Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 “Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, №168 “Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.
Теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ бе назардошти ҳайати хизматрасон 35 нафар муқаррар гардида, таъиноти директори Агентӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2014, №205 амалӣ гардида, сохтори дастгоҳи марказии Агентӣ чунин муайян карда шудааст: Роҳбарият (директор, муовини директор), Раёсати ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ (дорои 2 шӯъба- Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ) , Раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоӣ (дорои ду Шуъба- Шуъбаи кумакҳои иҷтимоӣ ва Шуъбаи мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ), Шӯъбаи молия ва хоҷагӣ, Шӯъбаи назорат ва коргузорӣ, Бахши ҳуқуқ, Бахши кадрҳо ва корҳои махсус ва дар маҷмӯъ 2 раёсат, 6 шуъба ва ду бахш муайян карда шудааст.
Айни замон дар номгӯи муассисаҳои системаи Агентӣ 11 муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла 7 муассисаи будубоши доимӣ (хона-интернатҳо) ва 3 истироҳатгоҳу 1 осоишгоҳ, 44 адад шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 6 адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ шомил мебошанд.
Инчунин, барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва камхарҷ гардонидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 48 адад марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.
Фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ асосан ҷиҳати амалисозии нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2020 зикргардида, дигар дастуру супоришҳо ва инчунин дар доираи стратегияву консепсияҳо, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои саривақтию пурраи супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Низомнома, нақшаҳои кории Вазорат ва Агентӣ ба роҳ монда шуда, дар соли 2021 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Ба ифтихори 30-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ ва тамоми муассисаҳои зерсохтори Агентӣ озмунҳои «Муассисаи беҳтарин», «Ҳуҷраи беҳтарини корӣ», «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ва “Корманди беҳтарин” баргузор гардида, ғолибони озмунҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Фаъолият дар самти ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ
Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1204 нафар бошандагон (нисбат ба соли 2020 -47 нафар зиёд), аз ҷумла 632 нафар мард, 466 нафар зан ва аз инҳо 106 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд.
Аз ин шумора маъюбони гуруҳи якум - 281 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 644 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм - 15 нафар мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 155 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои будубоши доимӣ соҳа 20 нафар ятимони кул, 29 нафар нимятим ва 52 нафар аз оилаҳои камбизоат дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.
Дар доираи муқаррароти моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои якум ва дуюми моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар давраи ҳисоботӣ 83 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд.
Ба бошандагони ин муассисаҳо 721 нафар кормандон хизмат мерасонанд.
Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад, ки дар ин самт Агентӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Аз ҷумла, барои ғанӣ гардонидани дастархони бошандагону истироҳаткунандагон, таъмин намудани онҳо бо сабзавоти тару тоза аз заминҳои ҳудуди муассисаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасон васеъ истифода бурда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки масоҳати умумии заминҳои заминҳои корами хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои системаи Агентӣ 75,91 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 61,42 гектар заминҳои беруни муассисаҳо ва 14,49 гектарро заминҳои корами дохили муассисаҳоро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар заминҳои корами хоҷагии ёрирасони муассисаҳо кишти гандум, лубӣ, нахуд, ҷуворимакка, шолӣ, боимҷон, помидор, лаблабу, бодиринг, карам, каду, сабзӣ, пиёз, шалғам, турб, картошка, юнучқа ва дигар намуди маҳсулотҳо ба анҷом расонида шуда, фаъолият дар ин самт идома дорад.
Ҳамзамон, дар хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳои системаи Агентӣ чорводорӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ ва парвариши замбури асал ба роҳ монда шуда аст.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша дар мавсими истироҳатии соли ҷорӣ бо назардошти имкониятҳои молиявӣ 1780 адад роҳхатҳои ройгон барои имтиёздорон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ҷудо карда мешавад.
Аз ҷумла, дар муассисаҳои давлатии истироҳатгоҳи «Дӯстӣ» дар 8 баст (490 нафар), Ромит дар 8 баст (350 нафар), Харангон дар 8 баст (520 нафар) ба муддати 18 рӯзӣ, Истироҳатгоҳи «Бибӣ Фотимаи Заҳро» - и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар 7 баст (420 нафар) ба муддати 12 рӯзӣ ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмӯъ имконияти истироҳатгоҳҳо дар як баст 320 кат-ҷойро ташкил менамояд.
Ба истироҳаткунандагони осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентӣ ҳамагӣ 235 нафар кормандон, ки аз инҳо 97 нафар ба таври доимӣ ва 138 нафарашон ба таври мавсимӣ фаъолият доранд, хизмат мерасонанд. Ҳамаи командони муассисаҳои болозикр тибқи тартиби муқарраргардида бо либоси ягонаи корӣ таъмин карда шудаанд.
Дар мавсими истироҳатии соли 2021 аз ҷониби муассисаҳои соҳа 1702 нафар бо роҳҳат, 428 нафар роҳбалад ва 466 нафар ба таври шартномавӣ, дар маҷмуъ 2603 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.
Фаъолият дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ
Дар миқёси ҷумҳурӣ ҳоло 44 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд (ин шумора дар дувоздаҳ моҳи соли 2020 - 43 ададро ташкил медод), ки 828 кормандон давоми 12 моҳ ба 5477 (ин шумора дар соли 2020- 5365 нафар.) нафар пиронсолону маъюбон ва 930 (ин шумора дар соли 2020 - 891нафар.) нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои иҷтимоӣ- маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 нафар зиёд мебошанд.
Ҷиҳати ҳарчӣ бештар расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, одамони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти муайян ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки ҷамъ 214 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми соли 2021 ба 1003 нафар пиронсолону маъюбон (ин шумора дар соли 2020 - 1008 нафар буд) ва 67 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд (дар соли 2020 -73 нафар.) хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, маърифативу фарҳангӣ, миёнаравӣ-намояндагӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо ҳам алоқаманданд, расониданд. Дар марказҳо ба эҳтиёҷмандон на танҳо хизмати иҷтимоӣ расонида мешавад, инчунин шахсоне, ки ҷои зисти муайян надоранд, муваққатан ба мӯҳлати аз 3 то 6 моҳ бо ҷои зист ва се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Тибқи шартнома бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 48 адад марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд (нисбат ба соли 2020 - 6 адад зиёд), ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд ва дар давоми соли 2021 ба 5303 нафарро ба хизматрасонӣ фаро гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, давоми соли 2021 аз тарафи ҳамаи шабакаҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши муваққатӣ дар ҷумҳурӣ 11783 нафар ниёзмандон истифода намуданд.
Фаъолият дар самти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва кумакҳои яквақтаина ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат
Қайд бояд кард, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” механизми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҷиҳати таъмини муроҷиати шаҳрвандон барои таъини кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби Агентӣ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо бланкаҳои зарурӣ (ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи муроҷиаткунанда, маълумот дар бораи даромад ва молу амволи ҳамаи аъзои оила) ройгон таъмин карда мешаванд.
Бо мақсади ташакул додани махзани маълумот оид ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд, мониторинг ва ҳамоҳангсозии татбиқи низоми нави таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар сатҳи минтақаҳо (вилоят) Марказҳои минтақавии ҳамоҳангсозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Кӯлоб, Ҳуҷанд ва ноҳияи Рашт фаъолият доранд, ки бо таҷҳизоти кории замонавӣ ва 26 нафар мутахассисони соҳа таъмин буда ба гузаронидани мониторинг, мусоидати техникӣ ва воридкунии маълумоти шаҳрвандон ба системаи иттилоотӣ вобаста мебошанд.
Дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ 123 нафар кормандони Агентӣ дар вазифаи мутахассис коргузор дар Бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият менамоянд.
Зиёда аз 100 млн сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, ки бевосита барои расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ҷудо гардида буданд маблағгузорӣ шуда зиёда аз 220 ҳазор оилаҳои камбизоат аз кумакпулӣ бархурдор гардиданд.
Дар баробари расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар самти дастгирии иҷтимоӣ дар давраи пандемия ба оилаҳои камбизоат кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба таври фаврӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.
Дар марҳилаи аввал дар доираи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ аз 3 апрели соли 2020 (№D604-TJ) тавассути “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони синни то 3 сола ва дар марҳилаи дуюм бошад, тибқи Созишномаи молиявӣ “Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 21 майи соли 2021 (гранти Бонки умумиҷаҳонӣ №D777-TJ) бо имзо расонида шудаст ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони то синни 7 сола дошта ва ба оилаҳои камбизоати дорои кудакони аз 7 то 16-сола, ки сардори оила зан мебошад кумакпулӣ пардохт гардидааст.