НИЗОМНОМАИ

Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии давлатии хифзи ичтимоии ахолии Вазорати тандурустӣ ва хифзи ичтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи Бахши кадрҳо ва корҳои махсус (минбаъд - Низомнома), сохтор, вазифаҳо, ҳуқуқҳои Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Бахшро) муайян менамояд.

 2. Бахш тибки қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоxикистон» дар сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли Бахши мустакил таъсис дода шудааст ва дар доираи ваколатҳои худ, барои ҳалли масъалаҳои кадрии (идоракунии хайат) Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии ахоли масъул мебошад.

3.    Назорати бевоситаи фаъолияти Бахш аз тарафи директори Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии аҳолии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумхурии Тоxикистон (минбаъд - Директор) анxом дода мешавад.

4.    Бахш дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни)Ҷумхурии Точикистон, Кодекси меҳнати Xумхурии Тоxикистон, Қонуни Ҷумхурии Тоxикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», санадхои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумхурии Тоxикистон, санадҳои меъёрии ҳукукии байналмилалии эътирофнамудаи Xумҳурии Тоxикистон, фармоишхои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иxтимоии аҳолии Xумҳурии Тоxикистон ва хамин Низомномаро ба рохбарӣ мегирад.

5.    Вазифа, уҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои мудири Бахш ва кормандон дар дастурамалҳои мансабии онхо мукаррар карда мешавад.

6.    Роҳбарии методӣ ва назоратии фаъолияти Бахшро Агентии хизмати давлатии назди Президенти Xумҳурии Тоxикистон (минбаъд - макоми ваколатдор) анxом медихад.

2. Сохтори Бахши кадрхо ва корҳои махсус

7.   Шумораи воҳиддои кории Бахш аз 3 нафар иборат буда-, сохтор ва шумораи хизматчиёни давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян ва тасдиқ карда мешавад.

8.   Бахш ҳамчун ҳамоҳангсози сохтори Агент давлатии ҳифзи иxтимоии аҳолӣ, роҳбарии умумии фаъолияти хадамоти кадрӣ, нақшаи идоракунӣ ва ташкилотҳои системаи онро ба уҳда дорад.

3. Самтҳои асосии фаъолияти Бахши кадрҳо ва корҳоӣ махсус

9.     Бахш вазифаи маркази идоракунии кадрҳои (ҳайати) Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии аҳолиро, ки мақсади асосии он мусоидат ба ташкили фаъолияти самаранок, таъмини кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, бароҳмонии болоравии касбӣ, таъминоти иxтимоӣ ва ҳудудии дар як корманди Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии аҳолӣ мебошад, иxро менамояд.

10.   Бахш барои таъмини иxрои вазифаҳои зерин ваколатдор мебошад:

-     таъмини гардиши ҳуxxатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ;

-     кор бо ҳуxxатҳои дороӣ сирри давлатӣ;

-     таҳияи фармоишҳо оид ба таъин ва ё озод намудани кормандони мақоми давлатӣ, пешбурду нигоддории парвандаҳои шахсӣ ва дафтарxаҳои меҳнатии кормандон;

-     таҳияи лоиҳаи xадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва назорати он, барасмият даровардани сафарҳои хизматӣ ва рухсатиҳои меҳнатӣ;

-     бақайдгирии варақаҳои корношоямии хизматчиёни давлати ва ҳайати хизматрасон;

-     назорати риояи тартибу интизоми меҳнатӣ дар Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии аҳолӣ;

* ташкил ва дуруст истифода намудани маҳорати касбии кадри (ҳайати) бо назардошти дурнамои инкишофи он;

-     таҳияи мавод оид ба иxроиши барномаҳои давлатии марбут ба салоҳияти Бахш;

-     риояи тартиби қабул ба хизмати давлатӣ, бастани шартномадои (қарордодҳои) меҳнатии қабул ба хизмати давлатӣ;

-     назорати риояи талаботи тахассуси ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, гузаронидан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар доираи як категория;

гузаронидани таҳлили мансабҳои холӣ дар мақоми давлатӣ;

-омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсиони, озмуни, захираи кадрҳо, ҳисоби собиқаи хизмати давлати, одоби хизматчии давлати;

-     ташкили озмунҳо барои ишuоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлати; -шиносонидани роҳбарони воҳидҳои сохтори бо тартиби таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Xумҳурии Тоxикистон;

-     назорати риояи тартиби баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлати дар Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии аҳоли;

-     бароҳмонии раванди баҳодиҳи ба фаъолияти хизматчии давлатии Агентии давлатии дифзи ичтимоии аҳоли;

-доир намудани аттестатсияи хизматчиёни давлати, таҳлили натиxаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба xойивазкунии (ротатсияи) самаранок дар мансабҳо ва баланд бардоштани дараxаи тахассуси;

-     таҳияи мавод оид ба додани рутбаҳои тахассуси ба хизматчиёни давлати;

-     таҳияи мавод оид ба ҳисоб намудани собиқаи хизмати давлатии хизматчиёни давлати;

-таъмини татбиқи муқарароти Қоидаҳои гузаронидани xойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Xумҳурии Тоxикистон;

-     ташкили захираи кадрҳо ва кор бо онҳо;

-ташкили тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва таxрибаомузии хизматчиёни давлати;

-мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои танзимкунандаи масъалаҳои кадрии хизмати давлати;

-таҳияи мавод оид ба пешниҳоди кормандон ба мукофотҳои давлати ва соҳави; -таҳияи мавод оид ба пешниҳоди кормандон ба нафақа барои хизматҳои махсус;

-ташкил ва назорати пешниҳоди маълумот дар бораи даромад ва вазъи амволи хизматчии давлати;

-риояи Феҳристи мансабҳои давлатии Xумхурии Тоxикистон ва пешбурди Фехристи хизматчиёни давлатии Xумҳурии Тоxикистон дар мақомоти давлатӣ;

-     тахлили вазъи таъминоти кадри;

-назорати риояи талаботи синни ниҳоии дар хизмати давлати будан;

-таъмини фаъолияти хайати техники ва хизматрасони мақоми давлати; -гузаронидани мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва банақшагирии талабот оид ба кадрҳо, пешбарии истифодаи технологияҳои муосир ва манбаъҳои таълиму тарбияи кадрҳо дар дастгоҳи марказии Агенти;

-     татбиқи чораҳо оид ба сари вақт давонгардонии ҳайати кормандони Агенти;

-     сари вақт (якxоя бо Шуъбаи молия ва хоxагӣ) таҳлил намудани шаклҳои самараноки амалкунандаи ҳавасмандгардонии моддию маънавии хизматчиёни давлатӣ, пешниходи тавсияҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти касбии хизматчиёни давлати;

-     баҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва пешниҳоди ҳисобот, пешбурди махзани иттилооти оид ба захираи кадрҳо ва дори намудани шаклхои муосири идоракуни;

-     таҳияи пешниҳодхо оид ба ҳифзи иxтимои, модди ва ҳуқуқии кормандони Агентй дар мавридхои ихтисоршави, таuийроти ташкилӣ, баста вазифавӣ ва сохтори;

-     гузаронидани санxиши фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии ахолӣ оид ба риояи қонунгузори дар соҳаи хизмати давлати;

-     гузаронидани санxиши маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандон ҳангоми таъин намудан ба мансаби давлатии хизмати давлати;

-     амали намудани тадбирҳо оид ба таҳлили ҳайати кадри, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи омори оид ба вазъи кор бо кадрҳо ба мақомоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Xумҳурии Тоxикистон;

-     андешидани чорахо барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани хуxxатҳо ба бойгони;

-     иxрои дигар уҳдадориҳои хадамоти кадри, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда шудаанд.

4. Ҳуқуқҳои Бахши кадрҳо ва корҳой махсус

1. Бахш хуқуқ дорад:

-     аз роҳбарони воҳидҳои сохтори ва хизматчиёни давлатии Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии ахоли, нақшаи идоракуни ва ташкилотҳои система оид ба масъалаҳои маису ба салохияти Бахш мутобиқи тартиби муқарраргардида маълумот дархост намояд;

-     ҳангоми ба расмият даровардани таъинкуни, гузариши кормандон ба дигар воҳидҳои сохтори, фиристодан ба сафари хизмати ва ба рухсатии мехнати аз кормандони Агентии давлатии ҳифзи иxтимоии ахоли маводи заруриро талаб намояд;

-     бо тартиби муқарраршуда машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарияти Агенти ва дигар воҳидхои сохтори дар доираи масъалаҳои ба ваколати Бахш мансуб мегузаронанд, иштирок намояд;

-     лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба масъалаи кадри дахлдоштаро таҳия ва барои тасдиқ пешниход намояд;

-     дар якчояги бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Агенти, иттифоҳи касаба, комиссияи одоби хизматчии давлати рафти риояи интизоми меҳнатиро назорат намуда, ба директор дар хусуси ба xавобгарии интизоми ва модди кашидани кормандон пешниход манзур намояд.

12.   Бахш дигар ҳуқуқҳои пешбини намудаи санадхои меъёрии ҳуқуқии Xумxурии Тоxикистонро дорад.

5. Мукаррароти хотимавӣ

13.   Рохбари Бахши кадрӣ (корманди масъул) барои иxро накардан ё ба таври дахлдор иxро накардани уҳдадориҳои Бахши кадри, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, масъулияти шахси дошта, дар машваратҳои кории назди роҳбари мақоми давлати иштирок менамояд.

14.   Мудири Бахш барои иxро накардан ё ба таври дахлдор ичро накардани уҳдадорихои Бахш, ки Низомномаи мазкур пешбини намудааст, масъулияти шахси дошта, дар машваратҳои кории назди Директор иштирок менамояд.

15.   Мудири Бахш Дастурамалҳои мансаби ва нақшаи кори кормандони Бахшро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Директор пешниҳод менамояд.

16.   Кормандони Бахш ба талаботи тахассуси барои мансабҳои давлатии хизмати давлати пешниҳод шудааст, мувофиқ бошанд.

17.   Кормандони Бахш ҳуқуқшинос, омузгор, мутахассисони соҳаи идоракунии давлати, дигар мутахассисони соҳаи гуманитари ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электрони шуда метавонанд.

18.   Уҳдадориҳои мансабии кормандони Бахшро Дастурамалхои мансабии тасдиқшуда муайян менамояд.

19.   Таuийру иловаҳо ба Низомномаи мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ворид карда мешавад.