I. Муқаррароти умумӣ
1. Раёсати кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ (минбаъд - Раёсат) дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сиёсати барномаҳои кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ, мониторинг ва дурнамои соҳаи иҷтимоиро дар амал татбиқ менамояд.
2. Раёсат дар нақшаи идоракунии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
3. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масуният», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, санадҳои меъёрии ҳуқукии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст инчунин, ҳамин низомномаро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.
4. Раёсат таҳти роҳбарии директор (директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ва муовини ў фаъолият мекунад.
5. Раёсатро сардори раёсат, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.
6. Раёсат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
7. Раёсат дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахлдошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо онҳо мувофиқа мекунад.
8. Раёсат шахси ҳуқуқи набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроия таъминкунанда ва танзимкунандаи фаъолияти мақоми давлатӣ мебошад.
II. Сохтор ва тартиби ташкили
Раёсати кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ
2.1. Низомномаи раёсат, сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар доираи лимити шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мекунад.
2.2. Раёсат аз ду шуъба ва нуҳ воҳиди корӣ иборат мебошад (сардори раёсат, сардорони шўъба, се сармутахассис, ду мутахассиси пешбар ва як мутахассис).
2.3. Сардори раёсат, сардорони шуъба, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассис тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби директори Агентӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
III. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии
Раёсати кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ
3.1. Дар соҳаҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд;
- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида сиёсати давлатро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумла, нафақахўрон, маъюбон, ветеранҳо ва дигар табақаҳои камбизоати шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва осебпазир чорабиниҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд;
- ба назар гирифтани манфиатҳои имтиёздорон ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;
- мусоидат намудан ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар амали гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон;
- дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ намудани маълумот оид ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки аз пардохти ҷубронпулӣ ва кумакпулӣ бархурдоранд;
- ҷамъбаст намудани маҳзани маълумот оид ба имтиёздорон (иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҶБВ; маъюбони интернатсионалист ва артиши Шўравӣ; маъюбони садамаи Нерўгоҳи барқи атомии «Чернобил»; маъюбони то синни 18- сола; ятимон (бе падару модар); шахсонии дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ хизматкарда; оилаҳои камбизоат; шахсони яккаву танҳо);
- ташкили расонидани кўмакҳои хайрия ва инчунин кўмакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд;
- таъминоти имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии иҷтимоии кормандони соҳаҳои иқтисодиии ҷумҳурӣ, маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, кўдакони ятим, оилаҳои бесаробонмонда, камбизоат ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ;
- барои ҳамоҳангсозии фаъолияти иттиҳодияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон, маъюбон ва ашхоси ба ҳифзи иҷтимоии давлатӣ муҳтоҷбуда мусоидат менамояд;
- мониторинги соҳаи ҳифзи иҷтимоиро доир намуда, дурнамои соҳаро таҳия менамояд;
- сари вақт муайян намудани камбудиҳои барнома ва банақшагирии таъсири манфии ҷараён, ки ба сатҳи зиндагии хонавода таъсир мерасонад;
- арзёбии самаранокии пардохти кўмакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо;
- таҳия ва пешниҳоди таклифот ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба такмили вазъи низоми пардохти кўмакпулиҳо;
- муқоисанамоии маълумоте, ки дар варақа аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод шудааст, бо воқеияти онҳо;
- ошкор намудани омилҳое, ки пардохти нодуруст ба вазъи оила таъсир мерасонад, боиси рад гардидан мешавад;
- доир намудани мониторинги вазъи иҷтимоию демографӣ, сатҳи некуаҳволии иҷтимоии оила ва шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ;
- ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти хонавода оид ба татбиқи низоми нави кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (бо саҳмгузории ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ) дар ду сол як маротиба;
- ҷиҳати такмил додани нишондиҳандаҳои арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандии оила (индикатор) таклифҳои мушаххасро ба директори Агентӣ пешниҳод менамояд;
- ҷорӣ намудани усулҳои гуногуни назорати омўзишӣ ва баҳогузории барнома;
- дар заминаи омўзиш ва баҳогузории барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати тағйир додани андозаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ таклифҳои асоснокшударо ба директори Агентӣ пешниҳод менамояд;
- гузаронидани маҷмўи таҳлилҳо ва таҳияи таклифу пешниҳодҳо оиди банақшагирӣ ва дурнамои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- ташкилу гузаронидани чорабиниҳои марбут ба такмили сиёсати банақшагирӣ ва дигар чорабиниҳои рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- корҳои нақшавию молиявӣ ва иқтисодиро дар раёсат ташкил ва назорат намуда, дар таҳияи лоиҳа ва барномаҳои дурнамои соҳа ва нақшаҳои солонаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок менамояд;
- корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ ва тавассути воситаҳои ахбори омма, бо роҳи нашр кардани бюллетенҳо, брошюраҳо ва дигар маводи нашриявии иттилоотию маърифатӣ ташкил месозад;
- ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа ва солонаро оид ба фаъолияти раёсатро омода намуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
-мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, қайд ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар раванди фаъолият ташкил меёбанд, анҷом медиҳад;
- арзу шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои раёсат қабул намуда, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ мпенамояд;
- қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандонро таъмин менамояд.
3.2. Вазифаҳо дар татбиқӣ ҷубронпулӣ барои истифода қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва кўмакпулӣ барои мактаббачагон
- таҳлили масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;
- дар сатҳи ҷумҳурӣ назорат намудани истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки барои ҷубронпулиҳои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо шудаанд;
- ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод намудани маводи таҳлилӣ ва маълумот дар бораи вазъи пардохти ҷубронпулӣ ва кўмакпулӣ ва ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти соҳа пешниҳод намудани таклифҳо;
- расонидани кўмаки методию амалӣ дар сатҳи маҳал оид ба муайян намудани оилаҳои камбизоат.
3.3. Вазифаҳо дар самти кўмакпулии давлатӣ ба кўдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд
- дар асоси дархости молиявии шўъба / бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар маҳалҳо оид ба шумораи гирандагони кўмакпулии давлатӣ барои давраи навбати омода сохта, ҷамъбаст намуда онро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар асоси таҳлилҳои пешниҳоднамудаи шўъба/ бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ барои пардохти ҷубронпулӣ ва кўмакпулиро ҷамъбаст намуда, аз натиҷаи он ҳар нимсола як маротиба ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд;
- ҳар нимсола оид ба вазъи пардохти кўмакпулии мазкур ба вазорат ҳисобот пешниҳод менамояд.
3.4. Вазифаҳо дар доираи барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ
- ҷиҳати амалӣ гардидани Барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар якҷоягӣ бо кормандони шўъба/ бахши ҳифзи иҷтимоӣ, ҷамоатҳо ва идораҳои манзилию коммуналии мақомоти иҷроиияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ корҳои таблиғотию тарғиботиро ба роҳ мемонад;
- ташкил ва барасмиятдарории барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ;
- дар асоси маълумоти дастрасгардидаи барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ ҳар моҳ (то санаи 10-ми моҳи ҷорӣ) рўйхати гирандагони кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тартиб дода, барои тасдиқ намудан ба директори Агентӣ пешниҳод менамояд;
- ҷиҳати маблағгузорӣ намудани кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат рўйхати тасдиқшудаи гирандагонро ба шўъбаи молия ва хоҷагии Агентӣ пешниҳод менамояд (шўъбаи молия ва хоҷагии Агентӣ дар муддати 3 рўз ба Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришоти пардохтиро пешкаш мекунад);
- ҳар моҳ рўйхати электронии ном ба номи шаҳрвандонеро, ки кўмаки унвонии иҷтимоиро мегиранд, инчунин руйхати ном ба номи шаҳрвандонеро, ки бори аввал кўмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд, ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” (минбаъд БДА “Амонатбонк”) бо мактуби ҳамроҳикунанда пешниҳод менамояд;
- ҳар моҳ рўйхати тасдиқшудаи гирандагони кўмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин он оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки рад гардидаанд, ба шуъба/бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба тариқи электрони ирсол менамояд;
- на кам аз як маротиба дар ҳар нимсола мониторинги ҷараён ва натиҷаҳои дурустии таъинот, пардохт ва хароҷоти мақсадноки маблағҳоро, ки барои пардохти ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷудо шудаанд, доир менамояд;
- дар асоси таҳлилҳои пешниҳодшудаи шўъба/ бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ барои пардохти кўмаки унвонии иҷтимоиро ҷамъбаст намуда, аз натиҷаи он ҳар семоҳ як маротиба ба роҳбарияти Агентӣ маълумот пешниҳод менамояд;
- дар асоси дархости мақомоти маҳалӣ мулоҳизаҳои пешакии арзиши барномаро нисбати пешниҳоди кўмаки унвонии иҷтимоӣ ҳар сол то санаи 10-уми март ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- доир намудани мониторинги вазъи иҷтимоию демографӣ, сатҳи некуаҳволии иҷтимоии оила ва шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ;
- дар ду сол як маротиба, вобаста ба имконияти молиявии Агентӣ доир намудани тадқиқоти хонавода оид ба татбиқи низоми нави кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (бо саҳмгузории ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ);
- дар заминаи мониторинги доиргардида, ҷиҳати такмил додани нишондиҳандаҳои арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандии оила (индикатор) таклифҳои мушаххасро ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод менамояд;
- ҷорӣ намудани усулҳои гуногуни назорати омўзишӣ ва баҳогузории барнома;
- дар заминаи омўзиш ва баҳогузории барномаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷиҳати тағйир додани андозаи кўмаки унвонии иҷтимоӣ таклифҳои асоснокшударо ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод менамояд;
- дурнамои хароҷоти маблағро барои пардохти кўмаки унвонии иҷтимоӣ дар солҳои оянда пешниҳод менамояд;
- муроҷиатҳо, аризаву шикоятҳои шаҳрвандон оид ба таъмини кўмакҳои унвонии иҷтимоӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
2.6. Раёсат бо мақсади татбиқи ваколатҳояш дар соҳаи муқарраргардидаи, фаъолият ҳуқуқ дорад:
- ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод намудани таклифҳо оиди масъалаҳои вобаста ба ваколатҳои раёсат;
- барои амалишавии вазифаҳои худ бо ҳама ҳуҷҷатҳои дахлдори зертобеи сохтори Агенти шиносоӣ пайдо намояд;
- гузаронидани омўзишу санҷиш оид ба амалишавии кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ дар зерсохторҳои Агентӣ (шўъбава бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ);
- мувофиқи тартиби муайяншуда, ҷамъоварӣ ва талаб намудани ҳуҷҷат ва ахбороти лозиммаи ба раёсат вогузошташуда аз сохторҳои Агентӣ ва дигар мақомотҳо, инчунин ба роҳ мондани ҳамкори бо онҳо;
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият марбут мебошанд, шарҳу тавзеҳ медиҳад.
IV. Ҳуқуқҳои Раёсат
4.1. Раёсат барои амалӣ намудани вазифаҳои асосии худ ҳуқуқ дорад:
- оид ба масъалаҳои, ки ба салоҳияти раёсат дахл дорад ба роҳбарияти Агентӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- дар доираи салоҳияташ бо ҳуҷҷатҳои сохторҳои тобеи Агентӣ дар маҳалҳо барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи раёсат гузошташуда шинос шавад;
- вазъи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, қарорҳои ҳукуматӣ ва фармону қарорҳои Агентиро мавриди санҷиши методӣ қарор диҳад;
- бо тартиби муқаррарнамуда кормандони раёсатро барои мукофот ва ҳавасмандгардонӣ ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод менамояд;
- дар машваратҳо ва семинарҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намоянд;
- барои ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти раёсат дахлдошта тибқи тартиби муқарраршуда аз сохторҳои зертобеи Агентӣ дар маҳалҳо маводҳои заруриро дархост намояд;
- бо муассисаву ташкилотҳо оид ба масъалаҳои, ки раёсат салоҳиятдор аст мукотиба кунад.
4.2. Раёсат фаъолияти худро дар асоси нақшаи чорабиниҳое, ки роҳбарияти Агентӣ тасдиқ кардааст, амалӣ мегардонад.
V. Муқаррароти хотимавӣ
5.1. Сардори раёсатро директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи озмун ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
5.2. Низомномаи раёсат аз ҷониби директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳукуқу ўҳдадориҳо, масъулияти сардори Раёсати кафолати кўмакҳои иҷтимоӣ ва кормандони раёсат (хизматчиёни давлатӣ) дар дастурамали мансабӣ, ки аз ҷониби директори Агентӣ тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ мегарданд.
5.3. Сардори раёсат барои иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии вазифаю ўҳдадориҳои раёсат супоришҳои роҳбарияти Агентӣ, риояи интизоми хизматӣ ва қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ масъулияти шахсӣ дорад.
5.4. Масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаи раёсат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.