Ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён аз номи роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати иди пирӯзӣ, баҳориву меъросии ниёгон, иди ҷаҳонии Нарӯзи мардуми тоҷику форс муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори фаровон ва пирӯзию хушиҳо таманно дорам. Бигузор файзу баракати Наврӯз ба  зиндагониатон рангу таровати тоза бахшида дастархонатонро пурфайз гардонад.  

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки:

«Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.

Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.

 

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 сола доранд ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст».

 

Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ бар гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз пеш аз ҳама дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз ба қалби пиру ҷавон хуррамию бедорӣ ато менамояд. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, хайру баракат ва тозакорию озодагист.

 

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои вижаи худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

 

Таманнои онро дорем: оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон нури бахту саодат бипошад.

 

Бори дигар дар чунин лаҳзаҳои шукуфтанҳо баҳори фараҳбахшу Наврӯзи бостониро сидқан ба Шумо ва аҳли оилаатон муборак мегӯяму бароятон саломативу хотири ҷамъ, хушбахтию дили беғам ва пеш аз ҳама хонаободию сарбаландӣ хоҳонам!

 

Дар Наврузи навбаҳорон ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ хурсандиву баракати зиёдаро аз Худованд орзу карда ба ҳама тансиҳатӣ ва ба ватану замона оромиро хоҳонам.

 

Бигзор Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аҷдодиаш, қалбатонро пурнур, шаҳомати бахтатонро фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонад, дӯстони гиромӣ !

 

 Муборак бод Наврӯзи навбаҳорон!

 

 

 

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,

 

Ҷашни фархундаю фирўз муборак бошад,

 

Ҳама ҷо хуррамию тоза ҷавонӣ бинам.

 

Чеҳраи поку дилафрўз муборак бошад!

 

 

 

 

 

 

 

Бо эҳтироми самимӣ,

 

 

                    Директор                                                                           А. Холзода