Ҳамасола рӯзи 25 январ тибқи Ќонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №917 ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.

Бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таърихи 24 январи соли 2023 дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оиди бурду бохтҳо дар фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суханронӣ намуданд. Инчунин оиди дастгириҳо ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарнамоии сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии ҳамешагии қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан маъюбон, ятимони кулл, барҷомондагону бесаробонмондагон ва оилаҳои камбизоат зикр намуданд.

Дар давоми маҷлиси тантанавӣ ҷиҳати иқдомҳои нави Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду пешрафти соҳа ва дастгирии минбаъдаи гурӯҳҳои зикргардидаи аҳолӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таърихи 23 декабри соли 2022 садо доданд, гуфта шуда, таъкид гардид, ки вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташуда аз кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз пештара масъулияти дучанду фаъолияти беҳтару хубтарро талаб менамояд. 

Дар давоми маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирокдорони маҷлисро ва дар симои онҳо кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро ба муносибати иди касбӣ табрику муборакбод намуда, кормандони фаъоли соҳаро, ки дар давоми фаъолият хубу бенуқсон фаъолият намудаанд, бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.

 

Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зикр намуданд, ки боварии комил бар он доранд, ки кормандони соҳа ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри  ояндаи неки кишвар меҳнати шоиста намуда ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз мегиранд.