Маълумот

оид ба механизми нави таъин ва пардохти

кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҷумҳурӣ

        

Тавре ки  маълум аст, яке аз шаклҳои нави дастгирии иҷтимоӣ -механизми кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳанӯз аз соли 2011 дар асоси муқаррароти “Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба таври таҷрибавӣ дар ду минтақа: шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз 1 январи соли 2011 мавриди озмоиш қарор додашуда, он ду намуди кӯмакпулиҳои иҷтимоии давлатиро: кӯмакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи нерӯи барқ ва гази табииро муттаҳид намуд.

Таҷрибаи озмоиши механизми нав дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ собит намуд, ки усули нави таъину пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ аз чунин бартариятҳо бархӯрдор аст:

- дар механизми қаблӣ индикаторҳои муайянкунандаи сарчашмаи даромади оила пурра пешбинӣ нагардида буд. Тартиби нав бошад, зиёда аз 10 индикаторҳои муайянсозии сарчашмаи даромади оила ва як қатор омилҳои бевосита таъсиркунанда ба вазъи иҷтимоии оилаҳоро муаяйн намудааст, ки воқеияти баҳодиҳии вазъи оилаҳоро таъмин менамояд;

- дар механизми нав қариб ҳамаи ташвишҳои шаҳрвандон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷамъоварии маълумоти гуногун барҳам дода шуда, коркарди маълумоти даромаднокии оилаҳо тавассути барномаи электронӣ ба роҳ монда шудааст;

- дар механизми нав шаффофият ва дахолатнопазирии қабули қарор доир ба таъини кӯмакпулӣ комилан таъмин аст. Ҳам кормандони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳам кормандони масъули вазорат дар маҳал ба раванди муайянсозии ниёзмандии оилаҳо дахолат карда наметавонанд. Зеро ниёзмандии оилаҳо тавассути барномаи махсуси компютерӣ дар асоси системаи баллӣ муайян карда мешавад;

- зиёда аз ду маротиб андозаи кӯмаки иҷтимоии мазкур нисбат ба механизми пештара афзоиш ёфт;

- ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва мониторинги дақиқи кӯмакпулии иҷтимоӣ.

Бартарии асосии механизми нав дар он аст, ки баҳогузории эҳтёҷмандии оила бо истифодаи индикаторҳои молумулкии оила асос ёфта, меъёрҳои байналхалқии баҳодиҳии некӯаҳволии оила: даромади пулӣ (молӣ), моликият, то кадом андоза эҳтиёҷманд будани он пешбинӣ шудааст, ки дар ҷумҳурӣ усули ҷадиди корбарӣ дар ин соҳа мебошад.

         Аз ин рӯ, бо назардошти ин бартариҳо аз 1 январи соли 2013  низоми таҷрибавии кӯмакҳои унвонии  ичтимоӣ иловатан дар 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак ва ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ноҳияҳои Ҳисор ва Файзобод)  ҷорӣ  гардида, дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон идома дода шуд.  Ҳамин тавр бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  механизми мазкур давра ба давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шуда, айни замон  дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ амалӣ шуда истодааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ ин низом дар миқёси ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шавад.

Кумаки унвонии иҷтимои ин шакли нави  пардохти кӯмакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате дода мешавад, ки дар ҳудуди яке аз шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ истиқомат мекунанд, таъин ва пардохт карда мешавад.

Он оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд,  ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, якҷоя зиндагӣ карда, рӯзгори муштаракро пеш мебаранд ва некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳое, ки дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муқаррар гардидааст, мувофиқат мекунад.

Шаҳрвандоне, ки худро камбизоат мешумо­ранд, барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба унвони шуъба/ бахш ё раёсати ноҳиявии (шаҳрии) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,   ариза навишта, онро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ҷамоати деҳот ё шаҳр ва ё идораи коммуналӣ -истифодабарии манзилӣ ё кумитаи худидораи маҳалии ҷойи истиқоматаш  месупоранд.

Барои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

-  ариза;

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда (асли шиноснома ҳангоми супур­дани ариза нишон дода мешавад);

-  маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва ҷойи истиқомат;

- маълумот дар  бораи даромад  ва молу амволи ҳамаи аъзои оила.

Ариза дар бораи таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар  бораи даромад  ва  молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раис ё котиби ҷамоати шаҳрак ё деҳот ва сардори идораи манзилию  коммуналӣ тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳияти худ саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо месанҷанд ва ба дурустии онҳо масъул мебошанд.

 Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ  ва  кумитаҳои маҳаллӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш  қабул намуда, дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз  ба  мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

  Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ариза ва маълу­мот­нома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва мушаххасоти шиносномаи аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ба махзани ягонаи маълумоти низоми иттилоотии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ворид менамояд.

 Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар сервери марказии низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонӣ иҷтимоӣ (Барномаи компютерӣ ) тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъин ё рад карда мешавад.

 Агар сатҳи некӯаҳволии оила (шаҳрвандон) ба  меъёру  муқаррароти дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинишуда ҷавобгӯ набошад, кӯмаки  унвонии  иҷтимоӣ  таъин  карда намешавад.

 Қарор дар бораи таъин ё рад намудан  кӯмаки  унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумоти ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ воридшуда то санаи 10 моҳи оянда қабул гардида, дар ин хусус  мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати 10 рӯз ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ (паёмак) ирсол менамояд.

Андозаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила (шаҳрванд) дар як  сол  400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ пардохт карда мешавад.

Кӯмакпулӣ ба мӯҳлати 12 моҳ таъин ва пардохт карда мешавад.

Муайян намудани оилаҳои камбизоат бо истифодаи усули «арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандии оила» - ҳамчун усули муайянкунанда ва арзёбии вазъи некуаҳволии аризадиҳанда маҳсуб ёфта, дар асоси нишон­диҳандаҳои тағйирёбанда барои муайян намудани дараҷаи камбизоатӣ ва таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ истифода бурда мешавад. Ба нишондиҳандаҳои тағйирёбанда маълумоти демографӣ (ҳайати оила, синну соли аъзоёни хонавода) ва маълумот дар бораи молу амволи оила  тааллуқ доранд.  Ғайримустақими эҳтиёҷмандии оила баҳои умумии вазъи молиявӣ ва некуаҳволии аризадиҳандаро муайян мекунад.

Барои муайян намудани ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, маълумоти зерин оид ба индикаторҳои некӯаҳволии оилаи камбизоат ба инобат гирифта мешавад:

    а) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар деҳот истиқомат мекунанд:

- ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, шумораи маъюбони гурӯҳи I, кӯдакони маъюб, кӯдакони то синни 15-сола;

- мавҷуд будани молу амволи зерин дар оила: генератори барқӣ, яхдон, мошинаи дарздузии барқӣ, плита бо балони газӣ, антеннаи радифӣ, нақлиёт (сабукрав ё боркаш) ;

- масолеҳи пӯшонидаи боми манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо: қамишпӯш, лойпӯш, боми шиферпӯш, боми тунукагин, черепитса;

- масолеҳи девори ҳавлӣ: сементблок, тунука, лойдевор, симтур, тахта, чуб, дигар маҳсулот, девор надорад;

- масолеҳи таҳкурсии манзили истиқоматӣ: бетаҳкурсӣ, санг ва семент, сементблок, дигар масолеҳ;

- масолеҳи фарш: паркет, тахтаи рангдор, линолеум, семент, лой;

- ҳайвони хонагӣ: гов.

б) Барои оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар шаҳр истиқомат мекунанд:

- ҳайати оила: шумораи умумии аъзои оила, маъюбони гурӯҳи I, кӯдакони маъюб, кӯдакони то синни 15 сола;

- мавҷуд будани молу амволи зерин дар оила: генератори барқӣ, яхдон, плитаи барқӣ, мошинаи ҷомашӯи, антеннаи радифӣ, нақлиёт (сабукрав ё боркаш);

- маълумотнокии сардори оила, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешавад: маълумот надорад, маълумоти ибтидоӣ (то синфи 4), таҳсилоти миёнаи нопурра, миёна, миёнаи техникӣ, олӣ ва баъди дипломӣ;

- масолеҳ барои пӯшондани боми манзили истиқоматие, ки оила дар он истиқомат мекунад аз рӯи чунин нишондиҳандаҳо: лойпӯш, семент бо бум, боми шиферпӯш, боми тунукагин, черепитса, полиэтилен;

-        масолеҳи фарш: паркет, тахтаи рангдор, линолеум, семент, лой;

Маълумотнома дар бораи индикаторҳо аз ҷониби оилае, ки барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ариза навиштааст дар «Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила», ки намунаи он аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар шакли ҷавобҳо ба саволҳо оид ба ҳар як индикатор нишон дода мешавад.

         Маълумоти дар бораи индикаторҳои муайянкунандаи некӯаҳволии оила бо воситаи барномаи компютерии коркарди автоматикунонидашудаи маълумот коркард мешавад.

         Ҳар як нишондиҳандаи индикатор, ки некӯаҳволии оиларо муайян мекунад, андозаи муайяни худро вобаста ба таъсиррасонӣ ба некӯаҳволии оила, ки бо назардошти таносуби индикаторҳо ба сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

         Бо дарназардошти нишондодҳои андозаи ҳар як индикатор баҳодиҳии инфиродӣ гузаронида мешавад ва индекси (нишондиҳандаи) некӯаҳволии оила - шумораи холҳо муайян карда мешавад. Шумораи холҳо бо тартиби автоматикунонидашуда ба воситаи барномаи коркарди компютерӣ бо истифодаи формулаи махсуси ҳисоббарорӣ барои истиқоматкунандагони шаҳр ва деҳот дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад. Илова бар ин, минтақаи зисти оила низ ба инобат гирифта мешавад.

Ҳадди ниҳоие, ки сатҳи камбизоатии оиларо муайян мекунад – ҳамчун индекси некӯаҳволии оила – 222 холро ташкил медиҳад.

 Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки индекси некӯаҳволиаш аз 222 хол камро ташкил медиҳад, ба онҳо кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда мешавад.

 Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки индекси некӯаҳволиаш аз 222 хол баландро ташкил медиҳад, ба онҳо кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда намешавад.

  Ҳозирини гиромӣ!

Раванди татбиқи низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиро ба якчанд қадамҳо тақсим карда, онро чунин шарҳ додан мумкин аст:

1)   Иттилоотонии аҳолӣ;

Нақши раисони ҷамоат, кӯмитаҳои маҳал, созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа дар раванди иттилоотонии аҳолӣ хеле муҳим аст. Маҳз онҳо дар расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ҳангоми пешниҳоди ариза ва ҳатто ба идораи ҷамоат овардани оилаҳои эҳтиёҷманд, нақши зиёд доранд. Нақши дигари раисони ҷамоат ва фаъолони ҷомеаи маҳаллӣ аз робитаи дуҷониба иборат аст. Онҳо дар инкишоф ва такмили низоми нав ба пешниҳоди тавсияҳо, ҷавоб ба саволҳо ё додани маслиҳат оид ба мушкилотҳои ба вуқӯъ омада ва роҳи ҳалли онҳо, дар асоси таҷрибаи худ, кӯмак расонида метавонанд.

Ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба иттилоотонии аҳолӣ ба зиммаи шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ гузошта шудааст.

2) Пешниҳоди ариза ва тартиби пур кардани шакли маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила;

Ариза барои таъин намудани  кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба ҷамоати шаҳрак ё деҳот, идораи  истифодабарии манзил ё кумитаи маҳали истиқомати шахси муроҷиаткунанда пешниҳод карда мешавад. Ҷамоатҳо, идораҳои манзилӣ ва  кумитаҳои маҳал дар навбати худ аризаҳоро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шӯъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ месупоранд.

Барои  гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ аз номи аъзоёни хонавода сардори оила муроҷиат мекунад.

Ҳангоми пешниҳоди ариза аризадиҳандаро зарур аст, ки  ду варақаро пур намояд: ариза барои таъин кардани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ва маълумот дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила. Варақаҳои ариза ва маълумот бевосита дар ҷойи зист – ҷамоати шаҳрак ё деҳот, кумитаи маҳалл ё идораи истифодабарии манзил пур карда мешаванд. Дар ариза розигии сардори оила барои ҷамъ намудани маълумоти иловагӣ дар бораи оила, моликияти он ва даромад, аз ҷумла оид ба тафтиши мутақобилаи маълумотҳои дар варақаи «Маълумот дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила» овардашуда, ки барои қабули қарори одилона оид ба таъини  (рад намудани) кӯмаки унвонии иҷтимоӣ зарур мебошад, қайд карда мешавад.

          Масъулини ҷамоатҳо ҳангоми  қабули аризаҳо бояд мутаваҷеҳ бошад, ки ҳамаи ҳошияҳои ариза дуруст пур карда шудаанд ва дар ҳолати зарурӣ ба саволҳои аризадиҳандагон бояд ҷавоби дуруст диҳад.

3.      Санҷиши дурустии маълумоти пешниҳодгардида (интихобӣ);

   Санҷиш дар сатҳи ноҳия ва шаҳр. Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ саҷиши эътимоднокиро низ нисбати 5 % гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби  ҷамоатҳо ё кумитаҳои маҳал мавриди санҷиш қарор доштанд, мегузаронад

  4. Коркарди маълумот;

Кормандони шуъба ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ маълумотнома оид ба даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оиларо ба маҳзани марказии маълумоти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ тавассути барномаи компютерӣ ворид мекунанд. Кори мазкур тариқи интернет мустақим иҷро карда мешавад.

    5. Пардохти маблағ;

Мутахассиси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯйхати гирандагони  кӯмаки унвонии иҷтимоиро ноҳия ба ноҳия тартиб дода, ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” барои пардохти маблағ равон мекунад. Дар БДА «Амонатбонк» барои ҳар як  гирандаи  кӯмаки унвонии иҷтимоӣ суратҳисоб кушода мешавад.

6) мониторинги рафти татбиқи барнома дар шаҳру ноҳияҳои 

    таҷрибавӣ.

Мониторинги рафти тадбиқи механизми  таҷрибавии таъин ва пардохти  кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани санҷиши мутақобила тибқи тартиби муқарраргардида масъул мебошанд.

Ҳар як қадам дар раванди амалисозии барнома ҳатмӣ буда, иҷроиши қадамҳо дар ҳама марҳиллаҳои амалигардонии барнома зарур мебошанд.

Дар оғози ҷорӣ намудани механизми нави таъин ва пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҷумҳурӣ Агентӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои зеринро иҷро намояд:

1.Таблиғу тавсифи низоми нави расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма (телевизион, радио, сомонаҳои интернетӣ) ва рузноманигорон. Дар пайваст ба ин,  нашри маводҳои иттилоотӣ (овеза, дастурамал,  буклет) оид ба низоми нави расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ва доир намудани ташрифи  гуруҳҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо.

2. Нашри намунаи ҳуҷҷатҳои барнома (ариза дар бораи таъин намудани кӯмакпулӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оила,  маълумот дар бораи даромад ва молу амволи аъзоёни оила, китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳо) ва дастраснамои онҳо ба шаҳру ноҳияҳо.

3. Доир намудани семинарҳои амалӣ оид ба «Фаъолияти иҷтимоӣ дар раванди татбиқи низоми нави таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ» барои кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раёсатҳои хоҷагии манзили 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

4. Гузаронидани курсҳои омӯзишӣ оид ба “Донишҳои заминавии компютер ва малакаи кор бо системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон» (АСИСТ) барои кормандони коргузор оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии барнома. То баргузории чорабинии мазкур масъулини шаҳру ноҳияҳо бояд кадрҳоро интихоб кунанд ва тариқи алтернативӣ барои интихоб ба Агентӣ пешниҳод кунанд, зеро мутахассисон-коргузорон оид ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ тариқи шартнома бо Агентӣ фаъолият намуда, хароҷоти нигаҳдории онҳо, аз ҷумла музди меҳнат аз ҷониби Агентӣ пардохт карда мешавад.

5. Хариди таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳи чопкунанда ва мебел барои бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои хоҷагии манзили 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

6. Пайвастнамоии бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии 28 шаҳру ноҳияҳои иловагӣ ба шабакаи интернет ва махзани ягонаи маълумоти «Системаи иттилоотии унвонии иҷтимоии Тоҷикистон»  (АСИСТ).

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳамоҳангсозии  фаъолияти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар раванди  татбиқи барномаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, идоракунии молиявӣ ва мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва истифодаи  мақсадноки маблағҳои буҷетии ба ин мақсад ҷудогардида амалӣ менамояд.

        

                                                     Маълумот оиди гирандагони кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳолати 30 марти соли 2018
 
Номгуи шаҳру
 ноҳияи таҷрибавӣ
Шумораи
оилаҳое, ки
ба кумаки
унвонии
ичтимоӣ
ҳуқуқпайдо
намуданд


дар давраи аз
01.01.2017
то
31.12.2017
Аризахои ба
махзани
ягонаи
системаи
иттилоотии
барнома
воридшуда


дар 3-мохи
соли 2018
Шумораи
оилаҳое, ки
ба кумаки
унвонии
ичтимоӣ
ҳуқуқ пайдо
намуданд


дар 3-мохи
соли 2018
Аризаҳое, ки
ҷониби
барномаи
электронии
системаи
иттилоотӣ рад карда
шуданд


дар 3-мохи
соли 2018
Шумораи
аризаҳое,
ки ба онҳо
кумаки
унвонии
ичтимоӣ
 қатъ карда шуд.


дар 3-мохи
соли 2018
Шахсони
яккаву
танхои
пиронсол


дар 3-мохи
соли 2018
Шахсоне,
ки ду ва
зиёда
маъюб
доранд


дар 3-мохи
соли 2018
Шумораи
оилаҳо ва
шаҳрвандоне,
ки пардохти
кумакпулии
онҳо ба охир
расидааст
Шумораи
гирандагони
кумаки
унвонии
ичтимоӣ
ба ҳолати 30 марти соли 2018
ГБАО
1 н. Ванч 471 167 141 25 0 0 0 59 553
2 н. Дарваз 442 129 102 27 4 2 0 183 357
3 н. Ишкошим 1046 353 301 49 13 2 0 84 1250
4 н. Мургаб 616 44 40 3 2 0 0 69 585
5 н. Шугнон 1493 484 436 44 9 2 0 264 1656
6 н.Рошткалъа 600 374 297 77 6 0 0 269 622
7 н.Рушон                          709 389 314 74 4 7 0 106 913
8 ш. Хорог 560 388 339 48 3 5 0 212 684
  Ҳамагӣ 5937 2328 1970 347 41 18 0 1246 6620
Согд
9 г. Худжанд 3472 1146 1135 11 18 128 0 829 3760
10 н. Айни 3731 1423 1331 92 23 45 0 624 4415
11 н. Зафарабад 1773 620 544 75 9 14 0 296 2012
12 н. Шахристан 891 664 403 251 6 7 0 489 799
13 н.Кухистони Мастчох 588 187 159 25 0 1 0 174 573
14 ш. Бустон 869 466 421 15 4 77 0 243 1043
15 ш.Истаравшан 7563 1995 1992 3 35 86 0 1204 8316
16 ш.Конибодом 3366 825 765 59 48 53 0 389 3694
17 ш.Панчакент 6175 1789 1748 35 49 91 0 1336 6538
  Ҳамагӣ 28428 9115 8498 566 192 502 0 5584 31150
Хатлон
18 н. Бальджувон 667 179 158 13 0 1 0 149 676
19 н. Муъминобод 2273 760 609 146 5 2 0 415 2462
20 н. Панч 2209 543 421 115 6 8 0 329 2295
21 н. Темурмалик 1244 383 278 98 10 0 0 189 1323
22 н. Ховалинг 1890 425 382 43 8 2 0 519 1745
23 н. Ч.Балхи 1627 1404 1055 349 3 7 0 255 2424
24 н. Шахритус 1684 607 586 17 7 11 0 332 1931
25 н.Ёвон 3624 2383 1736 643 11 7 0 383 4966
26 н.Фархор 3614 530 503 23 5 8 0 963 3149
27 н.Шамсиддин Шохин 1227 416 313 102 4 0 0 386 1150
28 ш. Куляб 5671 897 863 30 31 1 0 1039 5464
29 ш. Сарбанд 948 411 394 8 2 2 0 327 1013
30 ш.Кургонтеппа  3603 1191 1116 74 4 43 0 710 4005
31 ш.Норак 2101 452 394 57 0 13 0 674 1821
  Ҳамагӣ 32382 10581 8808 1718 96 105 0 6670 34424
РРП
32 н. Лахш 698 511 409 101 6 4 0 140 961
33 н. Нурабад 1192 282 257 17 10 4 0 278 1161
34 н. Рашт 1478 773 647 124 0 12 1 329 1796
35 н. Рудаки 4468 1277 1056 208 24 14 0 691 4809
36 н. Сангвор 614 161 145 15 2 1 0 129 628
37 н. Файзобод 2165 643 557 85 16 2 0 246 2460
38 н. Шахринав 993 1006 708 298 5 9 0 301 1395
39 н.Точикобод 1248 573 434 127 2 12 0 370 1310
40 ш.Хисор 3068 897 791 105 19 5 0 536 3304
  Ҳамагӣ 15924 6123 5004 1080 84 63 1 3020 17824
  Ҳамагӣ 40 шаҳру
 ноҳияи
82671 28147 24280 3711 413 688 1 16520 90018