124 сомонї ё ба андозаи 79%-ро ташкил дода, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта ба андозаи 6% кам мебошад.

Наќша ва иљроиши маблаѓњои махсус ба њолати 30 марти

соли 2019

1.      Истирохатгохи Дўсти мувофиќи  наќша – 40 206 сомонї, иљроиши маблаѓњо – 26 760 сомонї ё ба андозаи  67%-и наќшаро ташкил медињад.

2.     Истирохатгохи Ромит мувофиќи  накша – 00 сомонї, иљроиши маблаѓњо  00 сомонї ё ба андозаи  00%-и наќшаро ташкил медињад.

3.     Истирохатгохи Биби Фотимаи Зањро мувофиќи  накша – 00 сомонї, иљроиши маблаѓњо 00 сомонї ё ба андозаи  00% наќшаро ташкил медињад.

4.     Осоишгохи Харангон мувофиќи   накша – 1947 сомонї, иљроиши маблаѓњо  00 сомонї ё ба андозаи  00%-и наќшаро ташкил медињад.

5.     Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ш. Турсунзода мувофиќи наќша – 00 сомонї, иљроиши маблаѓњо  7616 сомонї ё ба андозаи  100%-и наќшаро ташкил медињад.

6.     Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони н. Ёвон мувофиќи накша – 9432 сомонї,  иљроиши маблаѓњо  00 сомонї ё ба андозаи  0%-и наќшаро ташкил медињад.

7.     Хона-интернати беморони рўњї дар ноњияи Љ. Расулов мувофиќи  наќша – 43 870 сомонї, иљроиши маблаѓњо 9502  сомонї ё ба андозаи  22%-и наќшаро ташкил медињад.

8.     Хона-интернати беморони рўњї дар ноњияи Восеъ мувофиќи  наќша – 40 946 сомонї, иљроиши маблаѓњо 52 647 сомонї ё ба андозаи  129%-и наќшаро ташкил медињад.

9.     Хона-интернати беморони рўњї дар шањри Њисор мувофиќи  наќша – 24 620 сомонї, иљроиши маблаѓњо 12 500 сомонї ё ба андозаи  52%-и наќшаро ташкил медињад.

 

Дар маљмуъ дар семоњаи якуми соли 2019 иљроиши маблаѓњои махсуси муассисањои системаи Агентї  109 025 сомонї ё ба андозаи 68%-ро ташкил дода, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта ба андозаи 49% зиёд мебошад.

Шўъбаи назорат ва  коргузорї, бахши кадрњо ва корњои махсус, бахши њуќуќ

Дар давраи њисоботї кор бо  мурољиатњои  шањрвандон   мутобиќи   Ќонуни  Љумњурии   Тољикистон   «Дар бораи мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї» аз 23 июли соли 2016, №1339  инчунин, тибќи талаботи Паёми Президенти Љумњурии  Тољикистон, Пешвои миллат мўњтарам Эмомалї Рањмон  ба  Маљлиси  Олии  Љумњурии  Тољикистон аз санаи 26 декабри соли 2018,   ба  роњ монда  шудааст.

Дар ин давра ба Агентї   289   адад  хуљљат  ворид  шудааст.

Тањлили  муросилоти  содиротї  нишон  дод, ки  дар  давраи њисоботї   208 адад   хуљљат  тайёр  шуда ба шањрвандон инчунин маќомоту идорањои дахлдор  ирсол шудааст.                                                                                      

Аз 1 январ то 27 марти  соли 2018  ба  Шуъбаи назорат ва коргузории  Агентї   28 адад мурољиатњои хаттии шањрвандон  ворид  шудаанд, ки аз онњо 3 адад  мурољиат аз Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, тавассути Вазорат- 4 адад  ва бе восита унвонии Директори Агентї  21  аризаро ташкил медињад.

Бояд тазаккур дод, ки дар дастгоњи марказии  Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї ќабули шањрвандон аз љониби Директор,  муовини  Директор  ва сардорони Раёсатњо дар рўзњои  корї ва рўзи шанбе  ба роњ монда шудааст. 

Дар дараи њисоботї аз тарафи Директор, муовини Директор, сардорони  Раёсатњо ва Шуъбањои Агентї   - 36  нафар  шањрвандон ќабул карда шуданд.

Дар иртибот ба масъалаи вазъи интизоми иљроия мурољиатњо, њар њафта рўзи душанбе бо иштироки ањли кормандон ва њар моњ як маротиба бо иштироки сардорони воњидњои сохтории дастгоњи марказии Агентї, директорони муассисањои соњаи њифзи иљтимоии ањолї дар назди директори Агентї љаласањои корї доир карда мешаванд. Дар ин љаласањо љараёни иљрои супоришњои назоратї мавриди баррасї ќарор дода шуда, љињати сариваќт ва босифати баланд иљро намудани онњо дастуру супоришњои ќатъи  дода  мешавад.

         Дар давраи њисоботї бо кормандони зерсохтори дасгоњи Агентї 63 адад ва бо кормандони иљтимої 76 адад шартномањои (ќарордод)-и мењнатї баста  шуданд.

          Дар Агентї риояи интизоми мењнат, одоби муошират ва пўшидани сару либос аз љониби кормандон тањти назорати ќатъи ва доимї ќарор дорад.

Дар давраи њисоботї оинномањо, низомномањо ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии муассисањои њифзи иљтимоии ањолї мавриди такмил ќарор дода шуда, бобати ворид намудани таѓйроту иловањои марбута ба санадњои меъёрии њуќуќии амалкунанда ба Вазорат таклифу пешнињодњо манзур гардиданд.

Роњбарият ва кормандони Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї бањри татбиќи сиёсати иљтимоии Њукумати мамлакат тадбирњои судманд андешида, дар оянда низ кўшиш ба харљ медињанд, ки дастуру супоришњои роњбарияти Вазоратро сари ваќт ва бо сатњу сифати баланд иљро намоянд.

Дида шуд: 1650