Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва ҳаматарфаи қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан пиронсолону маъюбон, инчунин супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббии пешниҳодшавандаро барои бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ беҳтару босифаттар намоянд.

            Ҳамасола тибқи тартиби муқарраргардида бошандагони муассисаҳои будубоши доимии (хона-интернатҳои беморони рӯҳӣ ва пиронсолону маъюбон) зертобеъи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

         Имсол ҳам тибқи нақшаҳои кории Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои зертобеъи он бо мақсади беҳтарнамоии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ба бошандагон, амалӣ намудани корҳои профилактикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои беморони рӯҳӣ ва пиронсолону маъюбони зертобеъи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муоинаи тиббии тамоми бошандагон гузаронида шуда истодааст.

         Гузаронидани чунин муоинаҳои тиббии бошандагон баҳри муайян ё ки инкор намудани чунин бемориҳои сироятӣ, ҳамчун ВНМО, гепатитҳо ва сил ниҳоят зарур ва саривақтӣ мебошад.

         Имрузҳо бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент» аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд ва дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморонии рӯҳии ноҳияи Восеъ» бошандагон аз муоинаи тиббӣ ва муоинаи флюорографӣ барои муайян ё инкор намудани бемории сил гузаронида шуданд.

         Гузаронидани бошандагон аз муоинаи тиббӣ дар ҳамаи муассисаҳои будубоши доимӣ идома дода шуда, роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои зертобеъи он минбаъд ҳам саъю кӯшиш менамоянд, ки ин хизматрасониҳоро саривақтӣ ва босифат ба бошандагон пешниҳод намоянд.