Бароятон Рўзи модарро, ки ҳамасола санаи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, муборак гуфта, бароятон саодатмандӣ, саломатии бардавом, умри дарози бобаракат ва хушрӯзиву пирӯзии ҳамешагиро аз Парвардигори олам хоҳонем.Бигузор то идҳои дигар хушҳолу хушбахт бошед ва бо ҷигарбандони хеш дар ободии оилаву ватани худ фаъол бимонед.

Мардуми шарифи  Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рўзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан модар таҷлил мекунад.Аз ин лиҳоз Рўзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабурўзии модар аст.

Меҳри бепоёни Модар зинда бод,
Чеҳраи хандони дилбар зинда бод.
Аз Замин рӯяд ҳамора хӯшае,
Дар само хуршеду ахтар зинда бод.
Аз дарахти хушку бебар суд нест,
Майсаву себаргаи тар зинда бод.
Бар диёри нозанини Тоҷикон,
Гармии хуршеди ховар зинда бод.
Дар дили ёрони бо а
ҳду вафо,
Донаи умеди бовар зинда бод.
Аз ҳама ҷои азизу мӯътабар,
Тифлию домони модар зинда бод!

 

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!