Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кори худро  дар партави дастуру супоришњои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри  соли 2023 баёнгардида ва дар заминаи ќонунҳои Љумҳурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон  марбут ба соњаи њифзи иљтимої, стратегияву барномањои амалкунада ба роњ монда, дар робита ба иљрои супоришњои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома, Наќшаҳои кории Вазорат ва Агентӣ   дар давоми семоҳаи аввали соли 2024 корњои назаррасеро ба сомон расонидааст.          

Айни замон дар номгўи муассисањои системаи Агентї 11 муассисањои хизматрасонии иљтимої, аз љумла 7 муассисаи будубоши доимї (хона-интернатњо) ва 3 истироњатгоњу 1 осоишгоњ, 43 адад марказу шуъбањои хизматрасонии иљтимої дар хонаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, 6 адад Марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої шомил мебошанд.

Инчунин тибќи шартнома бо Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї 58 адад марказњои хизматрасонї  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотњои љамъиятї  таъсис дода шудаанд.

Њамзамон омўзиш, тарѓибу ташвиќ ва шарњи мўњтавои Паёми имсолаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Наќшаи-чорабинињо љињати амалї намудани вазифањои дар он зикргардида дар дастгоњи марказї ва муассисањои њифзи иљтимоии зерсохтори Агентї ба роњ монда шуд.

Бо маќсади амалисозии Стратегияи муќовимат бо экстремизм  ва терроризм, ки бо Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187, барои солњои 2021-2025 тасдиќ шудааст, “Наќшаи амал оид ба Стратегияи муќовимат бо экстремизм  ва терроризм дар  Агентии давлатии њифзи ичтимоии ањолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2021-2025”, нақша-чорабинињои дохили идоравии амалисозии Барномаи идоравии (соҳавии) Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар соли 2022 ҷиҳати таъмини иҷрои  “Стратегияи давлатии муќовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои соли 2024 тасдиќ гардида, ба муассисаҳои зертобеъ барои таъмини иҷро ирсол карда шуда, маълумотҳо оид ба иҷроиши барномаи мазкур сари вақт ба гирдоварандаи мавод пешниҳод мегарданд.

Ҷиҳати иљрои супориши Протоколи маљлиси Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 20 январи соли 2022, №1 (бандњои 74, 99) ва баҳри дар сатњи баланд баргузории ҷашни 35-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Наќша чорабинињои Агентии давлатии њифзи ичтимоии ањолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории ҷашни 35-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тањия ва тасдиќ карда шуд, ки љињати иљроиши он тамоми тадбирњои зарурї андешида мешаванд.

Ҷиҳати вусъат додани корњои ободонию созандагї ба ифтихори ин љашни бузург ҳар рӯзи шанбе дар муассисаҳо шанбегиҳо гузаронида шуда истодаанд. Дар давоми шанбегиҳо кормандони муассисаҳо ба нармкунии замини зери дарахтон, обод намудани гулгаштҳо дар роҳравҳо ва саҳни ҳавлии назди биноҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ, ба тартиб даровардани ҷуйборҳои обгузар, тозагии  роҳравҳои байни шуъбаҳои муассисаҳотаъмири биноҳо, сохтмони иншоти ёрирасон, корҳои беҳдоштии дохили муассисаҳо, риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва санитарию эпидемиологӣ, тоза кардани гирду атрофи муассисаҳо машѓул гардида, дар давраи њисоботї корњои назаррасро ба сомон расонида, бобати он давоми ҳар ҳафта ба Вазорат маълумоти хаттӣ ирсол мегардад.

Аз он ҷумла дар муассисаҳои давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Восеъ”, «Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони шањри Турсунзода», “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони н. Ёвон”, “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ш. Панҷакент”, «Маркази  љумњуриявии  будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Кушониён”,  «Хона-интернати беморони рӯњии ш. Ҳисор”,  «Хона-интернати беморони руњї дар ноњияи Љ. Расулов”, «Осоишгоҳи табобатию профилактикии маъюбон ва ветеранҳои ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб»,  “Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати “Дустї”-и ноњияи Љайњун”, “Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати “Ромит”-и шањри Вањдат” ва “Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Биби Фотимаи Зањро»-и ноњияи Ишкошим як зумра корҳо ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунии муассисаҳо, шинондани дарахтону гулу буттаҳо, инчунин таъмиру тармими бинову иншоотҳо ба анҷом расида, ин амал то охири сол идома дода мешавад. Аз ҷумла дар «Хона-интернати беморони рӯњии ш. Ҳисор” дар ҳамкории роҳбарияти Агентӣ, роҳбарияти муаассиса ва бо дастгирии намояндагии               

                                                     

   Агентии Туркї оид ба  њамкорї ва њамоњангсозї (ТИКА)                                                                             дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иборат аз чор ҳуҷра бо коридор таъмир карда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири барқарорсозиву тавонбахшӣ барои маъюбон омода шуда ба фаъолият шурӯъ намуд. Инчунин бо дастгири Агентии зикргардида нонпазхонаи муассиса пурра бо таҷҳизотҳои муосири алоқаманд ба фаъолияти нонпазхона муҷаҳҳаз карда шуд.

Дар давоми соли ҷорӣ љињати  таъмини иљрои Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (марҳилаи якум то соли 2024) вобаста ба муайян намудани сатњи дониш ва малакаи кории кормандони муассисањои њифзи иљтимоии ањолии зертобеъи Агентї, донистани  санадњои меъёри њуќуќї вобаста ба самти фаъолият, таќвият  бахшидан ба фаъолияти корї, такмил додани дониши кормандони муассисањои њифзи иљтимоии ањолї (аз љумла шартномавї) ва љалби онњо ба курсњои такмили ихтисос, бозомўзї ва љобаљогузории кадрњо фармоиши директори Агентї аз 15 феврали соли 2023, №10  ба тасвиб расида, чорабинии мазкур тибќи љадвали тасдиќгардида давра ба давра дар муассисањои давлатии хона-интернатњо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”-и ВТҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии байналмиллалии Япония оид ба ҳамкорӣ ҶАЙКА дар самти бозомӯзии кормандони мақомотҳои хизмати давлатӣ, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2024, 06 ва фармоиши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сардори Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимии Агентӣ шуруъ  аз  санаи 8 январи соли 2024 ба Ҷумҳурии Япония, префектураи Окинава барои иштирок дар тренинги омузишӣ дар мавзуъи “Иштироки иҷтимоии маъюбон тавассути равиши фарогирии ҷомеа қисми “В” то санаи 17 январи соли ҷорӣ сафарбар гардида буд.

Агентї дар ин давраи ҳисоботи нақша - чорабиниҳоро барои дар сатҳи баланд гузаронидани Соли нави мелодӣ, Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Рўзи модарон ва Наврўзи байналмилалӣ таҳия намуда, чорабинињои мазкур дар доираи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо оростани дасторхонҳои идона барои бошандагон ва истироҳаткунандагони муассисаҳои зертобеъи Агентӣ гузаронида шуданд.

 

Фаъолият дар самти ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ

Чун яке аз самтњои асосии фаъолияти Агентї ташкил ва ба низом даровардани фаъолияти муассисањои хизматрасонии иљтимої, аз љумла дар муассисањои давлатии хона-интернатњо ва осоишгоњу истироњатгоњњо буда, бобати дар сатњи зарурї пешнињод намудани хизматрасонињои иљтимоию тиббї ба бошандагон  чорањои зарурї андешида мешавад.

Ба ҳолати 30  марти соли 2024 дар муассисањои будубоши доимии соњаи њифзи иљтимоии ањолї 1272  нафар бошандагон, (нисбат ба њамин давраи соли 2023, 64  нафар зиёд) аз љумла 741 нафар мард, 476  нафар зан ва аз инњо 92 нафарашон кўдакони маъюб мебошанд. Маъюбони аз 18 сола болои  гуруњи якум – 290  нафар, маъюбони гуруњи дуюм – 631  нафар, маъюбони гуруњи сеюм - 10 нафар мебошанд. Дар давоми соли 2024- 34 нафар ба муассисањои будубоши доимии соњаи њифзи иљтимоии ањолї ќабул гардида, 13  нафар  фавтидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисањои будубоши доимии соња 15 нафар ятимони кул, 38 нафар нимятим ва аз оилањои камбизоат 39 нафар дар таъминоти давлатї ќарор доранд.

Њамзамон  дар доираи муќаррароти моддаи 34-и  Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, бандњои якум ва дуюми  моддаи 10 Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 25-нафар бошандагони муассисањои будубоши доимї ва марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої барои пиронсолон ва маъюбон ба муњити оилавї баргардонида  шуданд.

  Ба бошандагони муассисаҳои будубоши доимии зерсохтори Агентӣ  706  нафар кормандон хизмат мерасонанд, ки аз онҳо-51 нафар кормандони маъмурият, 36 нафар табибон, 116  нафар кормандони миёнаи тиб, 240- нафар парастор, ки аз инҳо кормандони иҷтимоӣ- 5 нафар, 258 нафар- кормандони ошхона, хољагї, техникї ва посбон мебошанд, ки тибқи муќаррароти Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ” 5 намуди хизматрасониҳои иҷтимоиро ба бошандагон пешниҳод менамоянд.

Дар доираи хизматҳои иҷтимоии маишӣ ба бошандагони муассисањо  хизматҳои иҷтимоию маишии хусусияти инфиродӣ ва беҳдоштї дошта, омода ва пешниҳоди ғизо, доир намудани барномањои фарњангию фароѓатї,  муњайё намудани шароити ба муњити оила наздиккардашуда, харидорӣ ва дастрас намудани маҳсулоти  ниёзи аввалия,  ташкили хизматрасониҳои маросимӣ  таъмин бо рахти хоб ва лавозимоти рахти хоб ва ғайраҳо сариваќт расонида мешаванд .

Бо мақсади ба иҷро расонидани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон љињати ҷалби бошандагони хона-интернатҳо  ба китобхонӣ    эътибори махсус дода шудааст. Дар ҳамаи хона-интернатҳо  ва истироҳатгоҳҳову осоишгоҳи зерсохтори Агентӣ китобхонаҳо мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо барои мутолиаи бошандагон 24235 адад китобҳои  бадеӣ мавҷуд буда, чорабиниҳои маърифатӣ  баргузор мегарданд.

Ќайдаш ба маврид аст, ки тибќи Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 бо маќсади ба низом даровардани раванди кумакрасонии хайрия вазорату идорањо ба муассисањои њифзи иљтимоии ањолї вобаста карда шудаанд.

Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба муассисањои давлатии хона-интернатњои пиронсолону маъюбон ва беморони руњї ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз љониби сарпарастон  ба маблаѓи 31 410,00  сомонї (аз инҳо: 26 910,00 сомонӣ дар намуди маводи хӯрока, 4500,00 сомонӣ ба таври нақдӣ), аз љониби маќомоти давлатї, шахсони саховатпеша, ташкилотњои љамъиятї ба маблаѓи 146606,5  сомонї (137385,5 сомонӣ дар шакли маводи хӯрока,  1310,00 сомонӣ –либоса, 4651,00  сомонӣ пули нақд ва 3260,00  дар шакли дигар маводҳо ва доруворӣ) ва дар маљмуъ 178016,5 сомонї кўмакњои хайриявї ворид гардидааст.

Дар давраи њисоботї бо маќсади таъмини иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 марти соли 2023, №192 «Дар бораи сари ваќт омода намудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2024-2025» ва фармоиши вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон аз 11 апрели соли 2023, №211 «Дар бораи сари ваќт омода намудани муассисањои тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2024-2025» фармоиши директори Агентї аз «Дар бораи сари ваќт омода намудани муассисањои соњаи њифзи иљтимоии ањолї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2024-2025»  таҳти назорати қатъи  ва иҷро қарор дода шуда, ҳисоботҳои даврӣ мунтазаи унвонии Вазорат пешниҳод мегарданд.

Дар 7 адад хона-интернатҳо  8  нафар бошанда гирифтори ВНМО (қиёс ба соли 2023 +2 нафар зиёд ), 11 нафар гирифтори бемории сил (қиёс ба соли 2023-18 нафар кам) ва 56 нафар бошандагон гирифтори бемории гепатити намудҳои А, B ва С (қиёс ба соли 2023+28 нафар зиёд) мебошанд.

Инчунин новобаста аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати татбиқи Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар муассисаҳои будубоши доимӣ, 24 (10 мард, 14 зан) нафар бошандагон гирифтори бемории фарбеҳӣ мебошанд.  Инчунин 14 нафар бошандагон гирифтори бемории диабети қанд мебошанд.

- барои беҳтарнамоӣ ва нигаҳдории саломатии бошандагон дар тамоми хона-интернатҳо ҳуҷраҳои тавонбахшӣ ва варзишӣ фаъолият намуда, бошандагон мунтазам ба машқҳои варзишӣ ва меҳнатӣ - муолиҷавӣ ҷалб карда мешаванд;

- баҳри таъмини бехатарӣ ва нигоҳдории саломатии бошандагон ҳамарӯза 2 маротиба дар муассисаҳои будубоши доимӣ аз тарафи духтури навбатдор ва ҳамшираи тиббии навбатдор ҳарорати бадан ва фишори хуни бошандагон санҷида мешавад;

Дар пайваст ба ин ҷиҳати пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ, риояи ќоидаю меъёрњои санитарию гигиенї ва санитарию эпидемиологиро байни бошандагон ва кормандони муассисањо чораҳои зарурӣ андешида шуда, масъалаи мазкур тањти назорати ќатъии роҳбарияти Агентӣ ва директорони муассисаҳо  ќарор дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар муассисањои системаи Агентї маводи гипохлориди 40%,65%-1150 кг, хокаи љомашўї-1081 кг, собуни дастурўйшўї -1022 дона, собуни моеъи бактериясидї-625 литр, маҳлулҳои безарраргардонӣ дар умум-922 литр ва ба ќадри зарурї маводњои хўрокаву либосворї захира карда шуда, фаъолият дар ин самт тањти назорати доимї ќарор дошта, идома бахшида мешавад.

Ҷиҳати иҷрои супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини масъалаҳои беҳдоштию санитарӣ дар муассисањои давлатии хона – интернатњо ва бобати дар сатњи зарурї расонидани хизматњои иљтимоию тиббї ба бошандагон, таъминоти хӯрокворӣ аз тарафи кормандони Агентӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд.

Инчунин дар давоми омӯзишҳо масъалаҳои љобаљогузории бошандагон дар хона-интернатњо, вазъи риояи меъёрњои санитарию эпидиомологї, чорањои зиддиэпидемикї, нигоњдорї ва истифодабарии маводњои доруворї, маводњои безараргардонї, риояи меъёри хўрока ба бошандагон аз рўи меъёри тасдиќшуда, бехатарї аз сўхтор, риояи одоби муошират, интизоми мењнат ва сару либоси ягонаи кормандон дар муассисањои давлатии хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, бемориҳои руҳӣ гардишњои  наќшавї, ѓайринаќшавии рўзонаю шабона доир карда шуда, љињати аз байн бурдани камбудињои ошкоргардида кумакњои амалию методї расонида шуд.

Натиҷаи омӯзиши мазкур дар ҷаласаи назоратии назди директори Агентӣ бо роҳбарони муассисаҳо муҳокима гардида, бањри бартараф намудани камбудињои љойдошта дастуру супоришњои ќатъи дода шуд.

Яке аз њадафњои стратегии Љумњурии Тољикистон таъмини амнияти озуќавории кишвар мебошад, ки дар ин самт  Агентї тадбирњои заруриро амалї менамояд.

Аз љумла, барои ѓанї гардонидани дастархони бошандагону истироњаткунандагон, таъмин намудани онњо бо сабзавоти тару тоза аз заминњои њудуди муассисањо ва хољагињои ёрирасон васеъ истифода бурда мешавад.

Бояд қайд намуд,  ки дар тавозуни 5 муассисањои системаи Агентї бо маќсади таъмини бошандагон бо мањсулоти тару тозаи кишоварзї 71,40 гектар замин, аз љумла берун аз муассиса 59,42 гектар, дар њудуи муассиса 11,98 гектар, заминњои корами хољагии ёрирасон мавриди истифода ќарор доранд.

Айни њол дар муассисањо шумораи чорвои калони шохдор (гов) 102 сар, шумораи чорвои майда 7 гусфанд, 10  адад мурѓ, мурғобӣ 13 адад, мављуд буда, шумораи оилањои замбури асал (ќуттї) 76 адад мебошанд.

Дар номгўи муассисањои истироҳатию-табобатии  системаи  Агентї як осоишгоњ - Муассисаи давлатии «Осоишгоњи табобатию профилактии  маъюбон ва   ветеранњои љангу мењнати «Харангон»-и ноњияи Варзоб, се истироҳатгоҳҳо: Муассисаҳои давлатии «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Дўстї»-и ноњияи Љайњун», «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Ромит»-и  шањри Вањдат» ва «Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Биби Фотимаи Зањро»-и ноњияи Ишкошим бо филиалаш дар деҳаи Занинси ноњияи Роштќалаъа ба таври мавсимї фаъолият менамоянд.

Чӣ тавре, ки  маълум аст роҳхатҳои санаторию-курортӣ ба муассисаҳои болозикр ройгон буда, дар асоси қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 «Дар бораи тасдиќи Ќоидањои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортї» ба шаҳрвандони дорои имтиёзи тибқи қонунњои амалкунанда муайянгардида дода мешаванд.

Барои гузаронидани мавсими истироњатии соли љорї аз буљаи давлат  6 714 700,00  сомонї маблаѓ људо гардидааст.

           Аз он љумла, барои:

       Муассисаи давлатии «Осоишгоњи табобатию профилактии  маъюбон ва   ветеранњои љангу мењнати «Харангон»-и ноњияи Варзоб - 1 984 354,00 сомонї, Муассисаи давлатии “Истироњатгоњњои табобатии собиќадорони љангу мењнати   «Ромит»-и шањри Вањдат”- 1 540 551,00 сомонӣ, Муассисаи давлатии “Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати «Дўстї»-и ноњияи Љайњун” -  1 671 762,00  сомонї, Муассисаи давлатии “Истироњатгоњи табобатии собиќадорони љангу мењнати  «Бибї Фотимаи Зањро»-и ноњияи Ишкошим” бо филиалаш дар “Занинс” дар ноҳияи Роштқалъа  - 1 518 033,00   сомонї маблаѓ пешбинї гардидааст.

Имконияти осоишгоњу истироњатгоњњо дар як басти истироњатї то  315 кат/љойро ташкил медињад. Дар давоми мавсими истироњатии имсола дар умум 2615 адад роњхатњои ройгон ба имтёздорон људо гардид. 

Аз  љумла, дар муассисањои давлатии истироњатгоњи  «Дўстї» дар 11 баст (810 нафар), Харангон дар 11 баст (800 нафар) , истироҳатгоҳи “Ромит” дар 11 баст (585  нафар) ба муддати 12 рузї, Истироњатгоњи «Бибї Фотимаи Зањро» - и ноњияи Ишкошим бо филиалаш дар 7 баст (420 нафар) ба муддати 12 рўзї ба табобату истироњат ва тавонбахшї фаро гирифта мешаванд.

Дар осоишгоњу истироњатгоњњои системаи Агентї аз рўи  табобатњои гуногун, аз љумла: табобат бо обњои табиї, табобати физиотерапевтии барќї, лойгузорї, парафин, озокерит, ваннањои сиркулярї, масњ, сўзандармонї,  муми куњї, масњи обї, буѓи хушк, ќумдармонї ва ѓайра хизмат расонида мешавад. Дар муассисањо љамъоварї ва захираи гиёњњои  шифобахш ба роњ монда шуда,  гӯшҳои гиёҳдармонӣ ташкил ва  аз гиёњњои шифобахши ватанї барои истироњаткунандагон  нушокињои давобахш  омода мешаванд.

Дар давраи мавсими истироҳатӣ зиёда аз 62 номгӯи гиёњњои шифобахш ва мевањои хушконидашуда дар асоси тавсияи табибон ба истироњаткунандагон аз гиёњњои шифобахш тариќи нўшоба ва дамоба пешнињод карда мешавад.

 

Фаъолият дар самти муассисаҳои будубоши муваққатӣ

Дар миќёси љумњурї њоло 43 адад марказњо ва шуъбањои хизматрасонии иљтимої дар хонаи маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї фаъолият доранд, ки 803 нафар кормандон давоми семоҳаи якум ба 5175  нафар, ки аз инњо 4280 нафар пиронсолону маъюбон ва 895 нафар кўдакони имконияташон мањдуд,  хизматњои  иљтимої- маишї, иљтимої-тиббї, равонї, њуќуќї, маслињатї, намояндагї ва роњбаладї расониданд.

Дар шањру ноњияњои мамлакат 6 адад Марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої фаъолият доранд, ки љамъ 241  нафар кормандони маъмурию иљтимоии ин муассисањо давоми семоҳаи соли 2024, ҳамагӣ 949 нафар, аз инҳо  ба 887 нафар пиронсолону маъюбон ва 62 нафар кўдакони имконияташон мањдуд хизматњои иљтимої-маишї, иљтимої-тиббї, маърифативу фарњангї, миёнаравї-намояндагї  ва њуќуќї, ки бо њам алоќаманданд, расониданд. Њоло дар марказњои минтаќавї 77 нафар эњтиёљмандон муваќќатан умр ба сар бурда дар се ваќт бо хўроки гарм таъминанд.

Барои  бењтар намудани  сатњу сифат  ва  камхарљ гардонидани хизматрасонињои  иљтимої  имсола тибќи шартнома бо Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї 58 адад марказњои хизматрасонї  фаъолият доранд, ки  аз тарафи  ташкилотњои љамъиятї  таъсис дода шудаанд.

Њамин тариќ, давоми семоҳаи аввали соли 2024 аз тарафи   шабакањои  хизматрасонии иљтимоии будубоши муваќќатї дар љумњурї ба 5167 нафар пиронсолону маъюбон ва ба 957 нафар кўдакони имкониятшон мањдуд хизмати иљтимої ва  тавонбахшии  љисмониву равонї расонида шуд.

Дар умум аз тарафи шуъбаву марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомотҳо, марказҳои минтақавӣ барои пиронсолон ва маъюбон  ҳамагӣ ба  6 124  нафар ниёзмандон хизматрасониҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардидааст.

 

Фаъолият дар самти кўмакпулии унвонии иљтимої  ва кумакњои якваќтаина ба шањрвандон ва оилањои камбизоат 

Вобаста ба љараёни иљрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи љорї намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон” ба шањри Душанбе, ВМКб, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањру ноњияњои тобеи љумњурї наќшаи фарогирии оилањои камбизоат ва наќшаи маблаѓгузории он барои соли 2024 ирсол карда шуда,  хоњиш карда шуд, ки  љињати таъмини сариваќтии  он мусоидат намоянд.

Дар самти кумакпулии унвонии иљтимої як ќатор санадњои дохилиидоравї ба имзо расонида шудаанд:

Фармоишњои Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї аз 4 январи соли 2024, №1 ва аз 2 феврали соли 2024, №2 “Дар бораи тасдиќ намудани дастурамали  вазифавии  нозир - коргузорон дар бахшњои  њифзи иљтимоии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои љумњурї”, “Дар бораи тасдиќ намудани  “Китоби  ќабули парвандањои  иљтимоии инфиродии шањрвандони мурољиаткунанда барои таъин намудани кумакпулии унвонии иљтимої”.

Вараќањои зарурї барои гирифтани кўмакпулии унвонии иљтимої: ариза дар бораи таъин намудани кўмакпулии унвонии иљтимої, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар  бораи даромад  ва  молу мулки њамаи аъзои оила тибќи  “Тартиби таъин, маблаѓгузорї ва пардохти кўмакпулии унвонии иљтимої ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” аз љониби љамоати шањраку деҳот, идораи коммуналию манзилї ва ё кумитаи мањаллии мањалли истиқоматии мурољиаткунанда ройгон дода мешавад.

      Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї  маќомоти иљроияи њокимияти давлатии  шањру ноњияњои љумњуриро бо вараќањои зарурӣ  аз руи  дархост ба таври ройгон  таъмин намуда, дар давраи њисоботї љињати таъмини мурољиати шањрвандон  барои кўмакпулии унвонии иљтимої 46150 нусха бланка (ариза дар бораи таъин намудани  кўмакпулии унвонии иљтимої, маълумотнома дар бораи њайати оилаи мурољиаткунанда, маълумот дар бораи  даромад ва молу амволи  њамаи аъзои оила ) ба шањру ноњияњои љумњурї дастрас карда шудааст.

Аз 1 январи соли 2024 кумакпулии унвонии иљтимої аз руи 10 нишондињанда ба оилањои камбизоат пардохт шуда дар муддати 12 моњ њаљми маблаѓ дар маљмуъ 720 сомониро ташкил медињад. Њар се моњ ба оилаи камбизоат  кумакпулї дар њаљми 180 сомонї пардохт мешавад. Барои њар як кудаки то синни 16 сола аз оилаи камбизоат аз руи 1 нишондињанда ва њар се моњ 25 фоизи андозаи  муќарраргардида кумакпулї дода мешавад. Яъне ба њар як кудаки то синни 16 сола њар се моњ дар њаљми 18 сомонї кумакпулї расонида мешавад.

Наќшаи фарогирии оилањои камбизоат барои соли 2024,  234313 оила ва кудакони то синни 16 сола аз ин оилањо 702939 нафар буда, ба њолати 1 апрели   соли 2024, шумораи гирандагони кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ бо назардошти гирандагони кўмакпулии унвонии иљтимої дар  соли гузашта  233435 оиларо ташкил медињад, ки 14 фоиз мебошад.

Маблаѓњо барои њар се моњ људо гардида, барои семоњаи якум  45083222,00 сомонї, семоњаи дуюм  57136243,00 сомонї, семоњаи сеюм  61689263,00 сомонї ва семоњаи чорум  63742285,00 сомонї тасдиќ шудаанд.

Маблаѓгузории кумакпулии унвонии иљтимої аз љониби Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон  барои моњњои январ, феврали соли 2024 дар њаљми 34 096 200,62 сомонї  то 28 марти соли љорї анљом дода шуда, ба оилањои камбизоат кумакпулии унвонии иљтимої  дар њаљми 26796240,00 сомонї, ба 316491 нафар кудакони то 16 сола дар њаљми  5 696 838,00 сомонї, барои хизматрасонии Амонатбонк ( 0,8%) 259 944,62 сомонї ва харољоти маъмурї 1 343 178,00 сомониро ташкил дод.

Њаљми маблаѓгузорї  барои моњи март барои 83153 оилаи камбизоат кумакпулии унвонии иљтимої  дар њаљми 18 155 574,00 сомонї, барои хизматрасонии Амонатбанк  145 244, 59 сомонї дар маљмуъ 18 300 818, 59 сомонї  дар моњи апрели соли  2024 анљом дода шуда дар маљмуъ маблаѓгузорї 50648652,00 сомониро ташкил медињад.

 

Фаъолият дар самти расонидани кумакпулии якваќтаина дар њаљми  600,00 сомонї ба оилањои камбизоат

Вобаста ба љараёни иљрои Созишномаи молиявї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон  ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 ва “Дастурамал дар бораи таъин ва пардохти кумаки  якваќтаи иљтимої ба гуруњњои осебпазири ањолї”  ки аз тарафи Вазорати  тандурустї  ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии  Тољикистон тасдиќ шудааст чунин корњо анљом дода шуданд:

-              бо маќсади иљрои сариваќтии Дастурамали мазкур, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд Агентї  рўйхати ном ба номи оилањои камбизоатро барои гузаронидани эътимоднокї (верификатсия) аз рўйхат баровардани оилањои камбизоате, ки кумаки якваќтаи иљтимоиро (600 сомонї) дар доираи маблаѓгузории Бонки Осиёи Рушд  дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон  аз 9 декабри соли 2022, №597 “Дар бораи пардохт намудани кумаки якваќта ба гурўњњои осебпазири ањолї” гирифтаанд ба шањру ноњияњои љумњурї ирсол намуда, хоњиш намуд, ки дар кутоњтарин муњлат дурустии онњоро бо муњру имзои маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатии шањр/ноњия тасдиќ намуда, барои таъин ва пардохти кумакпулии якваќтаии иљтимої пешнињод намоянд;

-              шумораи оилањои камбизоат, ки гирандаи кумакпулии унвонии иљтимої буда, мавриди муќоиса ќарор дода шуданд 114326 оила буда, дар натиљаи муќоисаи руйхати ном ба ном 41018 оила бинобар аз њисоби  маблаѓњои пешбинишуда дар соли 2023 ба онњо кумакпулї дар њаљми 600 сомонї пардохт карда шудааст аз руи  гуруњњои осебпазири ањолї  ихтисор карда шуданд. Руйхати ном ба ном бо шумораи  74900 ба шањру ноњияњо барои муќоиса намудан  бо руйхати  Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба шањру ноњияњо ирсол карда шуд. Аз љумла:

Тибќи супориши вазорат руйхати ном ба номи 74900 – оила ба шањру ноњияњо барои муќоиса ирсол карда шуданд.

 аз ин шумора аз руи категория:

1.      54 804 -  оилањои камбизоат, ки дар њайати худ 3 нафар ё зиёда аз он кўдакони то синни 16-сола доранд;

2.      1 052-  оилањои камбизоат, ки дар њайати худ 2 ва ё зиёда нафар шахсони маъюб  доранд;

3.      19 044 - оилањои камбизоат, ки дар њайати худ шахсони пиронсоли синни аз 65 сола доранд.

 Ба 20 марти соли 2024, дар маљмуъ руйхати тасиќшуда аз шањру ноњияњо 64 385 оила буда њаљми маблаѓ  38 631 000 сомониро ташкил медињад. Фењристи шањру ноњияњо барои маблаѓгузорї бо мактуби дархостї ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон пешнињод гардида, маблаѓгузориї анљом дода шуда пардохти маблаѓи мазкур ба оилањои камбизоат амалї шуда истодааст.

       

Корњои иттилоотонї фањмондадињї оид ба расонидани кумакпулии унвонии иљтимої (ВАО)

Рафти иљрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи љорї намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон”  тањти назорати доимї ќарор дошта, ба масъулини шањру ноњияњои љумњурї мунтазам тариќи телефонї ва электронї (онлайн) кумаки методї расонида мешавад.      

Кормандони Агентӣ пайваста дар мизњои мудаввар ва семинарњо, ки бевосита  ба самти фаъолият  вобастагї доранд,  2  маротиба дар  вохурї  бо намояндагони  Бонки Љањонї вобаста ба   расонидани кумакпулии якваќтаи иљтимої ба оилањои камбизоат, ки дар доираи маблаѓњои пешбинишудаи “Лоињаи навсозии њифзи иљтимої ва њамгироии иќтисодї”  бояд анљом дода шаванд,  моњи январи соли 2024 дар семинар оид ба  масъалаи  баррасии натиљањои фаъолият дар самти њифзи иљтимоии ањолї, ки аз љониби  Созмони Миллали Мутањид баргузор гардида, дар семинар оид ба масъалаи   Рушди њифзи иљтимоии ањолї дар Љумњурии  Тољикистон моњи феврали соли љорї иштирок намуданд.

Сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоӣ дар љаласаи Гуруњи корї вобаста ба иљрои Барномаи њамкорї бо Хазинаи  Байналмилалии Асъор, ки дар бораи  пешнињоди дурнамойи расонидани кумакпулии унвонии иљтимої ба   оилањои камбизоат ва  пешбинии зиёдшавии њаљми кумакпулии мазкур 15 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, иштирок намуда, таклифу пешнињод  аз натиљаи он ба вазорат манзур карда шуд.

Давоми 3 моњи соли  2024 аз љониби кормандони Агентӣ  корњои иттилоотонї фањмондадињї оид ба расонидани кумакпулии унвонии иљтимої ва зиёдшавии њаљми кумакпулии унвонии иљтимої ба оилањои ва кудакони то синни 16 сола тавассути ахбори омма чунин корњо анљом дода шуданд:

-              љињати иљрои дастуру супоришњо ва вазифањое, ки дар Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии  Љумњурии Тољикистон аз  28 декабри соли 2023” ироа гардида буд, оид ба мавзўъи “Имтиёзу кафолатњо ба категорияњои алоњидаи ањолии аз љињати иљтимої ниёзманд мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон” ва рушди соњаи њифзи иљтимоии ањолї тариќи воситаи ахбори омма, аз љумлаи шабакаи телевизионии  “Сафина” 25 январи соли 2024  гузориши телевизионї гузаронида шуд.

-              корњои таблиѓотї  ва фањмондадињии ањолї  тариќи воситаи ахбори омма,  аз љумла шабакањои телевизионї ТВ Сафина, Љањоннамо, Душанбе, шабакањои телевизиони ВМКБ, Вилоятњои Суѓду Хатлон   ва Радиои Тољикистон 4 маротиба гузоришњои телевизионї ва  2  маротиба суњбатњои мустаќими радиої ба таври саволу пурсиш ва љавобу тавсияњо  бевосита дар самти кумакпулии унвонии иљтимої ва кумакњои иљтимоии якдафъаина гузаронида шуда, 1 маќола (маќолаи сардори Маркази минтаќавї дар   рузномаи шањрї “Навиди Кўлоб”  ба чоп расида  пешнињоди ањолї гардонида шуд.

Тибќи супориши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон  љаласањои  маљозии назоратии назди муовини  вазир тавассути видеоконференсияњои мустаќим (online)  дар самти тањлили вазъї таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої  ва кумаки иљтимои якваќта мустаќиман бо роњбарии муовини  вазир, сарпарасти соња Шодихон Љамшед бо Бахшњои њифзи иљтимоии ањолии  маќомоти иљроияи њокимияти давлатии 68 шањру ноњия ва Марказњои минтаќавии њамоњангсозии кумакњои унвонии иљтимої дар шањрњои Хоруѓи ВМКБ, Кўлоб, Хуљанд, Душанбе ва ноњияи Рашт  фаъолияткунанда гузаронида шуда истодааст.

Дар ин давра 3  маротиба  кормандони  дастгоњи марказии Агентї дар якљоягии кормандон ва роњбарони зерсохтори Агентї дар љаласањои маљозї иштирок намуданд, ки дар рафти он  ба  сардорони шуъба ва мудирони бахшњои њифзи иљтимоии ањолї,  нозир коргузорони дар ин самт фаъолияткунанда ва  кормандони  Марказњои минтаќавї дар шањрњои Хоруѓ, Хуљанд, Кўлоб ва ноњияи Рашт љињати таќвият бахшидани  корњо дар ин самт тавсияњо  ва кумаки амали методї расонида шуда истодааст.

 

Фаъолият дар самти мониторинг ва тањлили соњаи њифзи иљтимоии ањолї

Қайд бояд кард, ки Агентї љињати татбиқ намудани имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, кӯдакони ятим ва оилаҳои бесаробонмонда, шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ва дигар қишри осебпазири аҳолии эҳтиёҷманд, беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии онњо тадбирҳо амалӣ карда  истодааст.

   Дар  раванди  татбиқ намудани имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, кӯдакони ятим ва оилаҳои бесаробонмонда, шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ва дигар қишри осебпазири аҳолии эҳтиёҷманд, беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии онњо, тибќи Низомнома ва Наќшаи фаъолияти Агентї  мониторинг, тањлил ва омўзиши рафти иљрои  ќонунњои соњавї ќарорњои  дахлдор  гузаронида мешавад.   

Дар баробари гузаронидани корњои фањмондадињї  ва машваратњои доиргардида, њамзамон камбудињои љойдошта, ки дар натиљаи мониторинги фаъолияти комиссияи дахлдор, фаъолияти бахшњои њифзи иљтимоии ањолии  маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Вањдат, ноњияњои Хуросон, Абдурањмони Љомї муайян гардида буданд, дар љаласаи назоратии назди директори Агентї мавриди баррасї ќарор дода шуд. Маълумотномаи мазкур ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дар алоњидагї ба шањру ноњияњои болозикр барои ислоњи камбудињои љойдошта ва корбарї ирсол карда шуд.