Вохурӣ

дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри

Душанбе вобаста ба рафти татбиқи механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

 

Рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба рафти татбиқи механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин ҷиҳати саривақт анҷом додани пардохтҳои яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то сини 3 сола доранд, вохурии масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода доир гардид. Дар вохурии мазкур  Ҷамшед Каримов -  менеҷери “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Гулрафтор Абдурасулова – сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дар рафти суҳбат махсус қайд карда шуд, ки бо вуҷуди он, ки механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бар ивази ду механизми қаблӣ: пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ва кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ҷорӣ карда шудааст, аммо ин низом хусусиятҳои хоси худро доро мебошад ва дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо масъулони сохторҳои маҳалӣ ва фаъолони пойтахт тақозо мекунад. Инчунин, ҷонибҳо зикр намуданд, ки дар сатҳи маҳал татбиқкунандаи барномаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, раёсатҳои хоҷагии манзилӣ ва кумитаҳои маҳал маҳсуб меёбанд.

Дар баробари ин, қайд карда шуд, ки дар давраи паҳншавии вируси COVID-19, бинобар маҳдуд гаштани имконоти моддии хонаводаҳои камбизоат аз болоравии нархи озуқа ва аз меъёри муқаррарӣ кам додани маводи ғизоӣ ба кӯдакони хурдсол, ки ба рушти ҷисмонӣ ва солимии онҳо таъсири манфӣ расонида,  онҳо ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи маблағгузории грантӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ тавассути “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоиро ба чунин оилаҳо оғоз намуд. Кумакпулии иҷтимоии якдафъаина дар ҳаҷми  500 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Дар робита ба ин, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ҳар як ноҳияи ҳудуди шаҳр чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотии низоми мазкурро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳалӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма (телевизион, радио) ба роҳ монад.

Дар баробари ин, аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои маҳалии алоқаманд дар самти расонидани кумакпулиҳои иҷтимоӣ  ба оилаҳои камбизоат дар ҳудуди пойтахти кишвар Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои иҷтимоиро таъсис диҳад. Марказ мутамарказгардонии вазифаҳои воридкунӣ ва коркарди маълумоти шаҳрвандон, ки барои гирифтани кумакпулиҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, инчунин дигар вазифаҳои мусоидати техникии татбиқи барнома, мониторинг ва баҳодиҳии механизми мазкурро ба роҳ мемонад.

Аз ин рӯ, аз мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоҳиш ба амал оварда шуд, ки барои ҷойгир намудани Марказ ҳуҷраҳои корӣ ҷудо намояд. Таҷҳизонидани Маркази ҳамоҳангсозӣ бо таҷхизоти компютерӣ ва пайвасткунӣ ба шабакаи интернет аз ҳисоби маблағҳои Лоиҳаи таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоии назди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешавад.

Дар рафти вохурӣ изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби мутассадиёни идораҳои коммуналию манзилӣ ва ё кумитаи маҳал барои додани шакли варақаҳои (бланкаҳои) зарурӣ барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз шаҳрвандони камбизоат маблағ ситонида мешавад, гарчанде ки ин шакли варақаҳо бояд ройгон дода шаванд.

Дар иртибот ба ин қайд намуд, ки шакли варақаҳо барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табъу нашр гардида, баъдан ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастрас ва баъдан ба ҳама  идораи коммуналию манзилӣ расонида мешаванд.

Дар фарҷоми вохурӣ, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати ҳали масъалаҳои зикргардида дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мусоидат намояд.