Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори миннатдорӣ менамояд.
Дар пайваст ба ин, бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар мувофиқа бо муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Шодихон Ҷамшед 12 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Шӯрои машваратии Агентӣ доир карда шуда, дар он масъала “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳо то охири соли 2021” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Қайд бояд кард, ки фаъолияти Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ асосан ҷиҳати амалисозии нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, дар доираи стратегияву консепсияҳо, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои саривақтию пурраи супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Низомнома, нақшаҳои кории Вазорат ва Агентӣ ба роҳ монда шуда, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд, ки дар ин ҷаласа натиҷаи фаъолияти Агентӣ ва муассисаҳои соҳа дар давраи сипаригардида натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентӣ намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, директорони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагон аз сохторҳои гуногуни соҳа даъват карда шуданд ва аксарияти онҳо иштирок намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки дар ҷаласаи мазкур самтҳои фаъолияти Агентӣ: фаъолият дар самти ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фаъолият дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва муваққатӣ, фаъолият дар самти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва кумакҳои яквақтаина ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат, фаъолият дар самти мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои пурраи буҷети тасдиқшудаи сметаҳои хароҷотии соли 2021 дар сохторҳои Агентӣ аз ҷумла, сарфакорӣ ва мақсаднок истифодабарии маблаѓҳои буҷети давлатӣ, кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, масъалаҳои кадриву ҳуқуқӣ, дастовардҳо, навгониҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта дар қиёс ба солҳои гузашта мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Ҷаласаи Шӯрои машаваратии Агентиро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон- сарпарасти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҳтарам Шодихон Ҷамшед ҷамъбаст намуда, бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои оинномавӣ, низомномаҳо, дастурамалҳои мансабӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, риояи меъёри хӯрока ба бошандагон аз рӯи меъёри тасдиқшуда, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд намудани даромади соф, дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, тақвияти фаъолият дар самти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва кумакҳои яквақтаина ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, риояи одоби муошират, интизоми меҳнат ва сару либоси ягонаи кормандон дастуру супоришҳои қатъи дода, вазифаҳои соҳаро то охири соли ҷорӣ муайян намуданд.
Дар маҷмуъ фаъолияти Агентӣ ва зерсохторҳои он дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.