Ба чоп

    

 

Низомномаи

Бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 1. Муқаррароти умумӣ

 

1. Низомномаи Бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор,   вазифа, тартиби фаъолияти Бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд – Бахш)  муайян менамояд.

2. Бахши ҳуқуқ воҳиди сохтории мақоми давлатӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи маҷлиси миллиӣ ва маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

     3. Бахши ҳуқуқ таҳти роҳбарии директори Агентии давлатии ҳифзи ичтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва муовини ў фаъолият мекунад.

      4. Бахши ҳуқуқро мудири бахш, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.

       5. Бахши ҳуқуқ мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ шомиланд, ки номгўи онҳо дар басти вазифаҳо, ки аз ҷониби директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон тасдиқ гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

6. Бахши ҳуқуқ дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳяти он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо онҳо мувофиқа мекунад.

       7. Бахши ҳуқуқ шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроия таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти мақоми давлатӣ мебошад.

 

 2. Сохтор ва тартиби ташкили  Бахши ҳуқуқ                              

        8.  Низомномаи Бахши ҳуқуқ сохтор ва басти воҳидҳои кориро    директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Шумораи кормандон  дар доираи лимити тасдиқшуда   муқаррар карда мешавад.   

      9.  Бахш аз мудири бахш ва мутахассиси пешбар иборат мебошад.

      10. Мудири Бахши ҳуқуқ ва мутахассиси пешбар тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби директори Агентӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаван.

 11.  Бастани Қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

               12. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоию, давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти мудир ва мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон  амалӣ мегарданд.

              

                  

3. Вазифаҳои  бахши ҳуқуқ

             13.    Вазифаҳои Бахш инҳо мебошанд:

            - таъминоти ҳуқуқӣ;

           - назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

           - таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;

          - таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии  ҳуқуқии дахлдор;

          - баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ;

          - баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;

          - пешбурди коргузорӣ дар Бахш.

         Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда Бахш функсияҳои зеринро иҷро мекунад:  

            - дар самти таъминоти ҳуқуқӣ таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро анҷом медиҳад:

           - ҷиҳати ташкили (банақшагирии) таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод омода менамояд;

           - мутобиқи нақшаи кори Агентӣ ва супоришҳои роҳбарияти Агентӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии салоҳияти Агентиро таҳия ва пешниҳод намуда, мувофиқасозии онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва манфиатдор тибқи тартиби муқаррраршуда анҷом медиҳад;

           - оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таклифу пешниҳодҳо таҳия менамояд;

           - ҷиҳати таҳияи меъёрҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод манзур менамояд;

            - арзёбии идоравии зиддикоррупсионнии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва санадҳои меъёрии хуусусияти умумиҳатмидоштаи  соҳаи  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ менамояд;

             - ҷиҳати ворид намудании тағӣиру иловаҳо ба қонунгузорӣ,  ки муқовимат бо коррупсияро вусъат мебахшанд, пешниҳод таҳия мекуна;

             - оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ғайримеъёри омоданамудаи Агентиӣ ва воҳидҳои соҳтории он тибқи тартиби муқарраргардида хулосаи ҳуқуқӣ медиҳад;

Бахши ҳуқуқ дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд.

14. Ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти Агентӣ.

  - Омода намудани маърўзаҳо, ҳисоботи директори Агентӣ давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба  масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо.

   - Иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор.

   - Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбари мақоми давлатӣ ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо.

                -Тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳа.

  - Таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор.

- Мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

- Омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба мақомоти болоӣ

-  назорати риояи интизоми меҳнат дар воҳиди сохторӣ.

 

                                    4.  Ҳуқуқҳои Бахш

 

15. Бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳуқуқ дорад:

 - ба роҳбарияти  Агентӣ оид ба масъалаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат таклиф пешниҳод намояд;

 - дар кори комиссияҳо, гурўҳҳои  корӣ дар Агентӣ иштирок намояд;

 - дар масъалаи аз назорат хориҷ  кардан ё тамдиди мўҳлати иҷрои асноди назоратӣ пешниҳод манзур намояд;

 - аз роҳбарони  Раёсатҳо, Шуъбаҳо  ва муассисаҳои зерсохтор  оид  ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби мукарраргардида маълумот дархост намояд;

- Бо тартиби  мукарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо директории Агентӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани маниторинг, санҷиш, ҷамбасти ҳисобот, ҷалб намояд.

            - Бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузоранд, иштирок намоянд.

- Бахши ҳуқуқ дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

5. Муқаррароти хотимавӣ

16.  Ҳуқуқу ўҳдадориҳо, масъулияти кормандони бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар дастурамалҳои мансабӣ, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ мегарданд.

17. Номи пурраи бахш: Бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

18. Маҳали ҷойгиршавии Бахш: Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили  Сомониӣ,  кўчаи Лоиқ Шералӣ, бинои 3

19. Масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағӣру иловаҳо ба Низомномаи бахши ҳуқуқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

 

 


 

 

 

 

 

 

 

 

Мувофиқа карда шуд:

 

 

Муовини директори

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                                                                                     Н. Шарифов

 

 

 

Мудири Бахши ҳуқуқ                                                                                                                          Ф. Раҳимов

 

 

Мудири Бахши кадрҳо

 

 ва корҳои махсус                                                                                                                                 Ш. Раҷабов 

Дида шуд: 1920