Ба чоп

 

 

Низомномаи

 Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

  

 

Душанбе – 2015

 

Боби I. «Муқаррароти умумӣ»

- Низомномаи  Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия  гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти  воҳидҳои сохторӣ ба танзим медарорад;

- Раёсат  дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумурии Тоҷикистон,  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва  Низомномаро мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад;

        - Раёсат таҳти роҳбарии Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   фаъолият мекунад;

- Ба ҳайати  Раёсат Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ва Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ шомиланд;

       - Раёсат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳо, шуъбаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдор ҳамкорӣ намуда, тибқи татиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо онҳо мувофиқа мекунад;

- Раёсат шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроия таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти мақоми давлатӣ мебошад;

 

Боби II. «Сохтор ва тартиби ташкили Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтифмоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

      - Низомномаи Раёсат,  сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар  доираи лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудааст, директори  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

   -  Раёсат  аз сардор, сардорони шуъбаҳо,  сармутахассисҳо, мутахассисони пешбар ва мутахассис  иборат мебошад;

   - Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти дигари хизматчиёни давлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

Боби III. «Вазифаҳо ва функсияҳои асосии  Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 Раёсат дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида сиёсати давлатро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумла, нафақахӯрон, маъюбон, ветеранҳо ва дигар табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва осебпазир чорабиниҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд;

- ба назар гирифтани манфиатҳои имтиёздорон ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- мусоидат намудан ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар амалӣ гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон;

- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии  собиқадорон, маъюбон ва ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ муҳтоҷбуда мусоидат менамояд;

- дар муассисаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди он  равона шудаанд, мусоидат менамояд. Оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

- ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро оид ба фаъолияти раёсатро омода намуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  пешниҳод менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ,  қайд ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолият ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;

- арзу шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои раёсат қабул намуда, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ менамояд; 

- қабули  шаҳрвандонро  ба  роҳ  мемонад, баррасии  саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандонро таъмин менамояд.

 

Вазифаҳо дар самти ба табобати санаторӣ – курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон

- фармоиши вазир дар бораи оғози мавсими истироҳатӣ ва ҷадвалҳои бастҳои истироҳатӣ дар муассисаҳои давлатии истироҳатгоҳҳоро таҳия менамояд;

- назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва дастрас  намудани роҳхатҳо ба мақомоти маҳалро анҷом медиҳад;

- барои ба табобати санаторӣ – курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон аз ҷумла, иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи онҳо, маъюбони интернатсионалист ва артиши Шӯравӣ, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии «Чернобил», маъюбони то синни 18- сола мусоидат мекунад;

- дархосту шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба фаъолияти муассисаҳои  ҷамъбаст намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд. Оид ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба истироҳаткунандагон омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

- дар анҷоми  мавсими истироҳатӣ   ҳисоботи дахлдорро ҷамъбаст ва ба Агентӣ пешниҳод менамояд.

 

Вазифаҳо дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ

- тартиби кор ва  ҳуҷҷатгузориро   барои дар  муассисаҳои будубоши доимӣ ҷойгир намудани ниёзмандон муайян  менамояд;

- ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ, байналмиллалӣ ва идораҳои давлатӣ бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба муассисаҳои будубоши доимӣ.

- дар муассисаҳои будубоши доимӣ барои  баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудаанд, мусоидат менамояд. Оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

- хизматрасонии тиббӣ, моддию  маиши ва мадании бошандагонро, ки дар муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  қарор доранд ташкил менамоянд.

- дархосту шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба фаъолияти муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ҷамъбаст намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

- лоиҳаи фармонҳо, дастурамал, мактубҳои методӣ ва  барномаҳое, ки ба ӯҳдаи  шӯъба вогузор шудаанд, тайёр менамоянд

- аттестасияи кормандони муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ташкил менамояд.

- мусоидат намудан барои  гузаронидани муоинаи тиббии бошандагони муассисаҳо бо ҷалби духтурони соҳибихтисос (окулист, отоларинголог, неврапатолог, ҷарроҳ ва ғ.) ва муоинаи лабораторӣ соле як бор.

- оид ба такмили ихтисоси нерӯи кадрии муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  тренингҳо, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронад.

- оиди мукофотонидани кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  пешниҳодот тайёр мекунад.

 

Вазифаҳо дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ

 

- мусоидат дар тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба сарпарастӣ  гирифтан, дар  марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  ҷойгир намудан ва ё барои аз тарафи  шуъбаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар хона ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифтани  ниёзмандон.

- ба воситаи макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои хизматрасонии  иҷтимоӣ  ва марказҳои минтақавӣ расонидани хизмати иҷтимоӣ  ба  пиронсолон ва маъюбони  яккаву танҳое, ки ба худ пурра  ва ё қисман хизмат расонида наметавонанд.

- ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъоияти ташкилотҳои ҷамъятии  собиқадорони чангу меҳнат, маъюбон ва оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷбуда бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ мусоидат менамояд.

- барои бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ворид намудани технологияи нав баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст, мусоидат менамояд.

- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва ҳаҷми хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолии ниёзманд омӯзиш ва таҳлилҳо гузаронида, пешгӯиҳоро доир ба рушди шакли давлатӣ ва дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии хадамоти ичтимоӣ таъмин месозад.

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтиморо ҳамоҳанг намуда, ҷиҳати иҷрои дурусти қонунгузории ҷорӣ кӯмаки амалӣ расонида, фаъолияташонро санҷида, аз натиҷааш ба Агентӣ гузориш пешниҳод менамояд.

- дархост ва шикояти шаҳрвандонро доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаро санҷида, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд

Боби III. «Ҳуқукҳои Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

     Раёсат дар соҳаҳои муқарраргардида ҳуқуқҳои зеринро дорад:

-         аз Шуъба / бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои босифат ва саривақтии ӯҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

-         Бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо директори Агентӣ, барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд,  барои гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намоянд.

-         Бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин машваратҳое, ки аз тарафи  роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ ё ғайридавлатӣ баргузор мегарданд, иштирок намояд. 

 

Боби V. «Муқаррароти хотимавӣ»

-         Ҳуқуқи  ӯҳдадориҳо ва  масъулияти Сардори Раёсат, сардорони   шуъбаҳо, сармутахассисҳо ва мутахассисони пешбар дар дастурамали мансабӣ, ки аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ мегардад, пешбинӣ мегарданд;

-         Ба Низомномаи мазкур тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Бо фармоиши

 директори Агентии давлатии

 ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ

 ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

    «___»_________соли 2014,  №___

 тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Раёсати   ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Раёсати   ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ (минбаъд - Раёсат) дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати  хизматрасонии иҷтимоӣ дар муасисаҳои будубоши доимӣ ва муваққатиро  дар амал татбиқ менамояд.

2. Раёсат дар нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

3. Раёсат дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масуният», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, санадҳои меъёрии ҳуқукии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст инчунин, ҳамин низомномаро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

4. Раёсат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

5. Сохтор ва воҳидҳои вазифавии раёсат дар асоси сохтори воҳидҳои корӣ ва басти вазифавии тасдиқгардида муайян карда мешаванд.

6. Раёсат мувофиқи воҳидҳои кории тасдиқшуда аз ду шуъба ва нуҳ воҳиди корӣ иборат мебошад (сардор раёсат, ду сардори шуъба, ду сармутахассис, се мутахассиси пешбар ва як мутахассис).

 

 

 

 

 

II. Вазифаҳо

2.1. Раёсат дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд;

- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида сиёсати давлатро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумла, нафақахӯрон, маъюбон, ветеранҳо ва дигар табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва осебпазир чорабиниҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд;

- ба назар гирифтани манфиатҳои имтиёздорон ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;

- мусоидат намудан ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар амалӣ гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон;

- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

- хизматрасонии тиббӣ, моддию  маишӣ ва мадании бошандагонро, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ қарор доранд, ташкил менамояд.

- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии  собиқадорон, маъюбон ва ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ муҳтоҷбуда мусоидат менамояд;

- дар муассисаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди он  равона шудаанд, мусоидат менамояд. Оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

- ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро оид ба фаъолияти раёсатро омода намуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  пешниҳод менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ,  қайд ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолият ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;

- арзу шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои раёсат қабул намуда, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ менамояд; 

- қабули  шаҳрвандонро  ба  роҳ  мемонад, баррасии  саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандонро таъмин менамояд.

 

2.2. Вазифаҳо дар самти ба табобати санаторӣ – курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон

- фармоиши вазир дар бораи оғози мавсими истироҳатӣ ва ҷадвалҳои бастҳои истироҳатӣ дар муассисаҳои давлатии истироҳатгоҳҳоро таҳия менамояд;

- назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва дастрас  намудани роҳхатҳо ба мақомоти маҳалро анҷом медиҳад;

- барои ба табобати санаторӣ – курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон аз ҷумла, иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи онҳо, маъюбони интернатсионалист ва артиши Шӯравӣ, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии «Чернобил», маъюбони то синни 18- сола мусоидат мекунад;

- дархосту шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба фаъолияти муассисаҳои  ҷамъбаст намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд. Оид ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба истироҳаткунандагон омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

- дар анҷоми  мавсими истироҳатӣ   ҳисоботи дахлдорро ҷамъбаст ва ба Агентӣ пешниҳод менамояд.

 

2.3. Вазифаҳо дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ

- тартиби кор ва  ҳуҷҷатгузориро   барои дар  муассисаҳои будубоши доимӣ ҷойгир намудани ниёзмандон муайян  менамояд;

- ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ, байналмиллалӣ ва идораҳои давлатӣ бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба муассисаҳои будубоши доимӣ.

- дар муассисаҳои будубоши доимӣ барои  баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудаанд, мусоидат менамояд. Оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

- чорабиниҳоро ҷиҳати рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

- хизматрасонии тиббӣ, моддию  маиши ва мадании бошандагонро, ки дар муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  қарор доранд ташкил менамоянд.

- фаъолияти самараноки хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳоро   назорат мекунад;

- аз болои ҳуҷҷатгузории тиббӣ, доруворӣ,  таҷҳизоти технологияи тиббӣ нигоҳ доштан ва аз эътибор соқит намудан назорат менамояд.

- оид ба тарзи нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи хӯрока, моддаҳои шустушӯ ва тамйизӣ санҷишҳо мегузаронад

- дархосту шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба фаъолияти муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ҷамъбаст намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

- лоиҳаи фармонҳо, дастурамал, мактубҳои методӣ ва  барномаҳое, ки ба ӯҳдаи  шӯъба вогузор шудаанд, тайёр менамоянд

- аттестасияи кормандони муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ташкил менамояд.

- мусоидат намудан барои  гузаронидани муоинаи тиббии бошандагони муассисаҳо бо ҷалби духтурони соҳибихтисос (окулист, отоларинголог, неврапатолог, ҷарроҳ ва ғ.) ва муоинаи лабораторӣ соле як бор.

- оид ба такмили ихтисоси нерӯи кадрии муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  тренингҳо, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронад.

- оиди мукофотонидани кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  пешниҳодот тайёр мекунад.

 

 2.4. Вазифаҳо дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ

 

- мусоидат дар тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба сарпарастӣ  гирифтан, дар  марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  ҷойгир намудан ва ё барои аз тарафи  шуъбаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар хона ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифтани  ниёзмандон.

- ба воситаи макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои хизматрасонии  иҷтимоӣ  ва марказҳои минтақавӣ расонидани хизмати иҷтимоӣ  ба  пиронсолон ва маъюбони  яккаву танҳое, ки ба худ пурра  ва ё қисман хизмат расонида наметавонанд.

- ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъоияти ташкилотҳои ҷамъятии  собиқадорони чангу меҳнат, маъюбон ва оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷбуда бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ мусоидат менамояд.

- ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, тавонбахшии маҷмӯӣ аз ҷумла кӯмаки протезию ортопедӣ, тавонбахшии умумиро амалӣ гардонда, барои фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мусоид  ба маъюбон, собиқадорон ва нафақахӯрони яккаву танҳои камбизоат санадҳои меъёриву ташкилӣ ва дастуриро таҳия менамояд.

- барои бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ворид намудани технологияи нав баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст, мусоидат менамояд.

- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва ҳаҷми хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолии ниёзманд омӯзиш ва таҳлилҳо гузаронида, пешгӯиҳоро доир ба рушди шакли давлатӣ ва дигар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии хадамоти ичтимоӣ таъмин месозад.

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии иҷтиморо ҳамоҳанг намуда, ҷиҳати иҷрои дурусти қонунгузории ҷорӣ кӯмаки амалӣ расонида, фаъолияташонро санҷида, аз натиҷааш ба Агентӣ гузориш пешниҳод менамояд.

- дархост ва шикояти шаҳрвандонро доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаро санҷида, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

 

III. Ташкили фаъолияти Раёсат

3.1. Раёсат барои амалӣ намудани вазифаҳои асосии худ ҳуқуқ дорад:

- оид ба масъалаҳои, ки ба салоҳияти раёсат дахл дорад ба роҳбарияти Агентӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- дар доираи салоҳияташ бо ҳуҷҷатҳои сохторҳои тобеи Агентӣ дар маҳалҳо барои иҷрои  вазифаҳои ба зиммаи раёсат гузошташуда шинос шавад;

- вазъи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, қарорҳои ҳукуматӣ ва фармону қарорҳои Агентиро мавриди санҷиши методӣ қарор диҳад;

- барои ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти раёсат дахлдошта тибқи тартиби муқарраршуда аз сохторҳои зертобеи Агентӣ дар маҳалҳо маводҳои заруриро дархост намояд;

- бо муассисаву ташкилотҳо оид ба масъалаҳои, ки раёсат салоҳиятдор аст мукотиба кунад.

3.2. Раёсат фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳое, ки роҳбарияти Агентӣ тасдиқ кардааст, амалӣ мегардонад.

 

IV. Роҳбарии Раёсат

4.1. Сардори Раёсатро директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи озмун ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

4.2. Низомномаи Раёсат аз ҷониби директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда мешавад. Ӯҳдадориҳои вазифавии мутахассисони раёсатро дастурамали вазифавии тасдиқшуда муайян менамояд.

 

4.3. Сардори раёсат барои иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии вазифаю ӯҳдадориҳои раёсат супоришҳои роҳбарияти Агентӣ, риояи интизоми хизматӣ ва қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ масъулияти шахсӣ дорад.

 

 

 

 

 

Бо фармоиши

      директори Агентии давлатии

   ҳифзи иҷтимоии аҳоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                      «___»_________соли 2015,  №___

                 тасдиқ шудааст

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Низомномаи

 Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Душанбе – 2015

 

 

 

 

Боби I. «Муқаррароти умумӣ»

 

- Низомномаи  шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст таҳия  гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти  Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти  воҳидҳои сохторӣ ба танзим медарорад;

- Шуъба  дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва  Низомномаро мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад;

- Шуъба таҳти роҳбарии Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият мекунад;

- Шуъбаро Сардор, ки тибқи қонунгузории  хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқукии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд, роҳбарӣ мекунад;

- Ба ҳайати Шуъба мансабҳои давлатӣ шомиланд, ки номгӯи онҳо дар басти вазифаҳо, ки аз тарафи директор тасдиқ гардидаанд, пешбинӣ шудаанд;

       -  Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳо, шуъбаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдор ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо онҳо мувофиқа мекунад;

- Шуъба шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроия таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти мақоми давлатӣ мебошад;

 

 

 

 

 

 

Боби II. «Сохтор ва тартиби ташкили Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

  - Низомнома Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ,  сохтор ва басти воҳидҳои кориро  директори  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

   -  Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ аз сардор, сармутахассис  ва мутахассисони пешбар иборат мебошад;

   - Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти дигари хизматчиёни давлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

 

 

Боби III. «Вазифаҳо ва функсияҳои асосии  Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

-  Мусоидат дар тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои дар  муассисаҳои будубоши доимӣ  ҷойгир намудани ниёзмандон.

-  Ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ, байналмиллалӣ ва идораҳои давлатӣ бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба муассисаҳои будубоши доимӣ.

-   Дар муассисаҳои  будубоши доимӣ   барои  баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ  равона шудаанд, мусоидат менамояд.  Оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

-  Чорабиниҳоро ҷиҳати рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

-   Хизматрасонии тиббӣ, моддию  маишӣ ва мадании бошандагонро, ки дар муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  қарор доранд ба танзим медароран.

-  Назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва   дастрас  намудани роҳхатҳо  ба мақомоти маҳалро  анҷом  медиҳад.

 -   Аз болои ҳуҷҷатгузории тиббӣ, доруворӣ,  таҷҳизоти технологияи тиббӣ нигоҳ доштан ва аз эътибор соқит намудан назорат менамояд.

-  Оид ба тарзи нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи хӯрока, моддаҳои шустушӯ ва тамйизӣ санҷишҳо мегузаронад

-  Дархосту шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба фаъолияти муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ҷамъбаст намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

-  Лоиҳаи фармонҳо, дастурамал, мактубҳои методӣ ва  барномаҳое, ки ба ӯҳдаи  шӯъба вогузор шудаанд, тайёр менамоянд

- Мусоидат ва назорат намудан барои  гузаронидани муоинаи тиббии бошандагони муассисаҳо бо ҷалби духтурони соҳибихтисос (окулист, отоларинголог, неврапатолог, ҷарроҳ ва ғ.) ва муоинаи лабораторӣ соле як бор.

-Оид ба такмили ихтисоси нерӯи кадрии муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  тренингҳо, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронад.

- Оиди мукофотонидани кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  пешниҳодот тайёр мекунад.

 

Боби IV. «Ҳуқукҳои Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

     Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ дар соҳаҳои муқарраргардида ҳуқуқҳои зеринро дорад:

 

-         аз Шуъба / бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои босифат ва саривақтии ӯҳдадориҳои мансабӣ зарурро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;

-         Бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо директори Агентӣ, барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд,  барои гузаронидани мониторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот ҷалб намоянд.

-         Бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин машваратҳое, ки аз тарафи  роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ ё ғайридавлатӣ баргузор мегарданд, иштирок намояд. 

Боби V. «Муқаррароти хотимавӣ»

 

-         Ҳуқуқи  ӯҳдадориҳо ва  масъулияти  сардори Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ, сармутахассис,  ва мутахассисони пешбар дар дастурамали мансабӣ, ки аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ мегардад, пешбинӣ мегарданд;

-         Тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низомномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

 

 

 

 

 

                                             Бо фармоиши директори Агентии давлатии

                                              ҳифзи иҷтимоии аҳоли Вазорати тандурустӣ

                                             ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                                                            «___»_________соли 2014,  №___

                                                                            тасдиқ шудааст

 

 

Низомномаи

 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ

 

I. Муқаррароти умумӣ

 

1.1.   Шуъбаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  (минбаъд - шӯъба) дар асоси Фармони директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират  «Дар бораи тадбирҳои иҷрои фармони Вазири   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  аз 16 апрели соли 2007, №26 оид ба тадбирҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ» таъсис дода шудааст.

1.2.  Шуъба дар нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил  мешавад.

1.3. Шуъба дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва  санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

1.4. Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳо, шуъбаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

 

II. Вазифаҳо

     Шуъба дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

2.1. Мусоидат дар тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои дар  муассисаҳои будубоши доимӣ  ҷойгир намудани ниёзмандон.

2.2 Ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ, байналмиллалӣ ва идораҳои давлатӣ бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба муассисаҳои будубоши доимӣ.

2.3.   Дар муассисаҳои  будубоши доимӣ   барои  баланд бардоштани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ  равона шудаанд, мусоидат менамояд.  Оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

2.7. Чорабиниҳоро ҷиҳати рушди муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо таҳия ва татбиқ менамояд;

2.8.  Хизматрасонии тиббӣ, моддию  маиши ва мадании бошандагонро, ки дар муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  қарор доранд ташкил менамоянд.

2.9.   Фаъолияти самараноки хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳоро  ташкил ва назорат мекунад;

2.10.  Назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва   дастрас  намудани роҳхатҳо  ба мақомоти маҳалро  анҷом  медиҳад.

2.11.   Аз болои ҳуҷҷатгузории тиббӣ, доруворӣ,  таҷҳизоти технологияи тиббӣ нигоҳ доштан ва аз эътибор соқит намудан назорат менамояд.

2.12. Оид ба тарзи нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи хӯрока, моддаҳои шустушӯ ва тамйизӣ санҷишҳо мегузаронад

2.13. Дархосту шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба фаъолияти муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ҷамъбаст намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

2.14.  Лоиҳаи фармонҳо, дастурамал, мактубҳои методӣ ва  барномаҳое, ки ба ӯҳдаи  шӯъба вогузор шудаанд, тайёр менамоянд

2.15. Аттестасияи кормандони муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  ташкил менамояд.

2.16. Мусоидат ва назорат намудан барои  гузаронидани муоинаи тиббии бошандагони муассисаҳо бо ҷалби духтурони соҳибихтисос (окулист, отоларинголог, неврапатолог, ҷарроҳ ва ғ.) ва муоинаи лабораторӣ соле як бор.

2.17.Оид ба такмили ихтисоси нерӯи кадрии муассисаҳои  хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  тренингҳо, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ мегузаронад.

2.18. Оиди мукофотонидани кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  пешниҳодот тайёр мекунад.

 

III.  Ташкили фаъолияти Шуъба

3.1. Ҷамъбаст намудани фаъолияти шуъбаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  дар ҳар семоҳа ва ҷамъбасти солона.

3.2.  Ба муассисаҳои зертобеъ дастрас намудани дастурамалҳои методӣ ва тартиб додани лоиҳаҳои методӣ, ахборотӣ ва дигар маводҳо.

3.3. Тафсири санадҳои ҳуқуқӣ аз рӯи мактубҳо, аризаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

3.4. Аз ташкилоту муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли мавҷудияташон дархост ва дастрас намудани ахборотҳо оиди ҳалли масъалаҳое, ки барои ҳимояи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  дар муассисаҳои будубоши доимӣ  заруранд.

3.5. Дар доираи фаъолияти шуъба қабул намудани маълумотҳо ва назорати  иҷрои онҳо.

3.6. Бо тартиби муқарраргардида аз сохторҳои маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ,  марказҳои минтақавӣ дархост ва ҷамъ намудани маводҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъба.

 

IV. Роҳбарии Шуъба

4.1. Шуъбаро  сардор, ки бо пешниҳоди сардори Раёсати  ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ Директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин менамояд, роҳбарӣ мекунад.

4.2. Сардори шуъба иҷрои вазифаҳоеро, ки ҳамин Низомнома ба   зиммаи шӯъба вогузор намудааст, таъмин менамояд.

4.3.  Фаъолияти кормандони шуъба аз рӯи дастурамали вазифавӣ анҷом меёбад.

 

 

 

 

 

                                     Бо фармоиши

                                                                                        директори Агентии давлатии

                                                ҳифзи иҷтимоии аҳоли Вазорати тандурустӣ

                                                   ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                                                                                                                                                                    «___»_________соли 2016,  №___

                                                                                                                                     тасдиқ шудааст

 

 

 

Низомномаи

Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатии Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоии  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

1.     Муқарароти умумӣ:

1.1         Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоии муассисаи будубоши муваққатӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №102 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» таъсис дода шудааст.

1.2        Шуъба дар нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил мешавад.

1.3        Шуъба дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро  мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.

1.4        Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар раёсатҳо, шуъбаҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

 

2.     Сохтори шуъба:

2.1        Шӯъбаро сардор, ки бо пешниҳоди сардори Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин менамояд, роҳбарӣ мекунад.

2.2        Сардори шуъба иҷрои вазифаҳоеро, ки ҳамин Низомнома ба зиммаи шӯъба вогузор намудааст, таъмин менамояд.

2.3        Фаъолияти кормандони шуъба аз рӯи дастурамали вазифавӣ анҷом меёбад.

 

3.     Вазифаҳои асосии шӯъба:

3.1        Мутобиқи меъёрҳои муққараргардида дар соҳаи ҳифзи иҷтимои аз ҷумла, иштирокчиёну маъюбони ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанг дар қаламрави дигар давлатҳо ва бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқию атомии Чернобил, инчунин табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд чорабиниҳоро татбиқ менамояд.

3.2        Муқаррар ва мустаҳкам намудани алоқа бо кумитаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба табақаи камбизоати шаҳрвандон.

3.3        Мусоидат дар тартиб додани хуҷҷатҳои зарурӣ барои ба сарпарастӣ гирифтан ё худ барои хизматрасонӣ дар шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва марказҳои минтақавӣ ҷойгир намудани ниёзмандон.

3.4        Ба воситаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ,ба низом даровардани шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва марказҳои минтақавӣ расонидани хизмат ба  пиронсолон ва маъюбон ва ғайри қобили меҳнат.

3.5        Назорат намудани фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии бартарафкунандагони оқибатҳои Неругоҳи барқии садамаи Чернобил» ва ғайра.

3.6        Назорат ба татбиқи имтиёзҳои маъюбон мутобиқи санадҳои қонунгузории ҷорӣ.

3.7        Таъмин намудани талаботи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, осебдидагони садамаи Неругоҳи барқию атомии Чернобил бо шаҳодатномаҳо ва чиптахои роҳкироӣ.

3.8        Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон ва оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда бо ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳоӣ байналхалқӣ мусоидат менамояд.

3.9        Ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кӯмаки протезию ортопедӣ, тавонбахшии умумиро амалӣ мегардонад ва барои ба маъюбону собиқадорон фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мутобиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шароит фароҳам менамояд.

3.10                  Бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои ворид намудани технологияи нав, баланд бардошнани сифати хизматирасонии иҷтимоӣ ва истифодаи захираҳо, ки ба рушди хизматрасонии иҷтимоӣ равона шудааст, мусоидат менамояд.

3.11                  Оид ба тағйироти миқдорию сифатии хизматрасонии иҷтимоӣ  омӯзиш ва таҳлилҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.

3.12                  Ба шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, марказҳои минтақавӣ барои иҷрои дурусти қонунгузории ҷорӣ кӯмаки амалӣ мерасонад, санҷишҳо ташкил намуда, аз натиҷааш ба Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ гузориш ва пешниҳодот тайёр менамояд.

3.13                  Дархостҳо ва шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона санҷида, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд.

3.14                  Лоиҳаи фармонҳо, дастурамал, мактубҳои методӣ, барномаҳоро, ки ба уҳдаи шуъба вогузор шудаанд, тайёр намуда, ба Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ пешниҳод менамояд.

3.15                  Ташкили кор, муайян намудан ва ба кайд гирифтани оилаҳое, ки ба хизматрасонии иҷтимоӣ муҳтоҷанд.

3.16                  Амалӣ намудани дастурҳои ташкилию методии фаъолияти марказҳои минтақавии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои зертобеъ оид ба иҷрои вазифаҳои ба уҳдаи онҳо вогузоштае, ки ба ҳимояи оила ва кӯдак мансубанд.

3.17                  Амалӣ намудани мутобиқати иттилоотию аналитикии таъминоти фаъолияти методӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдак пайваста аст.

3.18                  Таъмин намудани ташкили кор оид ба фаъолияти муассисаҳои тавонбахшии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва кӯдакон, хона-интернатҳо, марказҳои тавонбахшии иҷтимоӣ, марказҳои хизмати тиббию иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонии таълимию педагогӣ ва дигар кӯмакҳо.

3.19                  Ҳамкорӣ намудан бо ташкилотҳои ғайридавлатие, ки барои хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ, таълимию педагогӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ  барои оила ва кӯдак амал мекунанд.

3.20                  Таъмин намудани дастгирии иҷтимоии тарбиятгирандагони собиқи хона-интернатҳо, хонаи кӯдакон, инчунин кӯдаконе, ки волидайн надоранд ва ё бевасоят мондаанд, дар давраи авали зиндагии мустақилона.

3.21                  Таъмин ва ташкил намудани кӯмаки иҷтимоӣ ба хонандагони ҷавон, оилаҳои серфарзанд, оилаҳои донишҷӯёни ҷавон, занон ва кӯдакони маъюб.

3.22                  Тибқи қонунгузории ҷорӣ ворид намудани пешниҳодот барои такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва таъмин намудани ҳимояи иҷтимоию ҳуқуқии оила ва кӯдак.

3.23            Амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии оила ва кӯдак.

3.24                  Оид ба такмили ихтисоси нерӯи кадрии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ тренингҳо, семинарҳо  ва дарсҳои амалӣ мегузаронад.

3.25                  Оид ба мукофотонидани кормандони ҳифзи иҷтимоӣ пешниҳодот тайёр мекунад.

 

4.     Ҳуқуқҳои шуъба:

4.1        Ҷамбасти фаъолияти шуъбаи ҳифзи иҷтимоии оила, кӯдак ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ мутобиқи қонунгузории ҷорӣ.

4.2        Ба муассисаҳои зертобеъ дастрас намудани дастурамалҳои методӣ ва тартиб додани лоиҳаҳои методӣ, ахборотӣ ва дигар маводҳо.

4.3        Тафсири санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз рӯи мактубҳо, аризаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

4.4        Аз ташкилоту муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли мавҷудияташон дархост ва дастрас намудани ахборот оид ба ҳалли масъалаҳое, ки барои ҳимояи оила ва кӯдак заруранд.

4.5        Дар доираи фаъолияти шуъба ҷамъ намудани маълумотҳо ва назорати иҷрои онҳо.

4.6        Бо тартиби муқарраргардида аз сохторҳои маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ дархост ва ҷамъ намудани маводҳо барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъба.

 

5.     Муқаррароти хотимавӣ:

5.1  Ҳуқуқи  ӯҳдадориҳо ва  масъулияти  сардори Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис дар дастурамали мансабӣ, ки аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ мегардад, пешбинӣ мегарданд;

 

5.2  Тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низомномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. 

 

 

 

 

Дида шуд: 2456