ҚАДРДОНӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХУБУ БОСАМАРИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Ҳамасола рӯзи 25 январ тибқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, №917 ҳамчун Рӯзи касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мегардад.
Бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таърихи 24 январи соли 2023 дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оиди бурду бохтҳо дар фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суханронӣ намуданд. Инчунин оиди дастгириҳо ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарнамоии сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва дастгирии ҳамешагии қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан маъюбон, ятимони кулл, барҷомондагону бесаробонмондагон ва оилаҳои камбизоат зикр намуданд.
- Дида шуд: 697
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2022 ВА НАҚШАҲО БАРОИ ОЯНДА
24 декабри соли 2022 ҷаласаи Шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии мавзӯи «Ҷамъбасти фаъолияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2023» доир гардид.
- Дида шуд: 662