Рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Холзода Абдулҳаким Қувват бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Бахтиёр вобаста  ба ҷорӣ намудани низоми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат вохурӣ намуд.

Дар рафти суҳбат, бо дарназардошти он, ки низоми мазкур бар ивази ду механизми қаблӣ: ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ва кӯмакпулӣ барои мактаббачаҳои чунин оилаҳо ҷорӣ карда мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқотӣ миёни аҳолӣ оғоз карда шавад.

Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо раисон ва масъулони кумитаҳои маҳал, роҳбарони идораҳои манзилию коммуналӣ, созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ, васоити ахбори омма ва фаъолони пойтахти кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд, зеро нақши онҳо ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ва  пешниҳоди тавсияҳо ё додани маслиҳат оид ба мушкилотҳои ба вуқӯъомада ва роҳи ҳалли онҳо хеле зарур аст.

Аз ин рӯ, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холзода А. Қ. аз мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоҳиш ба амал овард, ки дар ҳар як ноҳияи ҳудуди шаҳр гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба иттилоотонии аҳолӣ ва татбиқи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба зиммаи Шуъбаи шаҳрии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе гузошта шавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таблиғу тавсифи низоми нави расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма (телевизион, радио, сомонаҳои интернетӣ) бо нашри маводҳои иттилоотӣ (овеза, дастурамал,  буклет) махсус қайд карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи маҳал татбиқкунандаи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, раёсатҳои хоҷагии манзилӣ ва кумитаҳои маҳал маҳсуб меёбанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки интихоби мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе  тариқи алтернативӣ бо пешниҳоди  Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бо бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешавад.

 

Хароҷоти нигаҳдории мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла музди меҳнат ва хароҷоти маъмурии онҳо, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ, ки ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуданд, пардохт карда мешавад.

Нашри намунаи ҳуҷҷатҳои барнома (ариза дар бораи таъин намудани кӯмакпулӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оила,  маълумот дар бораи даромад ва молу амволи аъзоёни оила) аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешаванд ва ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ройгон дода мешаванд.

Ҷиҳати таҳкими нерӯи корӣ ва малакаи касбии кормандон курсҳои омӯзишӣ оид ба “Донишҳои заминавии компютер ва малакаи кор бо системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон» (АСИСТ) аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи технологияи иттилоотии Лоиҳаи таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин, семинарҳои амалӣ барои кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсатҳои хоҷагии манзилӣ дар мавзӯъи «Фаъолияти иҷтимоӣ дар раванди татбиқи низоми нави таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ» аз ҷониби  кормандони Агентӣ доир карда мешаванд.

Хариди таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳи чопкунанда ва мебели корӣ, пайвастнамоии Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияҳои шаҳр, инчунин хариди дастгоҳи чопкунанда барои идораҳои хоҷагии манзилии шаҳри Душанбе аз мавзуъҳои дигари вохурӣ буд.

Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо қайд намуда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои алоқаманд дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтанд, ки то охири соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ таъсис диҳанд. Марказ  вазифаҳои мутамарказ гардонидани вазифаҳои воридкунӣ ва коркарди маълумоти иҷтимоии алоқаманд ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мусоидати техникии татбиқи барнома, мониторинг ва баҳодиҳии механизми мазкурро амалӣ менамояд.

Вобаста ба ин, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Холзода А. Қ. аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки барои таъсис додани чунин марказ як бинои алоҳида ё на кам аз 4 ҳуҷраи корӣ ҷудо намояд. Таҷҳизонидани Марказ бо компютер, серверҳо, дастгоҳи чопкунанда ва мебел, пайвасткунӣ ба шабакаи интернет аз ҳисоби маблағҳои Лоиҳаи таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешавад.