9 май ба ифтихори 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

 

 

Рӯзи Ғалаба  Иди ғалаба аз болои миллатгароён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошадРӯзи 9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон њамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастандки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардандРӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорадОн барои тамоми инсониятаз ҷумла мо  тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ астҲазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона иштирок варзидааз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаандОнҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо мубориза бурда корнамоиҳои бузург нишон додазиёда аз 92 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.

Барои тарбияи насли навраси Тољикистон  донистани  таърихи ин иди бузург  нињоят муњим аст. Аз ин рў, дар борабари  адабиёте, ки аз таърихи гузаштањо ба љавонон дарс  шудааст, ба ин васила  дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст.

 Имрўз њама якдилона дар пањлуи Ветеранњои љанг истода ба онњо саломатї,  рузгори обод таманно дорем. Ба  онњо миннатдорї ва арзи сипос намуда, ва он суханоне, ки доим дар гушаи хаёли   инсоният садо медињанд:  Гуфтанием «Њељ кас ва њељ чиз фаромўш нахоњад шуд»

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагї, шуљоати Шумо  имрӯз барои моки истиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор аст.  Мо  њадафи асосии худро  бањри бунёдкорї ва  созандагии Тоҷикистони азиз  қарор дода кўшиш менамоем, ки  сазовори   фарзандии ин диёру халќ бошем.

Бигузор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Иди Ѓалаба – муборак њамдиёрони азиз!

 

Директори Агентиии давлатии њифзи иљтимоии ањолї

Холзода Абдулњаким Ќувват.

 

           Рўзи Ѓалаба-  вохўри бо иштирокчиён ва маъюбони Љанги Бузурги Ватанї

(сипос  ва дастгирии иљтимої)

              бо дастгирии  Агентии  Туркия «ТИКA» ва маркази савдои «АШАН»