“Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” фаъолиятро дар самти Компоненти 3 оид ба «Пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат» дар доираи маблаѓгузории  Бонки умумиҷаҳонӣ  амали намуд.  

 

МАЪЛУМОТ

ОИД БА КУМАКИ ЯКВАҚТАИ ИҶТИМОӢ БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

(500 сомонӣ)

 

1.                     Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони синни то 3 сола дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ аз 3 апрели соли 2020 (№D604-TJ) тавассути  Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” анҷом дода шуд.

2.                     Боз як Созишномаи молиявӣ Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 майи соли 2021 (гранти Бонки умумиҷаҳонӣ №D777-TJ) бо имзо расонида шуд.

Дар доираи  маблаѓҳои Лоиҳаи мазкур дар  маҷмуъ : (солҳои 2020-2022)- 233980 оилаи камбизоат маблаѓи  116 990 000 сомонӣ  кумаки яквақтаина расонида шудааст.

Соли 2020

  55184 оила. маблаѓгузорӣ – 27592000 сомонӣ.

Соли 2021

-                  138946 оила. маблаѓгузорӣ – 69473000 сомонӣ

Дар соли 2022: ба  39 850 нафар (оила) бо маблаѓи 19 925 000,00 сомонӣ  кумаки яквақтаина маблаѓгузори гардид, ки аз ин:

-  500,00 сомонӣ (оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 18 солаи маъюбдошта) ба 809 оила дар ҳаҷми – 404 500 сомонӣ;

-  500,00 сомонӣ (оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 3 сола дошта) ба 18 919 оила дар ҳаҷми 9 459 500,00 сомонӣ;

-  500,00 сомонӣ (оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 7 сола дошта) ба 20 122  оила дар ҳаҷми 10 061 000 сомонӣ;