17 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ семинари машваратӣ бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ, намояндаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, мудирон ва мутахассисон коргузорони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ гузаронида шуда, дар рафти он натиҷаи мониторинг, таҳлилу омӯзиши гузаронидашудаи мутахассисони Агентӣ вобаста ба иҷрои қонунҳо ва қарорҳои соҳавӣ дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Варзоб баррасӣ гардид.
Ба иштирокчиёни семинари мазкур маводи иттилоотонӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқи дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли китобча, буклет оид ба кумакҳои иҷтимоӣ, ки ба таври саволу ҷавоб таҳия карда шудааст барои корбари ва иттилоотони аҳолӣ пешниҳод карда шуд.