Тавре ба ҳамагон маълум аст ҳамасола рӯзи 25 январ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №917 ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён аз номи роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи итимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи итимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони соҳаро ба «Рӯзи касбии кормандони меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» табрику муборакбод гуфта, барои ҳамагон саломатӣ, оромию осудагӣ, саодатмандӣ, бахту иқболи баланд, шавқату ҳамдилӣ, хушбахтӣ ва файзи рӯзгорро таманно дорам.
Тавре, ки аз таърихи давлатдориҳо маълум аст, ҳама вақт сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти давлатро аз рӯйи ташаккули соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарстор баҳогузорӣ менамуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад.
Агар то соли 1991 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ 54 ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекарданд, пас тайи 30 соли сипаригардида шумораи онҳо ба зиёда аз 110 муассиса расонида шудааст.
Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Қайд бояд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.
Яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд, зеро ин соҳа, яъне ғамхории доимӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.
Ин гӯфтаҳо мо кормандони соҳаро водор месозад, ки фаъолияти муассисаҳои соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоиро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешем.
Боварии комил дорам, ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри ояндаи некаш меҳнати шоиста менамоянд.
Бори дигар тамоми кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии ҷумҳуриро ба муносибати ин иди касбӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, баҳратон саломатии бардавом, рӯзгори обод, тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, хонаободӣ ва дар ин кори савобу нек - дастгирии қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ комёбиҳои беназирро орзумандам!
Бигузор Точикистони азизи мо зери ливои парафшони Парчами миллии худ таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба қуллаҳои баланди шукуфоиву тараққиёт расида, дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд.
Иди касбӣ муборак, ҳамкорони азиз!
Бо эҳтиром,
Директори Агентии давлатии
ҳифзи итимоии аҳолии Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи итимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
А. Холзода