Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  амалишавии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ барои ҳамкорӣ байни “Барномаи USAID оид ба лоиҳаи озуқаворӣ ба хотири оянда дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ корҳоро ба анчом расонида истодааст.

        Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Ёддошти мазкур  ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагии Лоиҳа   25 феврали соли 2022 Нақшаи фаъолияти якҷояи  Агентӣ  ва «Лоиҳаи озуқаворӣ ба хотири оянда дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ» -ро ба имзо расониданд.

         Мувофиқи нақша  машварати кории ду ҷониб  оид ба  пешрафти фаъолият дар самти пешбинигардида баргузор гардида, аз руи бандҳои  вобаста  чунин корҳо анҷом  дода шуданд:

       

  

   Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

-тибқи   банди дахлдор  корбарӣ дар самти мубодилаи  иттилоот бо шаҳру ноҳияҳои  мақсаднок, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 12 шаҳру ноҳия - шаҳри Леваканд, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон,  А.Ҷомӣ,  Кушониён,  Вахш, Ҷ.Балхи,  Дӯстӣ,  Ҷайҳун,  Қабодиён,  Шаҳритус ва Носири Хусрав  ба роҳ монда шуда, мунтазам идома дорад;

- ба  Лоиҳа руйхати ном ба номи оилаҳои камбизоат  аз шаҳри Леваканд, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон,  А.Ҷомӣ,  Кӯшониён,  Вахш, Ҷ.Балхи,  Дӯстӣ,  Ҷайҳун,  Қабодиён,  Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон барои  корбарӣ пешниҳод карда шуд;

-  маълумот оид ба доштани масоҳати   замин, аз ҷумла замини наздиҳавлигии оилаҳои камбизоат, ки  дар системаи иттилоотӣ  (АСИСТ) ворид ва ба қайд гирифта шудааст, таҳия шуда бо нишон додани суроғаи ҷои истиқомат ва ному насаби сардори  оилаи камбизоат дастраси Лоиҳа  гардонида шуд.

  

Лоиҳаи озуқаворӣ ба хотири оянда дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ тибқи ҳисоботи пешниҳоднамуда:

- Лоиҳа афзоиши даромад ва сатҳи ғизои хонаводаҳоро тавассути парвариши паррандапарварии оилавӣ барои истеҳсоли тухм беҳтар мекунад. Паррандапарварии оилавӣ як воситаи камхарҷ, самаранок ва устувори саҳмгузорӣ дар сатҳи ғизои хонавода ва манбаи иловагии даромад барои хонаводаҳои осебпазир, бахусус занон мебошад. Дар охири моҳи март дар 10 деҳа дар минтақаи амали Лоиҳа 141 занон аз оилаҳои камбизоат ба ҳар кадоме аз онҳо 19 мурғ, 1 хурӯс ва 120 кг хӯроки омехта  тақсим карда шуд. Дар маҷмуъ  2679 мурғ, 141 хурӯс ва 16 920 кг хӯроки омехта тақсимот карда шудааст;

-  занҳо аз байторони маҳаллӣ оид ба идоракунии дурусти паррандапарвари (мурғ) таълим гирифта, ба онҳо усул ва роҳҳои  сохтани  қуттиҳои таҳхона барои мурғон ва ҷойи нигаҳдошти онҳо (мурғхона)  омӯзонида шуд.

Натиҷаҳои фаъолияти ду ҷониб  дар ин самт:

-                      оилаҳои камбизоат  бо роҳи гузаронидани  ҷамъомаду машварат дар сатҳи ҷамоатҳо аз   фаъолияти Лоиҳаи мазкур  огоҳӣ пайдо карда  бевосита ба  намояндагии он фаъолона муроҷиат намуда истодаанд;

-                      тибқи гузориши  оилаҳои  камбизоат  ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 15 дона тухм мегиранд ва ба ҳар як хонавода барои ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додани истеъмоли сафеда, беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва ба даст овардани даромади иловагӣ аз ҳисоби фурӯши тухми зиёдатӣ кӯмаки аввалия  расониданд. USAID натиҷаҳои ин фаъолиятро назорат мекунад ва беҳбуди вазъи зиндагии бенефитсиарҳоро дар моҳҳои оянда пайгирӣ мекунад ва нақша дорад, ки барномаро дар тирамоҳ ба деҳаҳои иловагии Хатлон васеъ намояд.

Давоми моҳҳои май ва июни соли 2022 тибқи нақша дар доираи фаъолият лоиҳа таслим гирифтааст ки тухмиҳои мош ва каду, инчунин нуриҳои минералиро ба хонаводаҳои осебпазири 12 ноҳияҳои ҳадафи шаҳри Леваканд, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон,  А.Ҷомӣ,  Кӯшониён,  Вахш, Ҷ.Балхи,  Дӯстӣ,  Ҷайҳун,  Қабодиён,  Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон амали намояд. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ҳамкориҳо бо  Лоиҳа дар тақсимоти тухми ва нурии минерали ба оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Ёвон иштирок дошта, мунтазам дар чунин чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд.