Дар ин раванд барои бењтар намудани вазъи иљтимоии шањрвандон ва оилањои камбизоат як ќатор санадњои меъёрии њуќуќї низ ба тасвиб расидааст.

Аз љумла:

·     Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи кумакњои унвонии иљтимої”, ки 24 феврали соли 2017 ба имзо расида аз 1 январи соли 2018 мавриди амал ќарор дорад.

·     Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи љорї намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон»

 

Кумакпулии унвонии иљтимої ба таври таљрибавї дар 2 шањру ноњияи љумњурї соли 2011 љорї шуда, ки дар солњои баъдї марњила ба марњила дар тамоми 68 шањру ноњияњои љумњурї низоми нави расонидани кумакпулии мазкур амали карда шуд. Механизми мазкур нисбати ќарорњои пештар амалкунада дар ин самт, бартарият ва афзалият (зиёд шудани њаљми кумакпулї) нишон дод, ки он дар соли 2020 дар сатњи миллї љорї гардид.

Андозаи кумакпулии унвонии иљтимої дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи љорї намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иљтимої дар Љумњурии Тољикистон» то 1 июли соли 2023 дар њаљми 8 нишондињанда барои њисобњо дар маљмуъ дар њаљми 544 сомонї пардохт мегардид. Яъне кумакпулї барои як оила ва шањрванди камбизоат аз рўзи таъин дар муддати дувоздањ моњ дар њаљми 8 (њашт) нишондињанда барои њисобњоро ташкил дода, њар семоња дар њаљми 2 (ду) нишондињанда барои њисобњо пардохт мегардид.

Ба ќарори мазкур бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 23 ноябри соли 2022, №548 «Дар бораи ворид намудани таѓйиру илова ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 14 майи соли 2020, №271» таѓироту иловањо ворид карда шуд:

-  аз 1 июли соли 2023 андозаи кумакпулии унвонии иљтимої 9 нишондињанда барои њисобњо ва барои њар кўдаки то синни 16 сола 0,5 нишондињанда њар се моњ ба андозаи 25 фоиз;

-  аз 1 январи соли 2024 андозаи кумакпулии унвонии иљтимої 10 нишондињанда барои њисобњо ва барои њар кўдаки то синни 16 сола 1 нишондињанда њар се моњ ба андозаи 25 фоиз;

-  аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иљтимої 11 нишондињанда барои њисобњо ва барои њар кўдаки то синни 16 сола 2 нишондињанда њар се моњ ба андозаи 25 фоиз;

 

Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи кумакњои унвонии иљтимої”  кумакњои унвонии иљтимоиро дар 2 шакл пешбинї намудааст (моддаи 11 ќонуни мазкур):

Кумаки пулї бошад дар навбати худ ба 2 намуд - кумакпулии унвонии иљтимої ва кумакпулии иљтимоии якваќтаина, ба оилањои камбизоат таъин ва пардохт карда мешавад.

 

 

Дар самти дастгирии иљтимоии шањрвандон ва оилањои камбизоат, ки кумакпулии унвонии иљтимої ба онњо мунтазам таъин ва пардохт мегардад, дастгирии иловагї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон њамчун кумакпулии иљтимоии якваќтаина (якдафъаина) пардохт мегардад.

Чунин кумакпулии иљтимоии якваќтаина ба оилањои камбизоат шуруъ аз соли 2020 њамчун дастгирии иљтимоии иловагии давлатї тули 4 сол ба якчанд гурўњи оилањои ниёзманд кумакпулии иљтимоии якваќтаина расонида шуда истодааст.

Аз љумла:

Тибќи Созишномаи молиявї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон  ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд аз 30 июни соли 2023 ва “Дастурамал дар бораи таъин ва пардохти кумаки  якваќтаи иљтимої ба гуруњњои осебпазири ањолї”  ки аз тарафи Вазорати  тандурустї  ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст, ки соли љорї ба 110 њазор оилањои камбизоат пардохти кумакпулии якваќтаи иљтимої ба назар гирифташуда дар марњилаи аввал ба чунин оилањо дастрас карда мешавад:

- ба 48771 оилањои камбизоат, ки дар њайати худ 3 нафар ё зиёда аз он кўдакони то синни 16-сола доранд;

- ба 823-  оилањои камбизоат, ки дар њайати худ 2 ва ё зиёда нафар шахсони маъюб доранд;

- ба 14791 оилањои камбизоат, ки дар њайати худ шахсони пиронсоли синни аз 65 сола доранд.

 

Тибќи Дастурамалї мазкур дар марњилаи аввал ба 64385 шањрвандони камбизоат (оилањо) дар њаљми 38631000 сомонї тавассути Амонатбонк кумакпулии якваќта ба тариќи наќдї пардохт карда шуда истодааст.

 

 

Ќайд намуд зарур аст, ки Асосгузори Сулњу Вањдати Миллї Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар Паёми њамасолаи худ ба Маљлиси олї нисбати дастгирии гуруњњои эњтиёљманди кишвар, аз љумла кўдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилањои камбизоат ва гирандагони нафаќаи иљтимої кумаки молиявї ибрози назар менамояд.

Агентии давлатии њифзи иљтимоии ањолї дар партави дастурњои Пешвои миллат љињати амалї намудани сиёсати иљтимоии давлат тамоми тадбирњои заруриро роњандої намуда, вобаста ба сари ваќт таъин ва пардохт намудани кумакпулии унвонии иљтимої ва кумакпулии якваќтаи иљтимої ба ањолї ниёзманд чорањои зарурї меандешад.