Муҳтарам роҳбарият, кормандон, ва бошандагон,

 

              Бо арзи эҳтиром ва самимияти бепоён аз номи роҳбарият ва кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати ҷашни 26 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон оромию осудагӣ, саодатмандӣ, бахту иќболи баланд, шавќату ҳамдилӣ, комёбиҳои беназир, хушбахтӣ ва файзи рӯзгорро таманно дорем. 

            Чихеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд кардан,  «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

          Инак  6-ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми Тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин руз бо роҳи райпурсии умумихалқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон– Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол 24 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. 

         Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имруз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилали ҷавобгу мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба (26-сентябри соли 1999-ум ва 22-июни соли 2003-юм) бо роҳи райпурсии умумихалқи тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. 

          Дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуда дар навбати аввал ва зери ҳимоя давлат қарор дорад. Зарурати қабули конститутсияи нав бо ба даст омадани истиқлолияти кишвар ба миён омад. Дар баробари ин дигаргуниҳои хеле ҷиддии олам тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад. Талаботи дигар ин вазъи худи замони муосир буд, ки хоҳу нохоҳ ин санади муҳимро тақозо мекард. Зеро дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати  муаяйн сохтани  сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шахрванд, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чихеле дар боло кайд карда шуда буд, харчанд қаблан мо дорои чунин санад будем ҳам, аммо он пурра ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хоричии давлати мухтори тоҷиконро ба миён овард.

             Қайд кардан ба маврид аст, ки дар моддаи 1-и Конститутся омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

          Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Бо ғамхории Ассосгузори Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шахсони яккаву танҳо, пиронсолон ва маъюбон хона-интернатҳо фаъолият мекунанд то ин ки давлат барои онҳо шароити зиндагии арзандаро фароҳам орад. 

           Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлатро дар сатҳи баланд пеш барад.

         Бори дигар 26 - уимин солгарди ќабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо табрик ва муборакбод гуфта, баҳратон саломатии бардавом, рӯзгори обод, тансиҳатӣ, умри дарози бобаракат, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

          

                                Бо  эҳтиром,

                  Директори Агентии давлатии

                        ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ                                                                                                                                                                                                                                  Холзода А.Қ.